МУЛОҚОТ БА ХОТИРИ ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО...
2025-09-30 14:24:21
Дар ин замина, раиси шаҳри Панҷакент менеҷери лоиҳаи “Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи ба тағйиёбии иқлим мутобиқшудаи замин ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ” -ро, ки дар шаҳри Панҷакент бо сармоягузории Бонки олмонии рушд (KFW) дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, Матиас Грюнингер ва коршиносони он Герҳард Дитерле ва Анна Ҷамалро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот бо изҳори ризоият аз тақвияти ҳамкориҳо гуфта шуд, ки дар заминаи лоиҳаи ёдшуда дар минтақаҳо ва соҳаҳои ҳадафӣ аз ҷониби иҷрокунандаи он – Бунёди иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, зерлоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ин лоиҳаҳо дар мӯҳлати пешбинишуда бо сифати меъёрӣ ба иҷро расонида, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда замина гузошта хоҳад шуд