Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДӢ
single-product

БОЗДИД АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДӢ

2025-10-31 13:20:51

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо қисмҳои низомии мустақар дар ҳуҳуди шаҳр робита ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Зимни сафари корӣ ба деҳоти Амондара раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз дидбонгоҳи сарҳадии “Ёрӣ-2”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дидан намуд.
Дар ин воҳиди низомӣ барои хидмати шоистаи афсарону сарбозон ҳамаи шароит тибқи оинномаҳои ҳарбӣ муҳайё карда шудааст. Ҳайати шахсии дидбонгоҳ бо хобгоҳи муҷаҳҳаз, хурокҳои серғизо, яроқу аслиҳа, майдони машқу тамрин таъмин буда, сарҳади давлатии кишварро содиқона ҳифз менамоянд.
Дар сӯҳбат сарбозон даъват шуданд, ки хидмати Ватанро софдилона ва содиқона баҷо оварда, дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар ҷасорату мардонагӣ нишон диҳанд.