Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Сайёҳӣ

ПАНҶАКЕНТ- МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ


Панҷакенти бостонӣ бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, чун Саразми 5500-сола, ки ба феҳристи ёдгориҳои фарҳангии ЮНЕСКО шомил шудааст, Панҷакенти қадим- куҳаншаҳри асрҳои 5-8, оромгоҳи саромади адабиёти классикии тоҷикӣ- форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд ва беш аз 300 ёдгориҳои дигари таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиат кайҳост, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор гирифтааст Ҳафткӯли афсонавӣ бо ҳафт мӯъҷизааш , ки гузаштагони мо хеле шоирона номгузорӣ намудаанд- Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор, Ҳазорчашма, аз ҷумлаи онҳост.Имсол аллакай ҳазорҳо нафар аз дохилу хориҷи мамлакат аз тамошои ин мӯъҷизаи табиат баҳра бурданд. Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайёҳиро соҳаи ояндадор, фоидаовару шуғлофар ва муаррифгари Тоҷикистон унвон кардаанд, соҳибкорон, шахсони хоҳишманд имкон пайдо намуданд, ки ширкатҳо ва пойгоҳҳои сайёҳӣ, кӯҳнавардӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, меҳмонхонаҳо бунёд карда, даҳҳо нафарро бо шуғл таъмин намоянд. Пойгоҳи сайёҳии “Саёҳати Ҳафткӯл”, 24 ширкати сайёҳӣ, 11 меҳмонхонаи замонавӣ, 22 хонаи меҳмонқабулкунӣ, шабакаи васеи ошхонаютарабхонаҳо, ки дар даврони истиқлол бунёд шудаанд, ҳамасола ҳазорҳо нафар ҳаводорони сайру саёҳатро қабул менамоянд. Пойгоҳи сайёҳию кӯҳнавардии “Артуч” дар мавзеи Кӯли калон, ҳанӯз аз замони шуравӣ байни сайёҳону кӯҳнавардон машҳур буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба рушди ин соҳа пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.