Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2026-07-18 17:05:45

БАРДОШТУ ТААССУРОТ АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ (Дар ҳошияи “Ёддоштҳо”-и муҳаққиқ, сиёсатшинос ва адиби пуркори миллӣ устод Саймумин Ятимов)

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,

президенти  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

академик

 

БАРДОШТУ ТААССУРОТ

АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ

 

(Дар ҳошияи “Ёддоштҳо”-и муҳаққиқ, сиёсатшинос

ва адиби пуркори миллӣ устод Саймумин Ятимов)

 

Аз охири солҳои навадуми садаи бист шуруъ карда, миёни ҳавзаҳои илмию фаннӣ ва доираҳои адабию мадании ватанӣ исми донишманд, муҳаққиқ ва коршиноси масоили илмӣ, сиёсию мафкуравӣ Саймумин Ятимов маъруф мегардад ва бадин минвол, то имрӯз ин шахсияти илмию фалсафӣ ва сиёсию маданӣ бо самимияти калом ва масъулияти тамом дар ҷодаи илму фарҳангу адаби миллӣ пайгиронаву муваффақона хомафарсоӣ мекунад.

 

Ихтисоси аввалия ва бунёдии профессор С. Ятимов филолог аст ва бо он ки тайи фаъолияти минбаъдаи расмию давлатӣ тахассусҳои дигареро соҳиб шудааст, аз ихтисоси аввалияш канор нагирифта, ҳамеша бар мабнои салиқаи адабӣ ва завқи бадеию эстетикӣ пайи эҷод мебошад.

Таълифи адабию бадеиро дар ҳамоҳангӣ бо равиши илмию фалсафӣ мепазирад ва он чӣ навиштаву менависад, ҳамагӣ бар асоси мантиқу фалсафа ва ба истилоҳ, қонунмандиҳои диалектикӣ қаламӣ шудаанд.

Мусалламан, донишманди тоҷик Саймумин Ятимов, фори аз маъмуриёти давлатӣ ва умури илмӣ, дар анвои гуногуни адабӣ, аз ҷумла, достоннависӣ табъу салиқаи худро озмуда ва инак, дар масири  ёддоштнависӣ гомҳои устувор бардоштааст.

Чун аз улум ва равандҳои адабии муосир хуб огоҳ аст, сабки тасвирнигории ҷолиб дорад ва ба хотири хаста нашудани хонанда лаҳазоти рангину муассири  умрашро кӯтоҳу равшан қисса намуда, баъзан, бо руҷуъҳои лирикӣ кулли бобу бахшҳои “Ёддоштҳо”-ро унвони зебои бадеӣ додааст.

Ин навъ нигориш, аз як тараф, хондани китобро саҳлу осон гардонад, аз ҷониби дигар, хастагии хонандаро рафъ месозад ва вазъи гузариш аз як бахш ба бахши дигари ёддошту хотиротро бароҳат менамояд.

Албатта, дар баробари адибону нависандагону шоирон, нафарони дигар касбу кор ҳам, бо шумули файласуфону мутафаккирон, донишмандону муҳаққиқон, рӯзноманигорону муҳандисон, сиёсатмадорону давлатмардон ва соири эҷодкорон дар ростои ба қалам овардани хотираҳои хеш ибтикор кардаанд.

Дар зимн, ҳадафи бисёре аз ёддоштнависону хотиранигорони ватанию хориҷӣ, олибан ба намоиш гузоштани ҳунару тавонмандии эҷодии худ нест. Балки ҳадафи асосӣ рӯйи коаз овардани лаҳазоти рангини ҳаётӣ ва печутобҳои муассири зиндагӣ, натиҷабардорӣ аз таҷрибаи ҳаётӣ ва бо чашми ибрат нигаристан ба камбуду нуқсонҳои фардиву ҷамъиятӣ буду ҳаст.

Намунаи ин гуна ташаббусро дар адабу фарҳанги миллӣ устод Айнӣ (ниг.: Айнӣ С., Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, 2009. –680 саҳ.), Сотим Улузода (ниг.: С. Улузода, Субҳи ҷавонии мо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1956. – 358 саҳ.), Ҷалол Икромӣ (ниг.: Ҷ. Икромӣ. Он чӣ аз сар гузашт. Ёддоштҳо. –Душанбе, 2009. – 360 саҳ.),  Худойназар Асозода (Достони зиндагӣ дар 6 ҷилд) ва дигарон анҷом додаанд.

Овозадортарин фармондеҳи Артиши Шуравӣ Георгий Константинович Жуков ҳам саргузашту корномаҳои хешро дар ду ҷилд таҳти унвони “Ёддоштҳо ва андешаҳо” (ниг.: Жуков Г. К., Воспоминания и размышления. – М.: Издательство АПН, 1969. – 735 с.) рӯйи чоп овардааст.

Саймумин Ятимов ҳам ба жанри ёддоштию хотиротӣ майл намуда, мунтахаби лаҳазоти зиндагиашро дар ду қисм рӯйи коаз овардаву нашр кардааст (муфассал таваҷҷуҳ шавад: С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. – 672 cаҳ.; С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 2. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. – 704 cаҳ.), ки мо сари  қисми якум таассуротамонро ироа менамоем.

Қаблан, изҳор медорем, ки “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов фарогири мавзуъ ва масоили умдаву умумии доманадор мебошанд. Ва наметавон дар доираи як матлаб сари кулли онҳо тамаркуз намуд. Бинобар ин, феълан назари хешро дар робита бо муҳтавои қисми якуми “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов  ба таври мухтасар баён мекунем:

Якум. Аз муруру мутолеаи “Ёддоштҳо” бармеояд, ки муаллиф, воқеан, дар сатҳи як нависандаи муосири миллӣ мавзӯот ва масоили ҳассосу хотирмони зиндагиро баррасӣ карда, дар бозтобу тасвири ҳодисаҳои рӯзгор ва лаҳазоти пурмоҷарои умр муваффақ шудааст.

Силсиламушаххасоти ҳирфаие монанди сабки вежаи адабӣ, салиқаи махсуси эҷодӣ, шеваи зебои вожагузинию портретофаринӣ, назокати дарки масъалаҳои фарҳангӣ ва равиши илмии мунҳасир ба фарди фикрӣ иҷоза медиҳанд, ки ӯро дар симати як нависандаи матраҳи миллӣ ном бубарем. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар ҷараёни нигориши матлаб аз профессор С. Ятимов ба унвони нависанда ёд мекунем.

Дувум. Ба ин минвол, нависанда С. Ятимов бо такя ба таҷрибаи ёддоштнависии миллию фаромиллӣ ба қаламӣ кардани хотироти хеш мепардозад.

Мавсуф дар муқаддимаи қисми якуми “Ёддоштҳо” менависад: “Дар атрофи таълифи зиндагинома чанд соли ахир андеша кардам ва ба хулосае омадам: вақти он расидааст, ки ба ҳамватанон дар бораи он чӣ аз сар гузашт, ибрози назар дошта бошам” (ниг.: С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Душанбе: “Эко-Принт”, 2024. – С. 3). Ин таъкиди муқаддимотӣ тазаккуроти аввалияи устод Айниро дар “Ёддоштҳо”, ки таҷрибаи ҳаётии устодро дарбар гирифтааст, ба ёд меоварад.

Садриддин Айнӣ дар ин замина ишора мефармояд, ки бо гузашти умр ва касби таҷрибаи зиндагӣ вақту фурсати навиштани ёддоштҳо фароҳам омадааст (ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо. – Қисмҳои 1, 2. –Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1954. – С. 5).

Бо таваҷҷуҳ ба ин, нависанда С. Ятимов дар пайравӣ ба устод Айнӣ ва эътимоду ихлос ба ин қаҳрамони миллат китоби ёддошти   худро дар ду қисм ба табъ расонда, кӯшидааст, ки сарнавишт ва рӯзгори хешро, ки аз маҷмуаи ҳаводиси талху ширин таркиб ёфтаанд, гирди ҳам ҷамъ оварда, манзури доираи васеи хонандагон гардонад.

Нависанда Саймумин Ятимов ба устод Айнӣ ихлосу иродати зиёд дошта, китоби “Ёддоштҳо”-и ӯро ҳамеша мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, нукоти зарурии илмиеро бар мабнои ин китоби пурарзиши миллӣ дар қолаби мақолаву мутолиботи зиёди илмӣ ва илмию оммавӣ ироа кардааст.

Чанд моҳ қабл, адабиётшинос мақолаи ҷиддии илмию пажӯҳишиашро таҳти унвони “Устод Айнӣ ва инқилоби маданӣ” (таваҷҷуҳ шавад ба: С. Ятимов. Устод Айнӣ ва инқилоби маданӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (40), 2025. –С. 5-29) ба табъ расонд. Бар асоси далелу рақамҳои санҷидашудаи таърихию илмӣ зарурати эҳёву бозсозии барномаи инқилоби маданиеро, ки устод Айнӣ дар охири замони амирсолорӣ ва муҳити сохтори сотсиалистӣ оозу роҳандозӣ карда, муваффақ гардида буд, дар шароит ва замони нави таърихӣ, дар баробари таҳоҷумоти мафкуравӣ, бархӯрдҳои тунди сиёсию тамаддунӣ таъкид намуд. 

Бахши муҳиме аз ибтикороти устод Айнӣ дар заминаи инқилоби фикрию маданӣ дар китоби “Ёддоштҳо” тазаккур ёфтаанд. Профессор Саймумин  Ятимов ҳам, чун пайрави содиқу вафодори устод Айнӣ ҳадаф гузоштааст, ки дар қолаби насри бадеию илмию таърихӣ як  асари ёддоштию хотиротӣ таълиф намуда, зимни баёноти саргузашти фардӣ, ҳамчунин, мавзуъ ва масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, таърихофаринӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва байналмилалиро матраҳ сохта, дар ин замина, муҳокимаю хулосабандиҳои ҷолиби адабӣ, илмӣ ва публитсистии худро дар хидмати доираи васеи хонандагон қарор диҳад.

Гузашта аз ин, нависанда С. Ятимов дар бахши “Равонро зи дониш ҳама ҷавшан аст”-и “Ёддоштҳо” (Қисми 1, саҳ. 290-292) иродати қавӣ доштанашро ба устод Айнӣ аз даврони таҳсилоти мактаби миёнаи умумӣ ихлосу изҳор дошта, аз ҷумла бар он таъкид меварзад, ки осори Айнӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ, тақвияти завқи бадеию эстетикӣ, шинохту дарки ҳаводиси рӯзгору зиндагӣ, муҳим будани донишу маърифати инсонӣ, зарурати маорифпарварии миллӣ ва ҳадафгирии дурустҳисобӣ барояш мусоидат кардаву сахт ҷолибу ангезабахш будаанд. Ин аст, ки иброз медорад: “Ба ҷаҳонбинии ман аз ҳама зиёдтар асарҳои устод Садриддин Айнӣ таъсир расонданд. Махсусан, давраҳои наврасӣ, ҷавонӣ, омилҳо ва ҷараёни таҳаввулоти фикрии ӯ, оози мубориза барои ҳаёти маорифпарварона, тариби мактаб, даъватҳо ба мақсади рӯ ба илму дониш овардан, мазаммати хурофот, ҷаҳлу нодонӣ, ки сарчашмаи тамоми бадбахтиҳои инсон мебошанд, дар интихоби ҷодаи ҳаёт барои ман муассир буданд” (Ҳамон ҷо, с. 291).

Севум. Дар маҷмуъ, қисми якуми “Ёддоштҳо”-и нависанда С. Ятимов (ниг.: С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. – 672 cаҳ.) мунтахаби лаҳазоти умри хешро аз чаҳорсолагӣ то ба бозгашт аз таҳсилоти Курсҳои олии тахассусии Минск  нақл намуда, дар ин миён масъалаҳои умдаи хонаводагӣ, маҳаллӣ, музофотӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, маърифатӣ, тарбиятӣ, ҳувиятӣ, маданӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва фалсафиро вобаста ба шароити зиндагӣ, муҳит ва фазои иҷтимоии фардиву ҷамъиятии давр мавриди тасвир қарор медиҳад.

Дарвоқеъ, ин марҳалаи зиндагӣ дар қисми якуми китоби “Ёддоштҳо” аз муҳити хонаводагӣ, ҳавзаи деҳотӣ, фазои маҳаллӣ, айёми бачагӣ, даврони мактабӣ, давутози наврасӣ, шеваи дарсомӯзӣ, шароити касбинтихобкунӣ, устодони барҷастаи касби муаллимии маҳаллӣ ва донишгоҳӣ ооз гардида, то замони аскарӣ, пайвастан ба фазои муаллимӣ идома ёфта, бо қиссаи вуруд ба кори мақомоти бехатарии давлатӣ анҷом мепазирад.

То ба ин марҳалаи зиндагӣ расидан, муаллиф ранҷу машаққатҳои зиёдеро таҳаммул карда, марҳала ба марҳала ба таври тадриҷӣ шахсияти худро ташаккул ва такмил додааст.

Ҳар як лаҳзаи рӯзгори нависанда, бо таваҷҷуҳ ба арзишмандии умр ва зиндагӣ омӯзанда ва ибратбахш аст.

Бисёре аз лаҳазоти  сарнавишти муаллиф, ки бо талошҳои фардӣ, таҷрибаю сахткӯшиҳои шахсӣ дар роҳи расидан ба ҳадафу мақсад ва дар ниҳоят, дар ҷомеа мақому ҷойгоҳи шоиста касб намудан тавъаманд, на танҳо дар шинохти шахсияти нависанда ба мо кумак мерасонанд, балки дар шаклгирии ҷаҳонбинию тафаккури илмию мантиқии насли наврасу ҷавони миллат ҳамчун намуна ва манбаи зарурии омӯзишию таҳлилию таҷрибаандӯзӣ мусоидат менамоянд.

Чаҳорум. Тафовути ёддошту хотироти соири адибону шоирону нависандагону рӯзноманигорону донишмандону низомиёну сарлашкарон аз ёддоштҳои С. Ятимов дар он аст, ки мавсуф дар тасвири ҳар лаҳзаи зиндагӣ ва саргузашти рӯзгори фардию ҷамъӣ, ҳатман ба илму мантиқ таваҷҷуҳ мекунад ва бар мабнои ҷаҳоншиносии илмию фалсафӣ хулосабандӣ менамояд.

Аз сӯйи дигар, нависанда равиш ва ба истилоҳ, методологияи илмиро дар баёни ҳаводиси зиндагӣ ҳаргиз раҳо накарда, ҳангоми нақли воқеаҳо ва баррасии мавзуоти зарурӣ, ҳатман, бар таъкиду хулосаҳои бузургони илму фалсафаи ҷаҳонӣ такя менамояд. Ин аст, ки аз ибтидои китоб то ба интиҳо равиш, сабк, шева ва тарзи баёни илмию мантиқию фалсафиро дунбол мекунад ва аз ин тариқ, чархаи саргузашташро ба ҳаракат медарорад.

Панҷум. Нависанда дар эҷоди ёддошту хотирот аз насрҳои бадеӣ – фалсафӣ, бадеӣ – таърихӣ ва бадеӣ – илмӣ кор гирифта, анвои насрро як навъ омехта ва онҳоро дар муносиботи системавӣ (алоқамандӣ, ҳамбастагӣ, вобастагӣ бо тамоюли мухторияти фикрӣ) қарор додааст, ки ниҳоят ҷолибу хонданӣ баромада, доираҳои мутолеотии мо бидуни ишколе аз ин навъи насри бадеию илмӣ истифода ва зимни мутолаа, усулан, лаззат ҳам мебаранд.

Аз тарафи дигар, нависанда  лаҳазоти интихобкардаи зиндагӣ, дар маҷмуъ,  саргузашташро бар мабнои далелҳои илмию тахассусӣ ва мантиқи фалсафӣ манзур намудааст. Ҳатто дар мавриди кӯчактарин ва ҷузъитарин мавзуъ ва масъала, аз мавқеияти илмӣ кор гирифта, ҳаргиз намегузорад, ки дар масири тасвири хотироту ёддоштҳо ҳам хурофотдовариҳо роҳ ёбанд ва бинои илму фалсафа садама бинад.

Шашум. Нависанда танҳо он лаҳза, пора ва қисматҳои зиндагиашро рӯйи коаз овардааст, ки дар ташаккул ва рушди шахсияташ корсозу муассир будаанд.

Албатта, муаллиф метавонист, мисли профессор Худойназар Асозода дар китоби шашҷилдаи ёддоштии “Достони зиндагӣ”, сол ба сол ва ҳатто ҷузъиёти калидии рӯзгори фардиашро дарҷ созад.

Аммо онро зарур нашуморида, танҳо он лаҳазоти  муассиреро аз хилоли хотирот ёдовар шудааст, ки судманд ва муфид донистааст. Аз сӯйи дигар, муаллиф ҳаводис ва воқеаҳои гавҳарбору ҳассоси рӯзгори худро на дар қолаби насри хушки илмию фаннӣ,  балки бо бадеиёти махсус ва дар доираи талаботи насри бадеию фалсафӣ матраҳ кардааст.

 Дар бисёр мавридҳо хотироти нависанда ҷанбаи фалсафӣ, илмию фаннӣ ва тахассусиву таҳлилро  мегиранд.

Масалан, вақте ки дар бораи фазову вақт ҳамчун категорияи фалсафӣ суҳбат мекунад ва ё ин ки зимни тасвироти муҳити мактабию донишгоҳӣ аз истилоҳоти сирф илмӣ ва истилоҳоти фалсафӣ кор мегирад, бемуҳобо, ин навъ тасвиргарию мавқеъгирӣ аз дидгоҳи илмию фалсафии муаллиф далолат мекунад.

Маҳз ҳамин вежагӣ, яъне аз ооз то ба охир матраҳ кардани лаҳазоти асосию зарурии зиндагӣ бар мабнои ҷаҳонбинии илмӣ, насри ёддоштии нависандаро бадеӣ ва илмию фалсафӣ қолиббандӣ кардааст.

Ҳафтум. Нависанда дар қиёфашиносӣ ва портретофаринӣ муваффақ аст ва мисли устод Айнӣ дар тасвири чеҳра ва симои ҳар нафаре, ки дар китобаш ҳамчун персонаж ҳунарнамоӣ намудааст, муваффақ шудааст.

Ба сухани дигар, муаллиф дар тасвири шахсият ва симои иштирокдорони драмаи зиндагӣ аз усул ва сабки тасвирофаринии устод Айнӣ ва дигар нависандагони бузурги миллию ҷаҳонӣ баҳраҳо бардошта,  бидуни тақлид ёддоштҳояшро аз лиҳози адабию бадеӣ хеле зебо зинат додааст.

Масалан, дар бахши “Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро” (Қисми 1, саҳ. 265-269) бобои Абдулло ном падари рафиқи давраи наврасию ҷавониашро як навъ қиёфасозӣ мекунад: “Бобои Абдулло ё эшони Абдулло як мӯйсафеди тахминан шастсола, қадбаланд, газгӯшт буда, сару гардан ва дасту бозуи паҳлавонона дошт. Бо чашмони ориёӣ, абрӯҳои сиёҳ, гунаҳои арувонӣ, бинии теадор, ришу мӯйлаби кӯтоҳ ва устокорона нигоҳубиншуда, аз дигар мӯйсафедҳо фарқ мекард” (Ҳамон ҷо, саҳ. 265-266). Дар баробари ин руҳонӣ (манзур бобои Абдулло), ки назар ба қавли нависанда, бо дасти бозу нони ҳалол мехӯрд ва мисли соири эшону муллоҳо худнамоию риёкорию фазлфурӯшӣ намекард, Ҳошимча ном муллои деҳотӣ, ки аз ҷумлаи авомфиребону риёкорони давр маҳсуб мешудааст, мавриди тасвири физиопсихикии нависанда қарор мегирад: “Ба гурӯҳи муллоҳои деҳа бо роҳбарии Ҳошимча гуфтанӣ муллои нисбатан ҷавон, ки риши сиёҳи дарози ҷайбур ва чашмони алову аласи бенур дошт, сари ҳар чанд вақт бегоҳиву шом, ба хонаҳои беморон рафта, чил сангча бо худ гирифта, назди соҳиби бемор ҳисобу китоб карда, дуои чил ёсин мехонданд” (Ҳамон ҷо, саҳ. 267). Ба ин маъно, нависанда на танҳо дар тасвиркорӣ, балки дар қиёфашиносӣ ва қиёфаороӣ ҳам маҳорати баланди эҷодӣ ба намоиш гузоштааст.

Ҳаштум. Ногуфта намонад, ки нависанда бархӯрди ду навъи андешаву мафкураро дар симои муаллими мусиқии деҳотӣ Рустам Мирзоев ва руҳонии музофотӣ мулло Холмурод хеле хуб тасвир мекунад. Аз нигоштаи лаҳазоти бархӯрди ду навъи мафкураи ба ҳам зид хулоса баровардан мумкин аст, ки муаллими замони шуравӣ (дар мисоли Рустам Мирзоев) алайҳи ҳар гуна афкори аразноку машкук аз тариқи ҷуръату ҷасорати руҳиву ҷисмонӣ мубориза мебурд (Ҳамон ҷо, саҳ. 321). Ин гуна мавқеъгирии ба истилоҳ, муаллими замон, зиёии давр дар кулли ёддоштҳои муаллиф бо овардани далоили муътамади илмию таърихӣ ба назар мерасад ва дар маҷмуъ, дидгоҳи илмии нависандаро ба намоиш мегузорад.

Афзун бар ин, нависанда назарияи мусиқиро ба сифати илми ангезабахш, таккондиҳандаи эҳсосот ва меъёри зебошиносии инсонӣ дониста, ба воситаи шахсияти муаллими мусиқии музофотӣ зарурати онро дар зиндагӣ таъкид мекунад. Ин аст, ки дар бахши “Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав” (Ҳамон ҷо, саҳ. 305-316) бо баёни матолибе аз саргузашти муаллими фанни суруд ва мусиқии мактаби деҳотӣ Рустам Мирзоев, ки таҳсилкардаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе будааст, муаллиф доир ба вазъи мусиқӣ дар муҳити деҳоту музофоти ҷумҳурӣ сухан ба миён меоварад. Бо такя ба мантиқи ҳикматомӯзи муаллим, масоили марбут ба ин ҳунари дилангез рӯзгори одамиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамчунон, нукоти ҷолиб ва омӯзандаи тахассусӣ ҳам ироа мефармояд.

Нависанда дар тасвири ҳолати рубобнавозӣ ва навозиши ин марди ҳунар, ки дар ҷодаи тарбияи мусиқии насли наврасу ҷавони деҳотӣ умр фарсудааст, монанди як тахассусманди ҳирфаӣ ҷилва кардааст (ногуфта намонад, ки нависанда С. Ятимов дар гурӯҳи худфаъолиятии мактаби деҳот фаъол буда, дар навохтани созҳои миллӣ ва фаромиллӣ дасти тамом доштааст. Ин нукотро аз бахшҳои марбутаи қисмати якуми “Ёддоштҳо” метавон дарёфт). Масалан, нависанда санъати навозандагии муаллими мусиқии деҳотӣ Мирзоевро дар сози рубоб хеле зебо ва коршиносона  тасвир мекунад: “Нохунҳои ӯ гоҳо дар боло, гоҳо дар пойин ва гоҳо дар нимаи дастаи рубоб заҳмат мекашиданд. Ба навбат торҳои асбоби сеҳрангезро зер мекарданд... (Ҳамон ҷо, саҳ. 308).

Дигар ин ки муаллиф фазои тадриси мусиқиро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии музофотӣ дар пайванд бо усули рӯзгори эҷодии муаллими фанни мусиқӣ  Мирзоев, ки шефтаи касбу ҳирфааш будааст, арзёбӣ карда, менависад: “Дар солҳои мактабхонӣ, дар маҳфилҳое, ки Рустам Мирзоев доир мекард, кӯшиш менамуд, нишон диҳад, ки муҳимтарин дарси мактаб мусиқӣ аст. Мехост моро бовар кунонад, ки таърихи маънавиёт ва зебоипарастии одамӣ аз мусиқӣ ооз шудааст” (Ҳамон ҷо, саҳ. 309).

Аз забони ин марди саропо ҳунар нависанда муҳокимарониҳои фалсафиро дар заминаи мусиқӣ ҳамчун падидаи фавқулодаи иҷтимоӣ матраҳ карда, хулосабандиҳои муаллими   музофотиро дар бастагӣ бо ҷаҳоншиносии фалсафӣ ироа медорад, ки хеле бамавқеъ ва омӯзандаанд. Таваҷҷуҳ мекунем: “Мирзоев боифтихор мегуфт, мусиқӣ ягона падидаест, ки барои кулли мардуми дунё фаҳмост. Ниёз ба тарҷума надорад. Муътақид буд, ки ҳатто сухан гоҳо ба мусиқӣ ниёз дорад. Мусиқӣ бошад, баръакс, ба ягон зуҳуроти олам эҳтиёҷманд нест” (Ҳамон ҷо, саҳ. 310).

 Бо овардани намунаҳое аз зиндагии эҷодии омӯзгори фанни суруд ва мусиқии деҳотӣ Рустам Мирзоев, нависанда сатҳи завқи бадеӣ – эстетикии хонандагони маҳаллӣ ва мутаносибан руҳияи озодандешии мардуми деҳотро, ки бо мусиқӣ ва ҳунари навозандагию ромишгарию овозхонӣ тавъам будааст, пешкаши ҳамагон мегардонад. Ҳамчун намунаи ҳаёти дунявӣ барои имрӯзу фардо ба намоиш мегузорад. Маслиҳат  ва тавсия медиҳад. Яке аз осонтарин роҳҳои аз ҷаҳолат фосила гирифтанро нишон доданӣ мешавад. Мехоҳад оммаро бо чунин мусоҳибаи деринаи озмуда аз кинадории хурофотии хатарноки имрӯза раҳо бахшад. 

Нуҳум. Тавре ки болотар зикр шуд, муаллиф ҳар давра ва марҳалаи муҳими зиндагии худро ба унвони як мактаби муҳими таҷрибаандӯзӣ ва худсозӣ баррасӣ кардааст. Шаклгирии шахсияташро ба  муҳиту фазои хонаводагӣ, мактабӣ, донишгоҳӣ, аскарӣ ва таҷрибаандӯзии ихтисосӣ марбут медонад.

Масалан, ҳини тасвири лаҳазоти ҳассоси хидмати низомӣ дар артиши шуравӣ дар Латвия, аз лейтенанти калон Брюханович, ки масъулияти умури сиёсию тарбиявии қисми ҳарбиро бар уҳда доштааст, ёдовар шуда, бар он ишора мефармояд, ки нахустин маротиба аз ин масъули низомӣ тафсири истилоҳи манофеи миллӣ ва мушаххасоти онро омӯхтааст: “Аввалин бор шарҳи “манфиатҳои миллӣ”-ро ман аз Брюханович шунида будам. ӯ дар чандин машулияти сиёсии худ мегуфт, муҳокимаронӣ ва тафсир  мекард, мефаҳмонд: ҳангоме ки мо дар бораи манфиатҳои миллӣ сухан мегӯем, медонем, ин истилоҳ ифодаи хулосавӣ мебошад. Ба ақидаи ӯ, ибораи мазкур аз лиҳози мантиқӣ барандаи шаш қисми таркибӣ аст:

1. Ҳимояи марзу буми Ватан.

2. Таъмини осудагии ҷомеа.

3. Рӯ ба тараққӣ ниҳодани сатҳи иқтисоду илму техника, мунтазам баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мамлакат.

4. Дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати таълиму тарбия, мактабу маориф ҳамчун муассисаҳои бунёдии ҷомеа.

5. Ҳифзи сохти давлатдорӣ ва суботи мамлакат.

6. Роҳ надодан ба ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти бегона (Ҳамон ҷо, саҳ. 574-575).

Даҳум. Нависанда чун дар муҳити мусоиди хонаводагӣ, фазои ҷиддии тарбиятӣ, мазраи меҳнатдӯстию заҳматқаринӣ, доираи хуби таҳсилотӣ ва билохира, шароити сахткӯшию талошварзӣ камол ёфтааст, аз ҳамон ибтидои кор ба давлату сиёсати давлатӣ эҳтиром қоил буда, тамоми умр кӯшидааст, ки дар ҳар вазъу ҳолате бар асоси ақлу мантиқи зиндаи инсонӣ, ҳадафгирии илмӣ, мавқеияти давлатӣ ва дарназардошти манофеи миллӣ тасмим бигирад ва ҳифзу нигаҳдошти давлату миллатро дар авлавияти умури сиёсию идорӣ, иҷтимоию маданӣ ва илмию мантиқӣ қарор бидиҳад.

Афзун бар ин, нависанда бемасъулиятию саҳлангориро дар кору умури давлатӣ хатари ҷиддӣ ба оянда ва дурнамои давлату миллат дониста, дар бахши ахири “Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас” (Ҳамон ҷо, саҳ. 633-641)-и қисмати якуми китоби “Ёддоштҳо” аз манзалати як давлатмеҳвар чунин натиҷагирӣ ва ояндабинии илмӣ мекунад: “Ҳар замоне давлат бо саҳлангорӣ ва ояндабинии бемасъулиятона иҷозат бидиҳад,  маърифати шаҳрвандон берун аз принсипҳои сохти давлатдорӣ, ахлоқ, маънавиёт, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ самтгирӣ кунад, шикаст мехӯрад. Пора-пора мегардад. Нобуд мешавад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 635).

Ин гуна натиҷагирӣ ва ояндабинии илмӣ, ки самараи сахткӯшиҳои шабонарӯзӣ, талошҳои мудавоми илмию ихтисосӣ, мутолеоти якумрӣ ва таҷрибаи тулонии раҳбарии нависанда мебошанд, ҳушдори ҷиддии ихтисосианд ба қишрҳои хидматчиёни давлатӣ, ҳарбию низомиву ҳуқуқӣ ва дастандаркорону масъулони сохторҳои сиёсию мафкуравӣ дар ростои роҳ надодан ба саҳлангорию фориболӣ дар умури давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити номусоиди бархӯрдҳо ва муборизаҳои шадиди сиёсию тамаддунӣ.

Бинобар ин, аз таҷриба, дидгоҳ, мавқеъ ва нуқтаназари санҷидашудаи ихтисосӣ ва ояндабинии илмии нависанда ҳадафмандона корбаст бояд кард ва дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ,  тақвияти хотираи таърихӣ, ҷиддияти таълиму тарбияи ҳамагонӣ, устувории арзишҳои миллию дунявӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва нигаҳдошти манфиатҳои миллӣ гомҳои устувор бардошт.

Ёздаҳум. Қисми якуми “Ёддоштҳо” бо тартиббандии навгонӣ таҳия гардида, дар охири китоб бахшҳои зарурии “Феҳристи номҳои шахсӣ” (С. 642-644), “Феҳристи номҳои ҷурофӣ” (С. 645-646) ва “Нишондиҳандаи мавзуӣ” (С. 647-662) ҷо дода шудаанд, ки аз сатҳи баланди китобнигорӣ ва завқу салиқаи илмию ихтисосии нависанда дарак медиҳанд.

Аз унвони бобу сарлавҳаҳои китоб, ки аз лиҳози бадеию эстетикӣ ҷолибу рангину нишонрасу муассир буда, ҳавоси доираи васеи хонандаро ба ҳаводиси матлаб ва идомаи ҷолиби он ҷазб месозанд, натиҷа гирифтан мумкин аст, ки муаллиф бо такя ба қудрату неруи бузурги саромадони илмию адабии гузашта, монанди устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Хайём, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Калими Кошонӣ, Сайидо, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Эраҷ Мирзо, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улузода ва дигарон, насли наврасу ҷавони ҷомеи тоҷикро аз ҳаводиси гузаштаву имрӯзӣ огоҳ сохта, онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ ва эътимоду боварӣ ба қудрати миллату давлати миллӣ тарбия мекунад.

Махсусан, таъкид сари мисраъҳои ҷовидонаи Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва ба унвони сарлавҳа интихоб кардани такмисраъҳо, усулан ва ҳадафмандона ҷалб намудани таваҷҷуҳи  хонанда  ба мантиқи онҳо на танҳо эътибори миллии китоби мазкурро боло мебарад, балки ҳофизаи таърихии миллиро тақвият дода, ҳалқаи пайванди гузаштаву имрӯзаву ояндаи миллатро таъмин месозад.

Ба сухани дигар, нависанда ҳадаф гузоштааст, ки аз тариқи баёну тасвиру тавзеҳу тафсири ҳаводиси зиндагӣ раванди худогоҳию хештаншиносӣ, хотираи таърихӣ ва шуури миллиро таҳкиму тақвият бахшад. Роҳро барои ибратомӯзӣ ва арзёбиҳои дурусти илмию мантиқии воқеоти ҳар  давру замон ҳамвор созад. Аз ҷониби дигар, шоирона гузоштани сарлавҳаву унвонҳои китоб аз сатҳи тахайюли рангин ва боло будани завқи бадеию эстетикии муаллиф дарак медиҳад.

Дувоздаҳум. Дигар вежагии китоб он аст, ки муаллиф барои исботи матлаб ва муассиру хотирмон будани нақлу қиссаҳо аз забони қаҳрамонону персонажҳо мисолу мадорики манзум аз ашъори ҳикматомези классикӣ ва осори файласуфону мактабшиносони маъруфи минтақавию ҷаҳонӣ меоварад. Бахусус, аз Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва амсоли инҳо намунаҳои зиёде оварда, аз ин тариқ баёноти худро далелноку соҳибэътимоду боварибахш  месозад.

Сездаҳум.  Нависанда дар ҷараёни баёни ҳаводиси замони тифлию наврасию ҷавонӣ, ки маводи қисмати якуми “Ёддоштҳо”-ро ташкил медиҳанд, муваффақияту камбудиҳои давру замонро таъкид сохта, аз ҷумла пешрафту тараққиёти даврони шуравиро, ки бештар ба барномарезиҳои корсозу муназзами мантиқӣ дар самтҳои фарҳангу маънавиёти фардию ҷамъӣ иртибот мегирифт, махсус гӯшзад карда, насли наврасу ҷавонро ба китобхонию донишмандӣ даъват менамояд.

Баъзан, масъала ва манзараҳои даврро дар мисоли сатҳи саводу маърифати ҳисобчиёни деҳқонони одии замонӣ ва тақсими рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба муштариёни деҳотӣ ончунон зебо ба риштаи тасвир бармекашад, ки хонандаи дар он давру замон зиндагикарда, ба ҳолати носталгия ё хумор гирифтор мешавад.

Ин гуна тасвиротро дар бахшҳои “Дида дарё кунаму сабр ба саҳро бизанам (С. 246-249), “Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст” (С. 249-252), “Дастмояи бузургӣ ақлу адаб аст, на аслу насаб” (С. 252-260) баръало мушоҳида кардан мумкин аст.

Албатта, дар бахшҳои аввалии қисми якуми “Ёддоштҳо” ҳам дар ҳамбастагӣ бо шароити зистию рӯзгордории хонаводаи муаллиф авзои иҷтимоию сиёсию маърифатию мадании замони шуравӣ, ки ба нимаи дуюми солҳои панҷоҳум ва аввали ҳафтодум рост меоянд, баён шудаанд.

Чордаҳум. Ростӣ, бо он ки нависанда фаъолият, корбарӣ, муҳокимаронӣ, дараҷаи баланди донишу маърифат ва сифатҳои олии шахсиятҳои қисми зиёде аз зиёиёни ватанию миллии замони шуравӣ, махсусан устодони худро бо муҳаббат, эҳтиромона, эътиқодмандона, боварибахш, бо далелҳо ва сидқан тавсиф мекунад, дар қиёси мантиқӣ ба замони муосир, беҳтарин намунаҳои ибратбахш барои ҷомеаи имрӯз – замони истиқлол – марҳалаи бузург ва пурмасъулияти давлатсозии миллӣ  заминагузории пандомӯзро асос  мегузорад.  Аз таърихи бой ва пурифтихори маорифи тоҷик барои  наслҳои имрӯзу оянда таҷрибаи шоистаи пайравӣ пешниҳод менамояд. 

 Мутаассифона, комёбию муваффақиёти ин низоми сиёсию мафкуравӣ дар назари иддае аз олимону муҳаққиқон ва зиёиёну “равшангарон”-и ватанӣ наменамоянд.  Ва ё ин ки онҳо дидаву дониста ба таҳрифи таърих даст мезананд.

Аммо нависандаи китоби “Ёддоштҳо” С. Ятимов замони шуравӣ, дастовардҳою имтиёзҳо ва нуқсону камбудиҳои он низоми сиёсию мафкуравиро бар асоси далелҳои таърихӣ ва мисолҳои пурэътимоди илмии баробарвазн бо воқеияти давр тахассусмандона ба риштаи тасвир бармекашад.

Аз ҷумла, дар мавриди нуфузи мактабу муаллим дар низоми зиндагии давлатию иҷтимоӣ, сохтори мактаби шуравӣ, муҳтавои китобҳои дарсӣ, мақому манзалати муаллим, таваҷҷуҳи мардум ба китобу китобхонӣ, сатҳи саводи ҷамъиятӣ, решадор шудани арзишҳои ахлоқию дунявӣ, пойин будани сатҳи хурофоти динию мазҳабӣ, болоравии фарҳангу ҳунар ва амсоли инҳо, ки дар он замон авлавияти сиёсию мафкуравию иҷтимоию маданӣ доштанд, мулоҳизоти ҷиддӣ ироа мефармояд.

Ин навъ мушаххасотро нависанда дар мавқеи зарурии китоб ва донишмадорӣ мисол мезанад ва шарҳе тафсиру тавзеҳ ҳам мекунад, то ин ки наслҳои наврасу ҷавони имрӯза, ки бар асари таҳоҷумоти ошкору ниҳони дастандаркорони нақшаҳои ба ном ҷаҳонишавӣ, олибан ба гирдоби беҳувиятию худбохтагӣ ва бегонапарастию нохудогоҳӣ мубтало шудаанд, ба худ оянд. Ватанро дӯст доранд. Ба илму хирад гароянд, хидмат ба халқу миллатро шараф ҳисоб кунанд. Ва ҳамин тавр, ба сарнавишти давлати миллӣ бетафовут набошанд.

Понздаҳум. Нависанда дар образофаринии ҳунарӣ дасти тамом дорад.

Масалан, ба тасвири муаллиф дар симои Бобои Аъзам, ки собиқ раиси колхоз будааст, таваҷҷуҳ мекунем: “Саросема ба ақиб нигаристам. Бобои Аъзамро дидам, ки дар як даст таёқи дароз, саллаи нимҳӯй, ҷелаки бемиёнбанди аз шамол ба ду тараф алвонҷгашта, дар по калушмаҳсии бадошт, тамоми авлоди бобои Ибронро ном гирифта, ӯро аз чор тараф мекобад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 148).

Ба тасвири дигар, ки вазъи омӯзишии нависандаи ҳанӯз дар синни томактабӣ қарордоштаро бо ташбеҳоту соири васоили тасвирӣ бозтоб медиҳад, таваҷҷуҳ мекунем, ки аз забони нависанда хеле зебо ва самимона таровидааст: “Дар охири рӯз дар лаби ҷӯйбор. Дар болои қум оҳиста-оҳиста, мисли занҳое, ки дар девори аз дуд сиёҳшудаи алавхонаи мо, ҳар боре ки бар аҳди певочӣ шир меоварданду шумораро сабт мекарданд, ман ҳам ин корро сар кардам” (Ҳамон ҷо, саҳ. 143).

Нависанда, баъзан  санъати саҷъ, яъне насри қофиядорро дар сатҳи баланди эҷодӣ корбаст мекунад. Ба намунае аз он таваҷҷуҳ менамоем: “бо хавфу умеди авф нишастам” (Ҳамон ҷо, саҳ. 136). Дар бахши “Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст” (С. 249-252), ҳангоми тасвири замони мактабӣ ва муҳити наврасӣ аз дӯсту ҳамсинфаш бо номи Сайфиддин ёдовар шуда, дар тасвири ҳолу аҳволи руҳии ӯ, бахусус, беэътибории духтари деҳотие бо исми Хумор аз аҳволи шефтагии Сайфиддин санъати саҷъро хеле зебо ва баҷо корбаст мекунад: Хумор “Бидуни он ки бошад дар соҳил интизор, барқасдона мешуд дар фирор, мекард Сайфиддини моро дилфигор” (Ҳамон ҷо, саҳ. 251-252).

Дар аввали банди “Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махӯр” (С. 460-465) санъати саҷъро дар алоқамандӣ бо супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанни фалсафа ва ҷойгоҳи баланди тафаккурию тарбиятию зеҳнӣ доштани ин илм гӯшзадкунон, аз насри қофиядор дар сатҳи баланди эҷодӣ кор мегирад, ки омӯзандаву хотирмон ва ҷаззоб аст: “21-уми июни соли 1976, охирин имтиҳони давлатиамонро аз фанни фалсафа, ки калиди кушодани занҷир, раҳнамои айни шабгир, мушкилкушои ҳини таҳрир, бадеияти ҳоли тасвир, фошкунандаи ҳама тазвир, маҷоли саранҷоми тақрир ва муаллифи асли тадбирамон буд, бомуваффақият супоридем” (Ҳамон ҷо, саҳ. 460).

Шонздаҳум. Муаллимони донишманду матраҳи деҳотию музофотӣ дар “Ёддоштҳо” ҷойгоҳи калидӣ доранд. Муаллиф аз устодони забардасти музофотӣ, ки дар таълиму тарбияи нависанда саҳми асосӣ доштаанд, батафсил ёдовар мешавад.

Масалан, дар банди “Мактаби ман” (С. 156-161) симои муаллими аввалини муаллиф оибназар Забиров (С. 157), дар бахши “Муаллими ман” (С. 161-175) чеҳраи муаллими таърих ва ҷурофиёи мактаби деҳот Усмон Раҳмонов (мавсуф ба айр аз матолиби дар китоби дарсӣ ҷойдошта, маводи зиёдеро аз китобҳои илмию методӣ доир ба мавзуъҳои дарсӣ ба хонандагон ироа мекардааст), дар банди “Сухан монад аз мо ёдгор” (С. 175-182) шахсияти муаллими забон ва адабиёти тоҷик Амонулло Саидов, дар банди “Сардафтари ояти накуӣ” (С. 182-186) симои муаллимаи забону адабиёти рус Пасечникова Фаина Дмитриевна (зодаи Украина буда, барои таълиму тадриси забони русӣ ба Душанбе ва аз он ҷо ба Фархор фиристода шуда буд), дар банди “Ба дониш бувад ҷону дилро фузун” (С. 221-223), муҳити таълимию тадрисию тарбиятии мактаби миёнаи рақами 4-и деҳаи Аловиддин, дар бахши “Фарде доно ва устоди тавоно (С. 225-231) симои муаллими номдори забону адабиёти мактаби миёнаи рақами чори деҳаи Аловиддин Саид Шарифов (ба назари нависанда, дар сатҳи беҳтарин муаллимони донишгоҳу донишкадаҳо дарс мегузашт)-ро бозкушоӣ мекунад. Дар бахши “Нигаҳ кун ба ҷойе, ки дониш бувад” дар бораи муаллими номдори ноҳия Гадойназар Бегаков сухан ба миён меоварад (С. 292-301).

Дар зимн, ҳангоми баёни матлаб муаллиф доир ба муҳити мактабӣ, ҷойгоҳи мактаб ҳамчун институти калидии иҷтимоӣ, нақши омӯзгор дар низоми зиндагии иҷтимоию маънавии башар, таносуби мактабу давлат, мақоми омӯзгор ба ҳайси чеҳраи мафкурасоз, махсусан дар бахшҳои “Мактаби ман” (С. 156-161), “Муаллими ман” (С.161-175), “Сухан монад аз мо ёдгор” (С.175-182), “Ба дониш бувад ҷону дилро фузун” (С.221-223)  нуктаҳои ҷолиб  ироа мефармояд.

Нависанда, инчунин, аз муаллимони номдор ва масъулиятшиноси донишгоҳӣ, ки дар тарбияи ахлоқию илмию адабию миллии муаллиф саҳми назаррас доштаанд, ба некӣ ёд менамояд.

Ба ин лаҳн, дар бораи устодони мактаби олӣ (манзур муаллимони Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб) дар бахшҳои “Кас аз модари хеш доно назод” (дар бораи Ёралӣ Содиқов - С. 403-413), “Ба дониш равонро тавонгар кунед (дар бораи Рустам Ҷӯраев - С. 388-399), “Ба дониш бувад мардро обрӯй” (дар бораи Изатулло Тамлихоев- С. 378), “Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ” (дар бораи Қаюм Сангов - С. 378-388), “Чунон дон, ки нодонтарӣ дар замон” (дар бораи Мусо Диноршоев - С. 45-455), “Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр” (дар бораи муаллими номдори фанни таърих Гадойназар Бегаков - С. 456-460) бо эҳтироми маҳз гуфтугӯ мекунад ва мушаххасоти ахлоқӣ, ҳувиятӣ, фикрӣ, илмӣ, эҷодӣ, маданӣ ва иҷтимоии ҳар яке аз устодони матраҳи замонро бо мисолҳои вежа баён месозад.

Зимнан, нависанда  соли гузашта дар бораи як зумра устодони забардасти замон, ки дар рушди маънавии муаллиф саҳми асосӣ доштаанд, дар матбуоти даврии ватанӣ матолиби ҷолиби омӯзанда интишор дода буд, ки вокунишҳои сазовори зиёиёни гӯшаву канори мамлакатро ба бор овард.

Дар қисмати якуми “Ёддоштҳо” ҳам масъалаи мазкурро дар қолиби хотироти ширину рангини айёми мактабӣ ва донишҷӯйӣ дунбол карда, бахшҳои дар боло зикршударо ба ин мавзуи калидӣ ихтисос додааст.

Ҳабдаҳум. Симо, урфу одат, ахлоқ, шарофату маънавиёт, меҳру муҳаббат ва самимияту латофати падару модар, ки азизтарин азизон дар зиндагии ҳар нафаре ва аз ҷумла нависанда мебошанд, дар қисми якуми “Ёддоштҳо” мавриди тасвири махсус қарор гирифтааст.

Шахсияти волидайнро нависанда на аз сари алоқамандии ирсию сириштӣ, балки аз роҳи муҳаббати самимию беараз ба онҳо мавриди тасвир қарор медиҳад.

Падар, дар фаҳмиши С. Ятимов, арзиши ниҳоят баланд дорад ва бо такя ба таҷрибаи зиндагӣ ва саргузашти рӯзгори тифлию наврасӣ ӯро ба унвони як шахсияти одии заҳматкашида, ҳамчунон меҳнатдӯсту меҳнатқарин, серталабу ростқавл, соҳибмаърифату донишманд,  фасоҳатгуфтору балоатсолор, пуркору накукор, дасткушоду саирапарвар, аюру далер, ватанпарасту намунаи хонадон ба тасвир баркашидааст. “Ба ақидаи ӯ (манзур падари С. Ятимов - Қ.Х.), инсон набояд тақдирпараст бошад. Ба ризқу рӯзӣ умед бандад. Марди ҳақиқӣ ба ақлу фаросат, имконоти ҷисмӣ ва руҳиву равонии худаш такя мекунад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 108).

Нависанда дар банди “Омӯхтани таҷрибаи халқҳои пешқадам” (С. 106) дар бораи сатҳи маърифат ва маънавиёти падараш ҳарф мезанад ва таъкид месозад, ки ӯ китобҳои зиёди классикони адабиёти тоҷик, русиву аврупоиро мутолаа мекард. Ва аз забони Садриддин Айнӣ, Аҳмади Донишро аз доҳиёни адабиёти тоҷик мешумурд. Ҳаёту фаъолияти ӯро аз сарчашмаҳои гуногун, маҳз аз китоби ӯ “Наводир-ул-вақоеъ” пайваста мурур мекард.

Ҳангоми хондан дар синфи чаҳорум, падар ба писараш китоби Даниэл Дефо “Робинзон Крузо”-ро барои мутолаа ва ибрози бардоштҳо медиҳад (Ҳамон ҷо, саҳ. 106-107). Дар ин маврид дидгоҳи падари муаллиф нисбати нақши ҷовидонаи шоирону нависандагон олимон ҳамчун вассофони руҳ ва орзуву ормони миллӣ, тарибгарони зиракиву ҳушмандӣ, посдорони руҳи миллӣ ҷолиби таваҷҷуҳи ҳар хонанда аст.

Ҳамчунин, нависанда ба устод Айнӣ ихлос доштани падарро дар чанд ҷойи қисмати аввали китоб ёдовар мешавад. Дар банди “Пояндаӣ, ту, дар дили мо то задани дил” менависад, ки “Бузургтарин намунаи пайравӣ ва шахсияте, ки дар ташаккули ман ҳамчун инсон муассир буд, падарам ва муҳити оилавии мо буд” (Ҳамон ҷо, саҳ. 56).

Ба қавли муаллиф, “Падарам Садриддин Айниро эҳёгар ва офарандаи миллати тоҷик дар таърихи навини Аҷамиён мешумурд. Чунин ҳисоб мекард, ки мо то ҳанӯз ба қадри ин шахсияти бузурги аҳли башар нарасидаем... Айниро марди ҳақиқӣ, намаксипос, ҳақшинос, руинтан,  ва қаҳрамони ҳама давру замон мешумурд” (Ҳамон ҷо, саҳ. 60). Нависанда менигорад, ки падар барои исботи андешаҳои худ дар мавриди хондани китоб, боло рафтани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва хушахлоқу баинсоф шудан аз устод Айнӣ мисол зада, тавассути мутолааи китоби “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш ба тайироти фикрӣ расидани нависандаи бузурги тоҷикро гӯшзад мекунад ва ҳамин тариқ, дар зиндагӣ пешгому пешкори миллат шудани ӯро бо далелҳо собит месозад (Ҳамон ҷо, саҳ. 112).

Дар банди “Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан” (С.133) падарро ба унвони “қоидасолор”, яъне қоидагарову қонунписанд ёд мекунад. Вақте мехоҳад синни ҳафтро пур накарда бо ҳар роҳе, ки бошад ба орзуи мактабравии худ расад, аз ягона пуштибон ва амгусори худ модараш имдод мепурсад ва руҷуъ мекунад, ақаллан, “ӯ ...сози ноҷури дили падари қоидасолорамро ба шавқи пардаҳои ноҷури ман мувофиқ созад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 134). 

Таъкид, асосан, сари нукоти ҷолибу омӯзанда ва ҳадафнокеанд, ки муаллиф аз падар ёд гирифта, дар зиндагии минбаъдааш мавриди истифода қарор додааст.

Ба тазаккуроти илмии падари нависанда, ки як умр муаллимӣ карда, тариқи дасту бозу, меҳнати шабонарӯзӣ ва заҳмати омӯзгорӣ нони ҳалол хӯрдаву, ҳамзамон, умри азизи худро бо худомӯзӣ гузаронида, бо чашми хирад ба корҳо нигаристааст, диққат медиҳем: “Одам соҳиби як занҷири сарбастаи асаб ва хотирмонӣ аст. Он аз панҷ қисм иборат мебошад: дидан, шунидан, чашидан, бӯйидан, ламс кардан, ки дар муносибати пайвастагӣ, ҳамбастагӣ ва вобастагӣ қарор доранд. Доимо якдигарро даст мегиранд. Вақте инсон дар ҳаракат аст, гардиши хун ҳам фаъол мешавад. Ва ин ҳолат ба вазъи ёддошт ва аз бар намудани матни ҳоизи аҳаммият  мусоидат мекунад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 151).

Нависанда модарро, ки мунису амхори азалию абадиаш будааст, зиёд дӯст медорад ва ёд гирифтани “Алифбо” ва хонда тавонистанро ба заҳматҳои бевоситаи ӯ иртибот медиҳад. Дар банди “Ҳастии ман зи ҳастии ӯст” (С. 138) аз забони модар, ки хушхату хушсавод будааст, насиҳати ҷолиберо меоварад, ки якумрӣ дар зеҳни муаллиф нақш бастааст: “Одамизод дар зиндагиаш, ҳатто дар хобаш ҳам фикр мекунад. Фикр кардан гоҳо аз кор кардан ҳам муҳимтар аст“ (Ҳамон ҷо, саҳ. 142).

Ҳамчунин, дар банди “Диле ҳамдарду ёре маслиҳатбин” (С. 150) баъди дар синни шашсолагӣ бо “Алифбо”-и куҳнаву дарбеҳкардааш аз соати аввал “бо тантана” аз синф ронда мешавад, қадам ба қадам хондану навиштанро аз модари худ, меомӯзад, ёд мекунад.  Ва дар ҳошияи аввалин шеъри азёдкардааш – “Модар”-и Эраҷ Мирзо менависад: “Барои ман ин порчаи назмӣ бузургтар аз ҳама қиссаву достонҳо буд. Ҳолати руҳиву равонии ҳамонлаҳзаи маро бештар ифода мекард. Ақаллан, ба хотири он ки гӯё дониста дар бораи модари муштипар, ба ном хонашин, воқеан, ниҳоят азиятдида, дар зиндагӣ серкор, устоди ҳақиқӣ ва муаллими аввалини субҳи донистанҳои ман навишта шуда бошад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 155).

Дар бастагӣ бо амхориҳои модар, нависанда аз модарбузургаш Бибифотима бо назокати махсуси эҷодӣ, санъатҳои бадеӣ ва таваҷҷуҳи волои ҳунарӣ ёд мекунад. Дар банди “Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад” (С. 112-124) дар бораи кампири Фотима қисса карда, бавежа, лаҳазоти амангезеро аз зиндагиву рӯзгори ӯ, ки пас аз марги писараш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хонаи духтараш зиндагӣ мекард, тафсир менамояд.

Дар тасвири вазъи руҳию равонии Бибифотима, ки аз ин фоҷиаи бузург дарун-дарун месӯхт, нависанда муваффақ шудааст. Таваҷҷуҳ мекунем ба лаҳзае аз тасвири вазъи руҳию равонии Бибифотима: “Ман фаҳмидам, ки кампир ҳоло ҳам ба худ наомадааст. Мехоҳад танҳо бошад, бо фикру хаёли худ бошад, ами худро аз тангнои хона ба домани саҳро кашад... (Ҳамон ҷо, саҳ. 121).

Ҳаждаҳум. Корбасти масалу мақолҳои мардумӣ барои тасдиқи фикр ва муассирии баён аз ҷониби нависанда дар ҳар ҷойи матн муносиби мақсаду ҳадаф  ва  бамавқеъ корбаст шудаанд, ки аз сатҳи баланди мақолдонию масалзании нависанда гувоҳӣ медиҳанд. Аз сӯйи дигар, истифодаи бамавриди масалу мақолҳои мардумӣ баёнгари онанд, ки нависанда фолклор ва эҷодиёти шифоҳӣ ва таҷрибаи эҷодкории халқиро хуб медонад ва мақолҳои мардумиро ба сифати далелу арқоми нишонраси рӯзгори инсонӣ пазируфта, дар мавориди зарурӣ аз онҳо ба унвони мадраки аз таҷрибаи зиндагӣ бадастомада васеъ истифода мебарад. Масалан, “Баъди кавсан ҳафт авранг гуфтаанд” (Ҳамон ҷо, саҳ. 64). Дар ҷойи дигар ва пойинтар идома медиҳад: “Дӯст дӯст, ҳисоб раҳи рост” (Ҳамон ҷо, саҳ. 64). Пойинтар, ҳангоми ба субут расонидани авлавияти тарбиятӣ аз забони персонажҳо мақоли мардумии “Гови хуб лозим нест, гов аз зоти хуб лозим аст” (Ҳамон ҷо, саҳ. 65)-ро бамаврид корбаст мекунад.

Нависанда дар бораи аъмоли неку писандидаи падар сухан гуфта, маҳорати бадеҳатан масалзании ӯро ишора менамояд: “Агар ороиши дарстархон маъқул шавад, бо қаноатмандӣ ба дастархон нигоҳ карда мегуфт: “Кор кун уломон барин, Бихӯр мирон барин” (Ҳамон ҷо, саҳ. 91).

Дар оози банди “Сухан к-он аз сари андеша ояд” аз масалдонӣ ва ҳозирҷавобии падар ёд оварда мегӯяд: “Дар омади гап, падарам як зарбулмасалдони эътирофшудаи деҳа буд... Кӯтоҳсухан буд. Мантиқӣ ҳарф мезад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 91). Дар ҳолати зарурӣ, муносиби ҳол истифода намудани масалу мақол аз вежагиҳои шахсияти падараш буда, аз забони ӯ ин тавр нақли қавл мекунад: “Аз гургак шарикиву аз рӯбаҳак тоқагӣ” (Ҳамон ҷо, саҳ. 92). Дар мавриди дигар, мақоли “Маъқул шавад, ташвиш ба андозаи арзиш”  (Ҳамон ҷо, саҳ. 63)-ро дар мавқеъ барои исботи арзишмандии молу коло аз забони персонажҳои ёддошт корбаст мекунад.

Дар мавриди баъдӣ, барои исботи мавқеъ ва иҷрои танбеҳ аз номи падар иддаои зеринро дар чаҳорчӯби мақоли мардумӣ хеле бамаврид истифода мекунад: “Э мардак, авлоди ту худоиро тӯй мегӯяду тозиро қӯй (яъне авлодат худоиро аз тӯй фарқ намекунаду саги шикориро аз гӯсфанд)” (Ҳамон ҷо, саҳ. 93). Дар мавқеи дигар: “Ҳо, Бурихон! Чаро аз пеши мо сар хам карда мегузарӣ ва мегурезӣ, ҳадди ақал “Ҳо бале!  Ҳам намегӯӣ?!! “Вақти шодӣ ба майдону вақти ҷанг ба каҳдон”, ҳа?!!! Канӣ тез омада белро бигиру бо мо бош! (Ҳамон ҷо, саҳ. 94). Боз аз забони падар мисол меорад, ки ба фарзандон насиҳат мекард. “Бо мардуми нокор ошно нашавед. Онҳо мебинанд, ки шумоҳо ҳамагӣ дар корҳои хона банд ҳастед, худашон ба шумо наздик намешаванд. Яъне, “Назди деги ҷӯшидаистода пашша давр намезанад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 96). Нависанда таъкид мекунад, яке аз масалҳое, ки аз падараш шунидааст, ин будааст: “Эҳтиёт бошед ва ба назар бигиред, ки “Изо ҳам қарз асту иззат ҳам” (Ҳамон ҷо, саҳ. 101).

Нуздаҳум. Ҳақиқати таърихӣ ва таҳрифи таърих аз ҷумлаи масъалаҳое ҳастанд, ки нависанда дар ҳар ду қисми “Ёддоштҳо” сари он ҷиддӣ таваҷҷуҳ намудааст.

Аз баёни воқеияти таърихӣ ва ҳақиқати таърих мардум ва ҷомеа ба самту сӯйи дуруст ҳаракат карда метавонанд ва агар ҳақиқати таърихӣ таҳриф шавад ва яктарафабинӣ сари ҳаводиси таърихӣ сурат бигирад, ҳатман буҳронҳоеро дар фаҳмишу дарк ба вуҷуд меоварад.

Дар банди “Адлу инсоф, на куфру на дин” (С. 101) аз мисраи машҳури Мавлоно Ҷомӣ, ки дар “Баҳористон” тазаккур ёфтааст, истифода намуда, нависанда ба масъалаи таърих ва тафсири дурусти он, ҳамчунин масъалаи таҳрифи таърих мепардозад ва давраи ҳаракати босмачигариро, ки мутаассифона, даҳсолаҳои ахир дар фазои бо ном “илмию адабию маданӣ”-и мо баҳсҳои печидаеро ба дунбол доштаву дорад, иҷмолан тафсир менамояд.

Дар ин миён, аз ҳаракати босмачигарӣ ҳамчун ҷунбиши зиддимиллию зиддимардумӣ ва оратгароёнаву раҳзанона ёдовар шуда, дар шарҳу тавзеҳи ҳаводиси замонӣ (манзур солҳои бистуму сиюму навадум аст) бар ҳақиқати таърихӣ ва қиёси мантиқӣ такя карда, менависад: “...зарур аст, ки таърих ончунон тафсир шавад, ки ҳақиқат таҳриф нагардад... Аз рӯйи инсоф эътироф бояд кард, ки то замони инқилоб, мардумони Осиёи Марказӣ дар шароити нимуломӣ ва нимфеодалӣ умр ба сар мебурданд. Ва босмачиён ҷонибдори шикасти давлати миллии тоҷикон ва барқарор кардани режиме буданд, ки устод Садриддин Айнӣ ва миллионҳои дигар шоҳиди зиндаи он “хонаи бедоду ситам” ва “маҳкамаи ҷабр”  буданд (Ҳамон ҷо, саҳ. 102).

Табиист, ки нависанда ба сифати донишманд, муаррих, давлатшинос, сиёсатмадор ва файласуф наметавонад ба ҳаводиси таърихӣ бетаваҷҷуҳӣ намояд ва силсилавоқеоти давру замону марҳилаҳои таърихиро, ки дар маҷмуъ, гузаштаи як халқу миллатро ташкил медиҳанд, аз рӯйи эҳсос яктарафа баҳогузорӣ кунад. Баръакс, кулли ҳаводиси гузашта ва аз ҷумла масири зиндагии миллиро дар имтидоди асри бист бар мабнои равиши илмӣ ва методи муқоисавию таърихӣ арзёбӣ намуда, алайҳи таҳрифгарони таърихи ватанӣ қад алам мекунад ва мӯйро аз хамир ҷудо месозад. Аз ин ҷост, ки мутолааи китоб ва матолиби С. Ятимов, минҷумла “Ёддоштҳо”-и ӯ ҳамагӣ хонданбоб, ҷолиб ва далелманду боварибахшанд.

Бистум. Ба ин тартиб, қисми якуми “Ёддоштҳо” мунтахаби лаҳазоти саргузашти нависандаи миллӣ С. Ятимовро тайи фосилаи муайяни замонӣ, яъне аз нимаи дуюми солҳои панҷоҳум то ибтидои солҳои ҳаштодуми садаи бист, ҳудуди бисту панҷ – сӣ солро фаро мегиранд. Дунболаи ҳаводиси мунтахаб дар қисми дуюми “Ёддоштҳо” бозтоб ёфта, тафсир ва арзёбӣ гардидаанд.

Мутолааи қисми якуми “Ёддоштҳо” моро ба хулоса меоварад:

а) нависанда, тавре ки дар муқаддима иброз медорад, фурсати сарҷамъ   кардани бардоштҳо ва он чӣ ки аз сар гузаштааст (С. 3-4)-ро анимат шумурда, дар доираи рисолати касбӣ, масъулияти фардӣ, имконоти эҷодӣ, зарфияти илмӣ ва тавонмандии фикрӣ таъсиргузортарин лаҳазоти умрашро дар қолиби жанри ёддоштӣ рӯйи коаз овардааст;

б) бо овардан ва бозтобу тафсир додани воқеоту ҳаводиси ҷолиби зиндагӣ, нависанда саргузашти як наслро бо кулли муваффақияту камбудиҳо, комёбию нокомиҳо, камию костиҳо, ҳамвору ноҳамвориҳо дар мисоли умрфарсоии шахсӣ баён дошта, дар ин кор ҳадди инсофро риоят карда, чизе аз худ иловаю зам нанамудааст;

в) нависанда дар тавзеҳу тафсири ҳар як воқеаву ҳодиса равиши илмӣ ва усули муқоисавиро истифода намудааст, то ҷойе ки ҳатто дар бозтоби лаҳазоти санъату фарҳангу зебоишиносӣ ва тасвири маънавиёту вазъи руҳу равони фард ва ҷомеа низ аз равишшиносии илмӣ ва принсипу мабонии фалсафӣ фосилагирӣ накардааст;

г) сабки эҷодӣ, шеваи образофаринӣ ва тарзи нигориши адабии нависанда аз равиши илмӣ ва усули таҳқиқии ӯ ҷудо нест, балки дар тавъамии мундариҷавист. Ин мушаххасаи фикрию эҷодӣ аз ооз то ба анҷоми “Ёддоштҳо” идома пайдо мекунад ва ин навъи нигориш на танҳо хастагии хонандаро ҳини мутолаа ба вуҷуд намеоварад, балки матнро ҷолибу таваҷҷуҳбарангез  месозад.

) услуб ва принсипҳои эҷодии нависанда дар доираи аслҳое монанди ҳувиятмеҳварӣ, хирадбоварӣ, донишбунёдӣ, ақлдоварӣ, воқеънигорӣ, миллатсозӣ, инсонпарварӣ ва давлатмадорӣ чархида, куллияи ҳаводису вақеоти “Ёддоштҳо” дар ҳамин доира гардиш мехӯранд.

Дуруст кардани ин гуна чархаи муназзами фикрӣ ва ба истилоҳ, усул ва салиқаи сиёсию эҷодӣ бо аслҳои бунёдӣ ба равиши рӯзмарраи зиндагии нависандаи сиёсатшиносу сиёсатмадор табдил ёфтааст;

д) муҳим ва калидӣ будани тарбияи хонаводагӣ ва муҳити иҷтимоӣ дар ибтидои қисми якуми “Ёддоштҳо” бо мисолҳои мушаххас аз зиндагии хонаводагӣ ва фазои маънавии музофотӣ ҷанбаи қавии тарбиятию ҳувиятии асарро таъмин сохтааст (С. 56-66);

е) нависанда қиссаи зиндагиро аз деҳаи худ – Ориён ооз мекунад (С. 5) ва дар ин оозу ифтитоҳ рози миллатдӯстию ватанпарастии адиб ниҳон аст.

Бидуни таассуби миллию нажодӣ ва бар асоси меҳру ихлоси ватандорию миллатдӯстӣ, аз Ориён ва ориёниён ба унвони мардуми бумию сарбаланду сарафрозу гарданкашу қаҳрамон ёд ва ифтихор мекунад (С. 7-20). Бар илова, садоқату ихлосаш ба нажоди ориёӣ ва миллияти тоҷикӣ то ба ҳадде усулию принсипиалист, ки ҳатто дар тасвири баъзе қаҳрамонону персонажҳои асар, махсусан, зимни қиёфанигорӣ, портретофаринӣ ва тасвири сурату сирати иштирокдорони драмаи зиндагӣ аз симои ориёӣ ба сифати чеҳраи холису ноби миллӣ ёдоварӣ мекунад;

ё) “Китоб”, “Модар”, “Ватан”, “Миллат”, “Давлат”, “Манфиатҳои миллӣ” ба сифати мафҳумҳои асосию калидӣ дар асар тазаккур ёфтаанд ва ҳар пешрафту тараққиёту таҳаввулоте, ки дар олам иттифоқ афтодааст, ба сабаби ҳамгиройии мантиқии аслҳои мазкур будааст. Ин нуктаи меҳвариро дар хурду кулли  бардошту арзёбиҳои нависанда мушоҳида кардан мумкин аст;

ж) нависанда мақсади нияти болои ҳам чидани вожагону таркиботу калимот ва аз ин тариқ оростану перостани кохи хотироти инфиродиашро ҳаргиз надошта, сарҳадафи дигаре чун донишандӯзию хирадварзии фардию ҷамъӣ, тарбияи миллию дунявии насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ ва бо чашми ибрат нигаристан ба ҳаводиси мусибатбор ва бади рӯзгорро пайгирӣ намудааст. Ин сарҳадаф, ки аз виҷдон ва масъулияти фардии нависанда бармеояд, кохи ёддошту хотироти ӯро муҷалло ва бузургу шукӯҳманд ҷилва медиҳад.

Ба ин маъно, “Ёддоштҳо”, пеш аз ҳама, садои виҷдон ва нидои масъулияти нависанда аст;

з) “Ёддоштҳо”  ба доираи васеи хонандагон, махсусан насли наврасу ҷавони ҷомеа тавсия шудааст.

 Фаҳму дарк кардан, донистан, ташхис додан, аз фосилаи умр сабақ гирифтан, аз рухдоди зиндагию рӯзгор дарс омӯхтану таҷриба андӯхтан, савобу гуноҳро ҷудо намудан, шинохтан, баду некро фарқ кардан, хирад варзидан, сахткӯш будан, талош кардан, ватандӯст будан, бетарафию саҳлангорӣ накардан, бешарафу беҳувият   набудан, бегонапарастиро канор задан, худбохтагиро маҳор кардан, аз хурофадовариҳо дур шудан, худогоҳу худшинос будан ва билохира худсозу миллатшиносу давлатмеҳвар буданро нависанда меъёри кори иҷтимоию сиёсию фикрию эҷодию маданию давлатию нависандагӣ дониста, афроди ҷомеаро ба ин самту сӯ ва корзори ҳақиқӣ фаро мехонад.

Ин аст, ки барои расидан ба аҳдофи миллӣ ва фатҳи қуллаи мурод ҳатман бояд “Ёддоштҳо”-и профессор С. Ятимовро хонд, дар ойинаи ҳаводиси гузаштаву имрӯза худу миллатро бидиду шинохт, воқеотро дурусту мантиқӣ таҳлил кард, мунсифона қазоват намуд ва хулосаҳои зарурӣ баровард.

Ва мунтаҳо, ҳадафи нависанда аз навиштани ёддошту хотирот ҳам ҳамин аст.

Тавре омӯзиш, таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ гардид, “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов аз лиҳози масъалагузорӣ, маъниофаринӣ, аҳаммияти хотирмони адабӣ-бадеӣ, бадеӣ- таърихӣ, бадеӣ-сиёсӣ, бадеӣ-илмӣ, бадеӣ-эстетикӣ, бадеӣ-педагогӣ, илмӣ-методологӣ, бадеӣ-публитсистӣ, ки ҳар кадом метавонанд як мавзӯи таҳқиқоти илмиро дар доираи ин таълифот ташкил кунанд, дар ҳаёти адабии замони истиқлол, дар маҷмуъ, падидаи нав мебошад.

Аз ин лиҳоз, андешае тамоюл ба афзалият дорад, ки ин асар давра ба давра дастрасии умум ва ҷойгоҳи шоиста пайдо ва таъиноти аслии худ – тариби илм, ҷаҳонбинии илмӣ, маърифат, хислатҳои волои инсонӣ ва ватанпарастиро, ки ба ҳамин хотир муаллифи он солҳо заҳмат кашидааст, адо мекунад. Ва аз эҳтимол дур нест, ки дар натиҷаи омузиши тахассусмандонаи пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии мамлакат, махсусан муаллифони китобҳои дарсӣ барои  мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз муҳтавои ин “Ёддоштҳо” мавзуъву мароми мақсадноку таъинотӣ пайдо ва дар таълифоти худ  истифода намоянд.  

 Аз  лиҳози дигар, ба андешаи мо “Ёддоштҳо”-и профессор Саймумин Ятимов, ба манзалате кӯшиши дастрасӣ дорад, ки сарфи назар аз иродаи муаллиф, мавзуъ ва муҳтавои он дер ё зуд  “овоза” ва он  ба забонҳои хориҷӣ тарҷума мешаванд. Мутмаин ҳастем, чунин рӯйдод,  бидуни шак, боиси ифтихори адабиёти муосири тоҷик хоҳад буд.

Дар  ҳама ҳолат, вақт довари замон аст.

 

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», №139, №140 аз 16-17.07.2026

2026-07-16 11:01:01

БОЗДИД АЗ ФЕРМАИ ПАРВАРИШИ МУРҒОБӢ ВА МОҲӢ

Дар деҳоти Сӯҷина нахустин фермаи парвариши мурғобӣ дар шаҳри Панҷакент фаъолият мекунад. Он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби соҳибкор Мурод Ҳасанов дар наздикии соҳили дарёи Зарафшон ташкил карда шудааст.
Тавре ҳангоми боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ҳоло ин ҷо 1500 сар мурғобӣ ба парвариш гузошта , барои ин дар 2 гектар заминҳои бекорхобидаи соҳилӣ ҳавз ташкил намуда, ҳамчунин барои нигоҳдории онҳо бино сохта шудааст.
Парвариши мурғобӣ барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ пешбинӣ шуда, соҳибкор ҳоло аз паи зиёд намудан саршумори он мебошад.
Дар шафати он ҳамчунин барои парвариши моҳӣ ҳавз сохта, дар он наздик ба 15 ҳазор сар моҳӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ аз рафти соҳилбандии дарёи Зарафшон дар ҳудуди деҳоти Сӯҷина ва ҷамъоварии ҳосил картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид карда шуд.

2026-07-14 08:56:02

МАЗОРИ ШАРИФ- ДЕҲАЕ, КИ ДУ ЁДГОРИИ ҲУДУДАШ БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ БАШАРИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ АСТ.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 5500-солагии бостоншаҳри Саразм таъкид доштанд, ки шаҳри Панҷакенти бостонӣ на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад.
Деҳаи Мазори шарифи деҳоти Лоиқ Шералӣ, яке аз он мавзеъҳои таърихии шаҳр аст, ки ду ёдгории беназири ҳудуди он - мақбараи Муҳаммад Башоро ва қалъаи Тали Хамтӯда дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил гаштаанд.
Ҳоло бошад аз ҷониби кормандони осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ёдгории таърихии дигари деҳа, ки ба асри 8-и мелодӣ тааллуқ дорад – Қаландартеппа ва ё Қурғони Қаландар ,ҳафриёти бостоншиносӣ идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Лоиқ Шералӣ аз ин ёдгориҳои таърихӣ боздид намуд.
Гуфта шуд, ки мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро- ёдгории таърихии асрҳои 11-14, натанҳо ба сабаби шахсияту ҷойгоҳи ӯ дар олами ислом, балки бо тарҳи меъмории худ, ки дар Осиёи Марказӣ нодир аст, низ диққати сайёҳону зоиринро ҷалб кардааст ва ҳоло тармими он идома дорад.
Ёдгории дигари ҳудуди деҳа -Тали Хамтӯда, бошад тибқи хулосаи бостоншиносон ба асрҳои II-I то милод ва асрҳои I-III ва V милодӣ рост меояд ва намунаи боризи ҳунари истеҳкомсозӣ ва кулолгарию ҳунармандии гузаштагони миллати тоҷик аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Қаландартеппа ҳафриёт идома дошта, он масоҳати се гектарро ишғол мекунад. Дар ҷараёни ҳафриёт бозёфтҳои гуногун, аз ҷумла дегҳо, хумҳо ва зарфҳои сафолӣ, каландчаи оҳанӣ, қисмҳои камарбанд, гӯшвор ва тангаҳо ба даст омаданд. Тибқи омӯзишҳои пешакӣ, ин бозёфтҳо ба асри VIII мелодӣ мансуб мебошанд.
Дар ҷараёни боздид ба масъулин ҷиҳати ҳифзи ҳудуди ин ёдгориҳои таърихӣ ва ба хатсайрҳои сайёҳӣ шомил намудани ин се ёдгорӣ,ки як маҷмаи бостоншиносӣ ва меъмориро ташкил медиҳад, дастур дода шуд

2026-07-14 08:54:47

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ СЕ ПУЛ ВА ХАТИ ОБ ДАР ДЕҲАИ РОҶИ ДЕҲОТИ АМОНДАРА

Дар деҳаи Роҷи деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент, ки ба асари сели рӯзи 19 июни соли равон хисороти ҷиддӣ дида буд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои асосии бартараф намудани оқибати офати табиӣ анҷом дода шуд.
Дар ин раванд ҳамаи манзилҳое, ки ба асари сел лойоба даромада буд, тоза карда, роҳ кушода, хати барқ ва об барқарор карда шуданд.
Бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, вакилони Маҷлиси вилоятӣ, сокинони деҳа ва фаъолони деҳоти Амондара се пул, ки ду қисмати деҳаро ба ҳам мепайваст ва ба асари сел аз байн рафта буданд, 4 канали хурди оби полезӣ ва хати оби нӯшокию полезии деҳа мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи пулҳо гуфта шуд, ки тибқи супориши муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз деҳа ва рафти барқарор намудани оқибати офати табиӣ вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд-Раҳмонқул Каримов, Муаззамхон Ансорӣ, Мастона Муродзода, Умед Ҳабибзода ва Шавкат Бобозода се пули ба асари сел азбайнрафтаи сои селрави байни деҳаро дар муддати кӯтоҳ барқарор намуданд.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки сардори идораи обу ташноби шаҳр Ҳабибулло Нурзода аз ҳисоби шахсиаш барои хати оби нӯшокию полезии деҳа таҷҳизоти обкашӣ, лӯлаи об ва кабел дастрас намуд.
Ҳоло бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар дигар самтҳо дар деҳа илома дошта, ин кор зери назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

2026-07-14 08:44:32

13.07.2026 ОҚИБАТИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ДЕҲОТИ ШИНГ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД

Санаи 11 июли соли равон ба асари боришоти зиёд ва баланд шудани сатҳи оби дарёи Шинг ба манзилҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон, заминҳои кишт, роҳу пулҳо, хати обу барқ дар деҳаи Рашнаи Поёни деҳотии Шинг хисороти зиёд ворид шудааст.
Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, барои бартараф намудани оқибатҳои ин офати табииӣ чораҳои фаврӣ андешид.
Азназаргузаронии пешакӣ маълум намуд, ки аз офати табиӣ 48 манзил ва иншооти ёрирасон, 2 пул, 5 симчӯб ва 500 метр ноқили барқ, 1300 метр роҳ зиён дида, як нақлиёти сабукрав корношоям гаштааст.
Ҳоло бо ҷалби се адад техникаи муҳандисӣ ва ҷалби аҳолӣ корҳо ҷиҳати бартарафсозии оқибати офати табиӣ оғоз шуда, тоза кардани роҳ ва маҷрои дарёи Шинг ва соҳилбандӣ, барқарор намудани хати барқ ва дигар корҳо идома дорад.
Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар ҷои ҳодиса қарор дошта, баҳисобгирии зиёни аз офати табиӣ расида ва рафти бартараф намудани оқибати офати табиӣ зери назорати пайваста қарор дода шудааст.

2026-07-08 14:12:14

БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026.

Дар маҷлиси фаъолони шаҳри Панҷакент, ки имрӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Қобилҷон Хушвақтзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони шаҳр баргузор шуд, натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа зимни шунидани масъалаи асосии рӯзнома-“Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар нимсолаи аввали соли 2026”, ки бо он муовини раиси шаҳр Эркин Хушвақтзода баромад кард, нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, воридот ба буҷет, роҳу нақлиёт, хидматрасонӣ ва дигари соҳаҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Дар маърӯза, аз ҷумла гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,7 фоиз иҷро гардидааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5108,2 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 1657,7 млн сомонӣ ё 148 фоиз зиёд буда, 21,2 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилояти Суғд ва 12,4 фоизи маҳсулоти саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Шумораи корхонаҳои саноатӣ 4 адад афзуда, ба 61 – адад расонида шудааст.
Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 93,2 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 99,7 фоизро ташкил додааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 105 млн. 477,2 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-юм 12 млн сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.
Корҳои бунёдкорию ободонӣ ба истиқболи 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, ба ин муносибат 1094 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 110 адад бештар мебошад.
Дар маърӯза ҳамчунин фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, кор бо занону ҷавонон, фарҳанг, роҳу нақлиёт, алоқа таҳлил карда шуданд.
Дар ҷараёни баррасӣ аз муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолияти соҳаҳои вобасташуда, роҳбарони як қатор корхонаю муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта, тавсеаи корҳои бунёдкорию созандагӣ, иҷрои дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ташрифҳо ба вилояти Суғд баён доштанд, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ, бо дастовардҳои арзанда истиқбол ва таҷлил намудани ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф карда шуданд.
Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Қобилҷон Хушвақтзода сухан кард.

2026-07-03 15:45:30

ДАР ДЕҲАИ МИНДОНА МАРҲИЛАИ АВВАЛИ ФЕРМАИ МУРҒПАРВАРӢ ВА ҲАВЗҲОИ МОҲИПАРВАРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРДАНД

Дар деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои Барномаи маҷмӯавии рушди чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 марҳилаи аввали фермаи мурғпарварии соҳибкори маҳаллӣ Муфтоҳиддин Нарзиев ба фаъолият оғоз намуд
Дар ҷараёни боздид ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал ин ҷо 12 ҳазор сар ҷӯҷаи мурғи гӯштӣ ба парвариш гузошта шудааст ва он минбаъд то ба 60 ҳазор сар расонида мешавад. Ин навъи мурғҳои бройлерӣ дар муддати 40 рӯз барои куштан омода мешаванд.
Дар идомаи сафари корӣ зимни боздид аз ҳавзҳои моҳидорӣ, ки соҳибкор Аслиддин Фахриддинов дар соҳили дарёи Зарафшон ташкил кардааст, гуфта шуд, ки ин ҷо ҳоло 12 ҳазор сар моҳичаҳои навъи амури пешонисафед ба парварпиш гузошта шудааст ва он миннбаъд зиёд карда мешавад.
Зимни боздид ин иқдоми соҳибкорон шоиста арзёбӣ шуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонидани сохтмони ферма, зиёд намудани саршумори мурғ ва моҳӣ барои парвариш дастур дода шуд.

2026-07-02 09:36:17

ДАР ЗАМЧОРРАҲА КОРХОНАИ КОРКАРДИ МАЪДАН БУНЁД МЕШАВАД

Дар қарибии деҳаи Замчорраҳаи деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент ширкати ватанӣ корхонаи коркарди маъдани сурма ва тилло бунёд менамояд.
Ин мавзеъ болотар аз кӯли ҳафтуми силсилакӯлҳои Ҳафткӯл ҷойгир буда, қаблан геологҳо он ҷо захираи маъдани сурма ва тилло кашф карда буданд. Дар ин замина ҳоло Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рушди саноат” ин ҷо ба бунёди корхонаи коркарди ин маъодин шурӯъ намудааст.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ҳоло аз ҷониби ширкат бо ҷалби мутахассисон захираи маъдани кашфшуда бозбинӣ шуда, корҳои иктишофӣ идома дода мешавад.
Дар ҳудуди корхонаи ояндаи коркарди маъдан барои кормандон хобгоҳ, амбори нигоҳдории намунаҳо сохта, кушодани роҳу дигар корҳои ниҳодина идома дорад.
Бо бунёди ин корхонаи саноати кӯҳӣ даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ ва мутахассисон ба кори доимӣ ҷалб шуда, он як манбаъи муҳими ғанигардонии бучет ҳам мешавад

2026-07-02 09:24:23

ҲАФТКӮЛ – МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ КӮҲӢ ВА ИСТИРОҲАТ

Дараи Шинги шаҳри Панҷакент бо кӯлҳои афсонавии Ҳафткӯл кайҳост таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ва дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб менамояд.
Солҳои охир дар заминаи таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар ба рушди сайёҳӣ чун соҳаи фоидаовар ва шуғлофар ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар соҳил ин кӯлҳо пойгоҳҳои муҷаҳҳази сайёҳӣ ва пазироии меҳмонони дохилию хориҷӣ бунёд карда мешаванд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Шинг аз рафти бунёди чанде аз онҳо дидан намуд.
Дар соҳили кӯли Нофини ин силсилакӯлҳо соҳибкор Ҷумъабой Шаҳмаев бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои сайёҳон меҳмонхона ва пойгоҳи сайёҳӣ бунёд кардааст. Ҳоло бинои дуқабатаи меҳмонхона бо 25 ҷой ба қабули сайёҳон омода буда, дар ҳуҷраҳои он катҳои бароҳати хоб ва дигар ҷиҳози зарурӣ гузошта шудааст.
Айни замон таҷҳизонидани ошхона ва ободу зебо ва сабзкорӣ намудани саҳни пойгоҳ идома дорад.
Дар соҳили кӯли сеюми Ҳафткӯл бошад аз ҷониби соҳибкор Руслан Ҳамроқулов сохтмони калонтарин пойгоҳи сайёҳӣ дар ин минтақа бо ҳама шароити замонавӣ идома дорад.
Дар бинои сеқабата бо тарҳи зебо ҳоло корҳои пардозгарӣ ва ороишӣ бомаром идома дошта, баъди итмоми корҳо дар он то 80 нафар сайёҳон ва меҳмонон дар як вақт пазироӣ карда мешаванд.
Саҳни пойгоҳ сабзкорӣ шуда, садҳо бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида, ин ҷо бунёди фаввора низ пешбинӣ шудааст. Дар соҳили кӯл низ барои истироҳат айвон ва ҳуҷраҳо бунёд шуда, роҳаткурсиҳо гузошта шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар пойгоҳ парвариши мурғобӣ ва харгӯш низ роҳандозӣ шуда,ҳоло шумораи мурғобӣ ба 60 ва харгӯш ба 100 сар мерасад. Гӯшти парҳезии онҳо барои сайҳону меҳмонони ояндаи пойгоҳ пешниҳод мешавад.
Дар соҳили охирин кӯли Ҳафткӯл- Ҳазорчашма, низ рӯзи боздид даҳҳо нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ машғули истироҳат буданд. Ин ҷо барои пазироӣ ва хидматрасонии сайёҳон ва дӯстдорони тамошои табиати фусункори атроф соҳибкорони маҳаллӣ хаймаҳо гузоштаанд ва дар оянда ин ҷо низ бунёди пойгоҳи муҷаҳҳази сайёҳӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ҷараёни боздид аз масъулини ширкатҳои сайёҳӣ даъват шуд, ки ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, пешгирии партовафканӣ дар соҳил кӯлҳо пешгирӣ намоянд ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар мавсими сайёҳӣ ин корро зери назорати доимӣ қарор диҳад.

2026-06-21 23:21:19

БАРРАСИИ РАФТИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТИ СЕЛ ДАР ДЕҲАИ РОҶИ ДЕҲОТИ АМОНДАРА

Ҷаласаи Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бегоҳи имрӯз дар деҳаи Роҷи деҳоти Амодара, ки аз сели рӯзи 19 июн хисороти ҷиддӣ дидааст, баргузор шуд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси шаҳр, сардори ситод Абдухолиқ Холиқзода, иштироки муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Ҷамшед Кӯчаков, аъзоёни ситод, фаъолони деҳоти Амондара ва сокинони деҳаи Роҷ доир гардид, рафти бартараф намудани оқибати офати табиӣ баррасӣ шуд.
Тавре аз гузориши муовини сардори ситоди шаҳрӣ, сардори шуъбаи шаҳрии раёсати вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умед Миров зикр шуд, ба асари омадани сел ба манзилҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон, роҳ, хати обу барқ, заминҳои кишт ва амволи сокинон зиёни ҷиддӣ ворид шудааст.
Гуфта шуд, ки ба сабаби сел ба манзили истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии 43 оила ва хонаи фарҳанги деҳа селоба ворид шуда, 3 пул ва 900 метр роҳ, ду пойгоҳи обрасон, панҷ симчӯби барқ корношоям гардида,3 нақлиёти боркаш ва сабукрав, ҳашт сар чорво ба коми сел рафтааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешида, ба ин кор 5 адад техникаи муҳандисӣ, 140 нафар сарбозони қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди шаҳр ва сокинони деҳа сафарбар карда шуданд.
Давоми ду рӯз 500 метр роҳи дохили деҳа тоза карда, хати интиқоли барқ асосан барқарор намуда, аз лойоба тоза намудани манзилҳои истиқоматии сокинон ва барқарор намудани ҷӯйё, ки деҳаро бо оби полезӣ ва нӯшокӣ таъмин менамояд, бомаром идома дорад.
Ба ҳайати ситоди шаҳрӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои марбута, ҷамоати деҳот ва фаъолон дастур дода шуд, ки бо ташкили ҳашарҳо дар кӯтоҳтарин фурсат манзилҳои зиёндида аз лойоба тоза карда, қисмати боқимондаи роҳи байни деҳа барқарор карда, ба тоза намудани заминҳои наздиҳавлигӣ шурӯъ намуда, шумораи манзилҳои истиқоматӣ, ки дар минтақаи хавфноки канори селгаҳ, ҷойгиранд, муайян карда шаванд.
Ҳачунин масъулин вазифадор карда шуданд, ки ҳамаи ашёи рӯзгори сокинон, ки ба асари сел корношоям гардидаанд, ва заминҳои кишти зиёндида пурра ба ҳисоб гирифта шавад.
Таъкид шуд, ки рафти бартараф намудани оқибати офати табиӣ дар деҳа мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри қарор дорад ва барои ин аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда мешавад.

2026-06-21 15:26:16

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рӯзи 20 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №АП-952 ба ифтихорп 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент дар шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хоса, бо иштироки ҳазорон нафар сокинони ва меҳмонони пойтахти мамлакат баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим , муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бозорзода Рустам Бозор ва дигар меҳмонони ҷашнвора, бо мушоияти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз растаҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзию саноатии шаҳр дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.
Ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвора ба оромгоҳи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ гулчанбар гузоштанд.
Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт сатҳу сифат ва тарҳи намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент писанд омад ва онҳо бо камоли майл аз таомҳои миллӣ, хоса палави овозадори Панҷакент бо биринҷи “девзира”, дигар таомҳои миллӣ, даҳҳо намуд нонҳои бо ҳавас пухтаи бонувони шаҳр чошнӣ гирифтанд.
Дар оғози барномаи ҳунарии аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳр, ки дар амфитетри ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бозорзода Рустам Бозор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент изҳори сипос намуда, он намунаи боризи рушд ва нумӯи ин шаҳри бостонӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи амалии сиёсати ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол арзёбӣ карда шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба иштирокчиёни ҷашнвора Панҷакентро чун шаҳри бостонӣ, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рӯ ба рушду нумӯъ дорад, маррифӣ намуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз Панҷакент ба яке аз марказҳои калони саноатӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бунёди коргоҳи истихроҷи тиллои «Зарафшон», нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», навсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, пайваст шудани шабакаҳои барқии Панҷакент ба хатти баландшиддати ЛЭП – 500-и Ҷануб – Шимол, шинондани таҷҳизоти гаронарзиши тақсиму танзими барқ дар шабакаи мазкур, бунёди кӯчаю роҳҳои обод, муассисаҳои сершумори таъиноти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, майдонҳо, гулгаштҳои зебою фараҳбахш, ба Феҳриси мероси башарии ЮНЕСКО ворид шудани шаш ёдгории беназири таърихӣ, ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода додани беш аз ҳазор иншооти таъиноти гуногун аз ҷумлаи корҳои муҳиму бузурги иҷрошуда мебошанд.
Санъаткорони шаҳр бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд

2026-05-21 13:52:39

МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ ҶАШНВОРАИ 85- СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ЛОИҚ ШЕРАЛӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳамаҷо азиз, лекин бар ман,
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Ин ва дигар шеърҳои ноб дар тантанаҳое, ки рӯзи 20 май ба ифтихори 85- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии “Нилуфар” ва ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, устоди равоншод Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакент дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ватани азизамон бо иштироки шоирону нависандагон, олимон, санъаткорон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳаводорони ашъори шоир баргузор шуд, борҳо ба забон оварда шуд.
Меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвораро нахуст дар зодгоҳи шоир- деҳаи Мазори шарифи деҳоти Лоиқ Шералӣ, пазироӣ намуданд ва саҳни муҷассамаи устод Лоиқ, ки дар домани кӯҳи Чилмеҳроб ба гуфти шоир “ҳама рӯз интизор” аст, гулборон шуд.
Боздид аз хона -музеи устод Лоиқ Шералӣ, ки ба ифтихори ҷашнвора бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо намо ва тарҳи ҷолиб навсозӣ карда шудааст, ёдгории таърихии мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро, ки ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил аст, ба иштирокчиён таассуроти амиқ боқӣ гузошт.
Зимнан, Мазори шариф шояд ягона деҳа дар кишвар аст, ки ду ёдгории ҳудудаш- ин мақбара ва қалъаи Тали Хамтӯда- нишоне аз тамаддуни пеш аз милод, ба ин Феҳрист шомил шудаанд.
Ҷойгоҳ ва нақши устод Лоиқ Шералӣ дар шеъри муосири адабиёти тоҷикӣ- форсӣ, ҳунари суханофаринии ӯ дар конфронсӣ илмӣ- амалии ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – маҳзари ман”, ки ба ифтихори 35- солагии истиқоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи давлатии “Кохи Лоиқ” таҳти сарпарастии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент бо иштироки олимону муҳаққиқон,адибон, омӯзгорон ва дигар ҳаводорони ашъори шоир баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Конфронс бо гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи шоир дар саҳни ин кохи мӯҳташам, ироаи паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода,ки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, доктори илми филологӣ Тоҷибой Султонӣ ироа намуд ва сухани ифтитоҳии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода оғоз гардид.
Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳо Муҳаммаддовуд Саломиён, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Гулрухсор ва дигар олимону муҳаққиқон назарашонро ба вижагиҳои ашъори Лоиқ Шералӣ ва шахсияти нотакрори ӯ баён доштанд.
Дар оғози конфронс ҳамчунин ба раиси шаҳр нишони ҷашнии 90- солагии таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эъто карда шуд
Бегоҳи ин рӯз дар саҳни Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Модар яктост, Тоҷикистон яктост” бо иштироки санъаткорони ҷумҳурӣ ва шаҳр, намояндагони аҳли адабу фарҳанги мамлакат, ҳазорон нафар ҳаводорони ашъори устод Лоиқ Шералӣ оғоз гардида, то нимашаб идома ёфт.
Дар ифтитоҳи барномаи фарҳангию фароғатӣ раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни муборакбодии иштирокчиён бо 85- солагии устод дар арафаи ҷашни давлатӣ ва миллии мо- 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид шуд,ки дар доираи омодагиҳо ба ин санаи бузурги таърихи навини миллати куҳанбунёди тоҷик ҷашн гирифтани он баёнгари таваҷҷўҳи роҳбарияти олии мамлакат ба шахсиятҳои фарҳангӣ, намояндагони барҷастаи адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷик мебошад.
Дар суханрониҳо дар ин маҳфили шеъру суруд гуфта шуд, ки далели боризи татбиқи амалии ин сиёсат бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Маскваи Руссия ба Ватан овардани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад ва бузургдошти 85 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ аст.
Ёдрас карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз соли 2018 дар маросими ифтитоҳи Кохи Лоиқ ва пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи устод дар шаҳри Панҷакент дар саҳни он ба хидматҳои бузурги ӯ дар таҳкими ватандӯстию худогоҳӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ баҳои баланд дода, аз байтҳои машҳури шоир бахшида ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки ба сарҷамъ шудани миллат ва рушди Тоҷикистон ибтидо гузошт, ёдоварӣ намуданд.
Раҳми Парвардигори мо мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба таҷлили 85- солагии устод мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр куллиёти шоирро дар ду ҷилд нашр намуд ва он ба меҳмонони ҷашнвора тақдим карда шуд.
Ҷашнвораи 85- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ҳунарнамоии санъаткорони номвари кишвар, ки аз сурудҳо бар ашъори шоир мураттаб шуда буд, бо ҳузури ҳазорон нафар ҳаводорони ашъори ӯ то нимашаб идома ёфт ва субҳи имрӯз бо зиёрат аз оромгоҳи саромади шеъри тоҷикӣ- форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд хотима ёфт.
Имрӯз дар ҳар кӯю барзан, дар ҳар хонадони тоҷикон дар ҳама гӯшаҳои кишвар, дар ҳар маъракаю маросим шеърҳои устод Лоиқ тараннум карда мешавад ва чун анъана ҳар сол бахшида ба зодрӯзи шоир дар муассисаҳои таълимӣ озмуни Лоиқхонӣ баргузор мешавад. Ин далели муътамади шоири халқ ва баёнгари орзую ормонҳои халқ будани устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва нақши носутудании ӯ дар тарбияи наслҳои имрӯз ва оянда дар рӯҳияи меҳанпарастию худогоҳию худшиносӣ хоҳад буд.
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

2026-05-16 14:53:02

АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ХОДИМИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 11 марти соли 2026, № 81 яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Самарқандии шаҳри Панҷакент ба номи ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҷанговари байналмилал, собиқ раиси шаҳр Самадӣ Шакарбек Додхоҳ номгузорӣ карда шуд.
Дар маросими номгузории кӯча муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода, ҳамкорону дӯстони шодравон аз шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз саҳми арзанда дар рушди шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ, хислатҳои хуби инсонии ӯ ёдоварӣ карданд.
Гуфта шуд, ки марҳум баъди хатми Донишкадаи техникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандиси барқ дар вазифаҳои масъули давлатӣ- сардори шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе, директори кулли “Тоҷикэнергонадзор”, мудири шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент, муовини аввали раиси вилояти Суғд, муовини раиси шаҳри Душанбе кор карда, ҳамчунин соҳиби унвони илмии номзади илми иқтисод буд ва хидматҳои арзандаи ӯ бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихорӣ қадршиносӣ шудааст.
Дар давоми фаъолияти меҳнатӣ вакили Маҷлиси шаҳрӣ, вилоятӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда,то дами марг – 1 ноябри соли 2024, вазифаи муовини директори филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт.
Арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаи ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Самадӣ Шакарбек Додхоҳ таҷассуми сиёсати эҳтиромгузории Ҳукумати кишвар ба шахсиятҳои арзанда арзёбӣ карда шуд.

2026-05-09 10:49:48

МАРО ЧУН ТОҶИКИСТОНӢ САДО КУН

Чу меборад ба сар борони меҳрат,
Маро бо шеъри боронӣ садо кун!
Душанбе қиблаи армони ман шуд,
Маро чун тоҷикистонӣ садо кун!
Ин байтҳо аз шеъри “ Маро чун тоҷикистонӣ садо кун”-и дорандаи нишони “Хидмати шоиста”, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, “Нишони сухан”-и Иттифоқи нависандагон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, шоир, рӯзноманигор ва омӯзгор, раиси бахши шаҳрии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Исмоил Зарифӣ дар маҳфили адабӣ- фарҳангӣ, ки ба ифтихори 70-солагии ӯ бегоҳи дирӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки аҳли адабу фарҳанг, омӯзгорон ва ҷавонон дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев баргузор шуд, борҳо садо дод.
Соҳибҷашнро нахуст раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо ин санаи умр табрик намуда, аз хидматҳои арзандаи ӯ дар тараннуми озодию истиқлол, садоқат ба Ватан, тарбияи эҷодкорони ҷавон, омода намудани шогирдон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, муаррифии осори адибони клласик ва муосири ҳавзаи адабиёти форсӣ- тоҷикӣ, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ ёдовар шуд ва тӯҳфаи идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Абдурауф Муродӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, раиси шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадулло Шукуров, дигар адибону ҳамкорон ва дӯстон, шогирдони соҳибҷашн ӯро ба ин муносибат шодбош гуфтанд.
Маҳфили адабӣ- фарҳангӣ ба муносибати 70- солагии Исмоил Зарифӣ бо садо додани сурудҳо бар ашъори ӯ аз ҷониби санъаткорони шаҳр, тақдими китобҳои тозанашри ашъори шоир ба ҳаводорону мухлисони шеър хотима ёфт.

2026-05-09 10:15:52

МУЛОҚОТ БО ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН КАМОЛ НАСРУЛЛО

Хидматҳои арзишманди шоири тавоно ва ватансаро Камол Насрулло дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва фаъолияти ибратбахши ҷамъиятии ӯ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои адабпарвару фарҳангдӯсти миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии адабии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ордени «Шараф» ва даҳҳо ҷоизаҳои адабӣ қадршиносӣ шудааст.
Дар ин радиф дар маҳфили адабӣ-эҷодӣ, ки моҳи декабри соли гузашта ба ифтихори 75- солагии ӯ дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев баргузор шуда буд, ба шоир бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаи нав тӯҳфа шуда буд.
Рӯзи 7 май дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, академик Қобил Хушвақтзода ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар манзили наваш, ки дар қабати дуюми бинои нави баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Навободи шаҳр ҷойгир аст, мулоқот намуда, ба ӯ ҳуҷҷати соҳибмулкии онро супориданд.
Манзили нави шоир, ки аз ду ҳуҷра иборат аст, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳама ҷиҳози рӯзгор таъмин карда шудааст.
Дар сӯҳбати гарму самимӣ Камол Насрулло ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои ин ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд сидқан изҳори сипос намуд.

2026-05-05 16:00:00

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар заминаи сиёсати сӯлҳдӯстонаи Давлати Тоҷикистон муносибатҳои гуногунҷабҳаи мамлакати мо бо кишварҳои хориҷа густариш меёбад.
Дар ин замина имрӯз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алимирзамин Асғаровро зимни ташрифаш ба шаҳри Панҷакент, ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбат сафир муносибатҳои дӯстонаи ду давлат дар заминаи равобити таърихию фарҳангӣ ва иқтисодӣ, ки бо дастури роҳбарияти олии ду кишвар ва шартномаҳои байнидавлатӣ роҳандозӣ шудааст,мусбат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ӯ ба ёдгориҳои бостонии шаҳри Панҷакент, ашъори саромади адабиёти тоҷикӣ- форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад.
Ҷонибҳо омодагиашонро барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар доираи муносибатҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳор намуданд.

2026-05-04 14:17:43

САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲ

Дар деҳаи Гулистони деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода барои бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд.
Дар маросими оғози сохтмони таълимгоҳ, ки дар ҳузури омӯзгорон ва сокинони деҳа сурат гирифт, гуфта шуд, ки бинои ҳозираи таълимгоҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бинои нав аз ду қабат иборат буда, барои ба таълим фаро гирифтани 480 нафар дар як баст пешбинӣ карда шудааст.
Дар сӯҳбати ошкору самимӣ бо раиси шаҳр ба ташаббусу иқдоми аҳли деҳа баҳои баланд дода, иброз шуд, ки бинои нави таълимгоҳ бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони деҳа сохта мешавад.

2023-11-22 10:20:28

САНҶАРШОҲ – ЁДГОРЕ АЗ ҚАЪРИ АСРҲО

Бо ибтикор ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон нӯҳ ёдгории “Долони Зарафшон- Қароқум” ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО шомил шуд, ки шаҳраки Санҷаршоҳ воқеъ дар қисмати болои деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент яке аз онҳост.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳагоми сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Сӯҷина аз ин ёдгории таърихӣ дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки таҳқиқи аввалияи ёдгорӣ солҳои чилуми асри гузашта шурӯъ шуда, баъди ба истиқлол расидани кишвар идома ёфт. Дар натиҷаи ҳафриёт боқимондаҳои қалъаи мудофиавӣ, ҳуҷраҳо, дастхати матни арабӣ, куртаи кӯдакона ва дигар ашё ба даст омад, ки олимон онҳоро нодир шуморида, баҳои баланд додаанд.
Маҳз нодирияти ин шаҳрак, маводи пурқимати бозёфтшуда , мавқеи он дар илми бостоншиносии тоҷик ва минтақа имкон дод, ки ин ёдгорӣ дар қатори 9 ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номинаи ёдгориҳои ЮНЕСКО таҳти унвони «Роҳи Абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум» шомил гардад.
Ҳангоми боздид оид ба ҳифзи ёдгории мазкур, таҳқиқи минбаъда ва ба хатсайри сайёҳӣ ворид намудани он ибрози назар карда шуд.