БОЗДИД АЗ КОРГОҲҲОИ ХУРДИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ДЕҲОТИ ХУРМӢ..
2025-10-28 09:38:31
Маҳсули дасти устоҳои сандуқсози деҳаи Озодагони деҳоти Хурмӣ як ҷузъи муҳими ҷиҳози арӯсон дар шаҳру деҳоти Панҷакент аст.
Яке аз ин устоҳои сандуқсоз Сомон Фаттоҳов аст, ки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Хурмӣ бо фаъолияти ӯ шинос шуда, ба он баҳои баланд дода шуд. Сандуқҳои сохтаи ӯ бо тарҳу намуди зебо ва кандакорӣ дар бозор талабгорони зиёд доранд.
Гуфта шуд, ки устоҳои Озодагон дар шаҳри Душанбе низ устохонаҳои сандуқсозӣ кушодаанд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин бо фаъолияти коргоҳи хурди коркарди шолии соҳибкор Абдурасул Хуҷаев, ки чанд сол қабл дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шуда буд, боздид карда шуд. Он бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, дар як баст то як тонна шолиро тоза мекунад.
Дар ҷараёни боздид ҳамчунин бо рафти сохтмони маркази савдо ва хидматрсонии соҳибкор Ҳасанбой Шодиев дар деҳаи Сарикамар, мавзеъе, ки барои бунёди кӯдакистон дар дар деҳаи Озодагон ҷудо шудааст дидан карда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани сохтмон ва оғози бунёди кӯдакистон ба масъулон дастур дода шуд.
Дар маҷмӯъ дар деҳоти Хурмӣ ба муносибати 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 35 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то ин муддати соли равон 29 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.