Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ХУРМӢ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ СОҲИЛБАНДӢ ВА ШУДГОРИ ТИРАМОҲӢ
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ХУРМӢ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ СОҲИЛБАНДӢ ВА ШУДГОРИ ТИРАМОҲӢ

2025-10-27 17:08:23

Ҳоло аз заминҳои шолизори хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Хурмӣ ҳосил ғундошта шудааст ва деҳқонон ба шудгори заминҳо машғул ҳастанд.
Тавре зимни сафари кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба деҳоти Хурмӣ ва боздид аз рафти шудгори заминҳо гуфта шуд, соли равон кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳот дар майдони беш аз панҷсад гектар шолӣ кишта, аз он ҳосили фаровон ба даст оварданд ва ҳоло шудгори заминҳои шолипая идома дорад.
Дар идомаи сафари корӣ бо рафти соҳилмустаҳкамкунии дарёи Зарафшон, ки заминҳои шоликории хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан дар он ҷо воқеъ аст, ба масъулони ҷамоати деҳот, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкороне, ки ин ҷо замин кушодаанд, хоҷагии ҷангали шаҳр дастур дода шуд, ки корҳои соҳилбандиро аз ҳоло, ки дарё камоб аст, вусъат диҳанд.
Дар идомаи боздид аз нашъунамо ва рафти парвариши дарахтони павловния дар қитъаи таҷрибавии хоҷагии ҷангал, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шудааст, шинос шуда, барои зиёд намудани ин навъи дарахтони зудрас дар дигар қитъаҳои хоҷагии ҷангал дастур дода шуд.