Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

САРФА АЗ АНБОРИ ПУР

2025-10-28 12:56:32

Сокини деҳаи Озодагони деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент Абдунозир Турсунов барои таъмини маводи хурокаи оилааш ба бозор кам эҳтиёҷ дорад.
Ӯ ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш барои давраи зимистон аз замини наздиҳавлигӣ ва саҳмашон, шолӣ, картошка, помидору бодиринг, каду ва дигар сабзавот рӯёнида, захира кардаанд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз захираи маводи хурокаи оилааш иброз дошт, қисми изофаи маҳсулоти ғизоии захиракардаашро, аз ҷумла биринҷро ба бозор низ мебарорад.
Гуфта шуд, ки дар аксари оилаҳои деҳа соҳибхоназанон аз маҳсулоти рӯёнидаашон дар шакли консерва ва дар анборҳо захира кардаанд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз гармхонаи соҳибкор, сокини деҳаи Озодагон Далер Турсунов дидан намуда, аз ин иқдоми ӯ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ӯ дар замини наздиҳавлигиаш дар масоҳати 18 ба 6 метр бо дастгирии шарикони рушд гармхона сохта, дар он бодирингу помидор истеҳсол мекунад.
Дар замин наздиҳавлигиаш ҳоло ҳосили қаланфури булғорӣ, сабзӣ ва карам аз кишти такрорӣ барои ҷамъоварӣ омода аст.
Аз ин маҳсулотҳо ӯ барои давраи зимистон захира карда, ба бозор низ бароварда, аз фурӯши онҳо эҳтиёҷи оилаашро таъмин мекунад.