Рӯзи 16 октябр бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳкумати мамлакат ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи татбиқи Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва дастгирии занони ҳунарманд ва соҳибкор дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони “Пешвои миллаи-эҳёгари анъанаҳи миллӣ” форуми ҷумҳуриявӣ дар доираи ҷамъбасти озмуни ”Беҳтарин оилаи ҳунарманд” бо иштироки ҳунармандон аз ҳама минтақаҳои мамлакат баргузор шуд.
Меҳмонон ва иштирокчиёни форум дар оғоз дар саҳни Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев аз намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки маҳсули дасти ҳунармандон аз шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшон, Суғд ва шаҳри Панҷакент буданд ва марказҳои ҳунармандии шаҳр, корхонаи дӯзандагии "Маҳсул", бостоншаҳри Саразм дидан намуданд.
Дар форум муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат Мадина Набизода, Зайнура Азимӣ- муовини раиси вилояти Суғд, Сабур Собирзода- муовини якуми раис шаҳри Панҷакент иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, дар даврони истиқлол бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаю ҳунарҳои миллӣ эҳё ва рушд карда, ҳазорҳо нафар ҳунармандон, хоса бонувон, ба ин соҳа ҷалб шуда, дар муаррифии ҳунарҳои миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм гузоштанд.
Ҳунари миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва намунаи боризи он ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани чакандӯзӣ ва ба феҳристи Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ шомил шудани шаҳри Панҷакент аз рӯи сӯзанидӯзӣ ва Истравшан бо ҳунари кордсозӣ аст.
Иштирокчиёни форумро шоира Меҳринисо ,ҳунармандон ва бонувони фаъоли шаҳри Панҷакент шодбош гуфтанд.
Дар фарҷоми форум маросими бо диплом ва мукофотҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат қадршиносӣ намудани ғолибони озмуни ”Беҳтарин оилаи ҳунарманд” баргузор гардида, барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳри Панҷакент пешкаш шуд.
Дар ҷараёни форум бо бонувони барӯманди шаҳри Панҷакент, собиқ муовинони раиси шаҳр Фотима Сироҷзода, ҳоло ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Маҳбуба Ҳабибӣ ва Барно Ашӯрова мулоқот баргузор шуд.