Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2025-08-08 10:51:15

ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИҶУМҲУРИЯВӢ

Дар даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" ва "Хушдомани беҳтарин" , ки дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ду нафар бонувони шаҳри Панҷакент ғолиб дониста шуданд.
Бонуи ҳунарманд, иштирокчӣ ва ғолиби чандин озмунҳои сатҳи гуногун Мавлуда Абдураҳмонова дар озмуни "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" дар вилоят беҳтарин дониста шуд.
Ҳакамони озмуни "Хушдомани беҳтарин" Шодиева Лӯъбатро дар қатори беҳтарин хушдоманҳои вилоят донистанд ва ӯ саовори ҷойи дуюм гардид.
  • Онҳо ба даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо роҳхат гирифтанд.

2025-08-07 13:39:20

МО ВАТАН ДОРЕМУ ОНРО ПОСБОНӢ МЕКУНЕМ

Дар доираи сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи кишвар субҳи имрӯз дар майдони фурудгоҳи шаҳри Панҷакент бо даъвати ситоди мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарии шаҳри Панҷакент ҳазорҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва садҳо адад нақлиёти мусофирбару боркаш ва хидматрасон ҷамъ омаданд.
Муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майёр Бобоҷон Саидзода ва муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент Сабурҷон Собирзода баъди боздид аз сафороии даъватшудагон, дар назди ҷамъомадагон сухан гуфта, таваҷҷӯҳи онҳоро ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, зарурати боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, осоишу амнияти аҳолӣ, пешгирии амалҳои хасмонаи созмонҳои террористию экстремистӣ, гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротӣ, воридшавии аъзои гурӯҳҳои даҳшатафкан ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир, боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон ҷалб намуда, боварӣ изҳор доштанд, ки ҷавонмардони ватандӯсти шаҳри Панҷакент ҳозир ҳастанд барои ҳимояи марзу буми кишвар якҷо бо афсарону аскарон ҷоннисорӣ намоянд. Таъкид шуд, ки дар таъмини бақову пойдории давлату давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар саҳми ҳар яки мо бояд назаррас бошад.
Иштирокчиёни ҳамоиш омодабошиашонро барои ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан изҳор намуданд ва ба иштирокчиёни фаъол сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

2025-08-05 10:11:40

ЯРМАРКАИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

Дирӯз дар саҳни коргоҳи дӯзандагии “Маҳсул” воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ярмарка- намоиш- фурӯши либоси мактабӣ ифтитоҳ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ярмарка раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иштирок намуд ва нахуст ба даҳ нафар наврасон, ки аз меҳри волидон бо амри тақдир маҳрум мондаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, имсол коргоҳи дӯзандагии ҶДММ “Маҳсул” тибқи шартнома бо муассисаҳои таълимии шаҳр барои хонандагони ҳамаи синну сол аз матоъҳои хушсифату бадошт бо тарҳи шинаму зебо либос омода кардааст ва нархи он нисбат ба либосҳои воридотии мактабӣ арзону дастрас ҳам ҳаст ва 180- 220 сомониро ташкил медиҳад.
Роҳбарияти коргоҳ тасмим гирифтааст, ки имсол ба сад нафар хонандагон аз оилаҳои эҳтиёҷманд ройгон сару либоси мактабӣ тӯҳфа намояд.
Зимни боздид аз коргоҳи дӯзандагӣ ба устоҳо ва дӯзандагон ҷиҳати эътибори ҷиддӣ ба сифат ва тарҳи либосҳои мактабӣ ва рақобатпазирӣ бо либоси воридотӣ дастур дода шуд.
Ярмаркаи либосҳои мактабӣ то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.

2025-08-04 16:17:45

ЭКО– НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮҲИИ “SEVEN LAKES -2025” БАРГУЗОР ШУД Суратгузориш

Имсол – соли панҷум аст, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи дави Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар яке мавзеъҳои хушманзараи кишвар- Ҳафткӯл, ба ифтихори солгарди ҷашни истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи варзишгарон эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳии “SEVEN LAKES - 2025” баргузор мешавад.
Тавре дар кумитаи тадорукоти ин мусобиқаи байналмилалӣ гуфтанд, дар он беш аз 200 нафар варзишгарон ва дӯстдорони дав аз даҳ давлат дар масофаҳои 3, 10 ва 21 километр дар роҳҳои кӯҳии байни кӯлҳои якум ва ҳафтуми силсилакӯлҳои Ҳафткӯл нерӯ санҷиданд.
Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти эко- ниммарафони кӯҳӣ зимни суханронии Зулфиқор Гулаҳмадзода - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Лоиқ - муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқ Холиқзода - раиси шаҳри Панҷакент ва Бахтиёр Исматзода - сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҳадафи баргузории ниммарафони мазкур оммавигардонии варзиш, ҷалби мардум ба навъи дави варзишӣ, рушди сайёҳии экологиву варзишӣ ва кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист,табодули таҷрибаи варзишгарони хориҷиву дохилӣ унвон карда шуд.
Дар маросими ҷамъбасти эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳӣ ба 18 нафар ғолибон дар масофаҳои муқарраршуда байни мардону занон, ташкилкунандагони он диплом, сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои таъсиснамудаи ҳайати тадорукоти он тақдим карда шуд.

2025-08-04 16:15:15

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ МУОСИРИ ВАРЗИШӢ

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз сиёсати
созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ,раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода майдончаи варзишии болопӯшидаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти варзишӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва маблағгузории соҳибкорони оилаи Иноятовҳо сохта шуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани бозии футбол ҳамаи шароити заруриро доро мебошад.
Зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ба ташаббускорони бунёди он изҳори сипос карда, ин иқдом дар самти рушди варзиш ва ташаккули тарзи солими ҳаёт муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ба наврасон - дӯстдорони варзиши футбол, ки дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иштирок доштанд, тӯби футбол ҳадя карда шуд.
Дар майдончаи варзишии нав нахустин бозии дӯстонаи ҷавонону наврасони шаҳраки Суғдиён баргузор шуд.

2025-08-04 16:13:19

ДЕВЗИРАИ ПАНҶАКЕНТ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ОШИ САМАРҚАНД

Ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ошпази номии шаҳр Зариф Тиллоев дар фестивали байналмилалии “Оши Самарқанд”, ки оғози моҳи ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иштирокчиён ва меҳмонони фестивал ба тарзи омода намудани палов аз биринҷи девзираи машҳур аз ҷониби ошпази шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Палов аз биринҷи девзираи Панҷакент бо таъму лаззати хоса дар қатори беҳтарин намунаи оши палов, ки дар ҷараёни ин намоиши ҳунари ошпазӣ пухта, ба ҳозирин пешкаш гардид, дониста шуд.
Баргузории ин фестивали байналмилалӣ бори дигар собит намуд, палов, ки аз қадимтарин таъомҳои миллии мо аст, дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва берун аз он кайҳо чун хуроки миллӣ пазируфта шуда, ҳаводорони он бо рушди сайёҳӣ дар саросари олам меафзояд.

2025-08-02 16:06:43

ДАР ДЕҲАИ РОҶ ВАРЗИШГОҲИ МАКТАБӢ БУНЁД КАРДА ШУД

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63-и деҳаи Роҷи Ҷамоати деҳоти Амондара бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода ва дӯстдорони варзиш майдончаи варзишии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳи варзишгоҳ гуфта шуд, он бо саҳмгузории соҳибкорон, сокинони деҳа ва дастпарварони мактаб бунёд шуда, минбаъд машғулиятҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ дар таълимгоҳ ва байни ҷавонони деҳа дар ин ҷо баргузор карда мешавад. Ба ташаббускорони бунёди варзишгоҳ изҳори сипос карда шуд.
Дар маросим ифтитоҳ ба наврасон- дӯстдорони варзиш, тӯби футбол ҳадя карда шуд.
Ин иншооти варзишӣ яке аз 15 майдончаи варзишӣ аст, ки соли равон дар шаҳр мавриди истифода қарор дода мешавад

2025-08-02 15:16:02

ИФТИТОҲИ МАҒОЗА ВА СӮҲБАТ БО СОКИНОН

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии имстиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бо сармогузории соҳибкор Муҳаммадризо Саъдиев мағозаи молҳои хурокворӣ бо номи “Афлесун” мавриди истифода қарор дода шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот дар маросими ифтитоҳи ин маркази савдо иштирок намуд.
Дар ин нуқтаи савдо , ки дар он ҳамаи анвои ғизоӣ ба савдо гузошта шудааст, барои се нафар ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб муҳаё карда шудааст.
Зимни ифтитоҳи мағоза раиси шаҳр бо сокинони деҳа оид ба мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ, тоза озода нигоҳ доштани манзили зист, тарбияи дурусти фарзандон, риояи реҷаи танзими маъракаҳо сӯҳбати самимӣ доир намуда, ба саволҳои онҳо посух гуфта шуд.

2025-08-01 16:58:33

МИНТАҚАИ ПАЗИРОИИ САЙЁҲОН ВАСЕЪ МЕШАВАД

-Рушди инфрасохтори сайёҳӣ, сохтмони меҳмонхонаҳо, омода кардани роҳбаладон ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии сайёҳӣ дар Панҷакент метавонад ба рушди иқтисоди маҳал, афзоиши ҷойҳои корӣ ва шинохти беҳтари фарҳангу таърихи тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад,- таъкид шудааст дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Панҷакент.
Дар ин замина мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои тавсеаи инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармояи соҳибкорон, ширкатҳои сайёҳӣ ба ин соҳа тадбирҳои амалӣ меандешад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ворӯ дар қисмати кӯҳии он бо бунёди меҳмонхонаҳо ва минтақаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, дар деҳаи Зимтуд бо рафти сохтмони меҳмонхонаи дорои 20 кат ва ва 5 ҷойи корӣ аз ҷониби соҳибкор Муҳиддин Пиров ва чунин меҳмонхона ва шаҳраки хаймаҳо дар мавзеъи сайёҳии Симиганҷи деҳаи Ғазза барои сайёҳону меҳмонон, ки ширкати сайёҳии “Панҷакент- интур” бунёд мекунад, шинос шуда, ин иқдоми онҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳии кӯҳӣ муҳим арзёбӣ шуд.Дар деҳаи Ғазза, ки яке аз хатсайрҳои сайёҳӣ ба кӯҳҳои Фон аз он ҷо убур мекунад, ин сеюмин меҳмонхона барои сайёҳон аст.
Дар деҳа ҳамчунин бо иқдоми соҳибкор Мурод Латифов барои парвариши гулмоҳӣ 7 ҳавз сохта шудааст. Ин навъи моҳии хушлаззат мақбули сайёҳон ва дигар меҳмонон гашта, дар ҳамин ҷо барои онҳо аз ин навъи моҳӣ таъомҳои гуногун низ пешкаш карда мешавад.
Дар мавзеъи хушманзараи Ровади деҳаи Ворӯ, дар соҳили Рӯзрӯд соҳибкор Бобо Бобозода барои пазироии 50 нафар меҳмонхона бо тарҳу нақши миллӣ месозад ва барои онҳо шароити хуби пазироию меҳмондорӣ низ муҳайё кардааст. Дар ин меҳмонхона ва мавзеъи пазироии сайёҳону меҳмонон дар мавсим 15 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.
Зимни боздид ин иқдоми соҳибкорон барои сокинони дигар минтақаҳои сайёҳии шаҳр намунаи ибрат дониста, идомаи сохтмони чунин иншоот барои рушди сайёҳӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ муҳим дониста шуд.

2025-08-01 12:50:47

ПАВЛОВНИЯ- ДАРАХТЕ, КИ ЧОҲИ НАФТ УНВОН КАРДААНД

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 1 июни соли 2023 “Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” ба тасвиб расида, ҳар сол шинонидани сад ҳазор бех аз ин дарахт пешбинӣ шудааст.
Павловния аз рӯи нишондоди манбаъҳо яке аз зудрастарин дарахтон буда, дар ҳашт сол бо риояи агротехникаи парвариш то ба сӣ метр қад мекашад ва чӯби он бо чандирӣ, мустаҳкамӣ ва тобоварӣ дар ҷаҳон беҳтарин дониста, барои рӯпӯш намудани саҳни киштиҳо, сохтани мебел ва дигар корҳои бинокорӣ фаровон истифода мешавад. Яъне, васеъ кардани майдони парвариш он воридоти чӯбу тахтаро аз хориҷи кишвар ба маротиб коҳиш медиҳад. Павловнияро ба сабаби зудрасӣ, сифати беҳамтои чӯб ва харидорони зиёд дар бозори ҷаҳонӣ “чоҳи нафт” унвон кардаанд. Аз шаҳди гули он ҳамчунин занбӯри асал беҳтарин асал ҳомил мекунад.
Дар ҳамин замина соли сеюм аст, ки дар ду қитъаи озмоишии муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеъи Киштӯдак дар шароити иқлимии гуногун дар майдони 1,3 гектар бо дастгирии шарикони рушд 1350 без ниҳоли павловния парвариш карда мешавад.
Дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз қитъаи озмоишии дарахти павловния дар соҳили дарёи Зарафшон гуфта шуд, ки он ба шароити иқлимии ин ҷо мутобиқ шуда, дар муддати се сол нисбат ба дарахти дар мо маъмули сафедор бамартиб бештар қад кашидааст.Дар қитъаи озмоишии Киштӯдак, ки нисбатан камоб аст, низ павловния соли дуюм аст хуб нашъунамо дорад.
Бо истифода аз таҷрибаи парвариши павловния дар ин қитъаҳои озмоишӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои дар оянда зиёд намудани майдони парвариши он тадбирҳои амалӣ меандешад.

2025-08-01 12:49:14

ШОЛИЗОРИ СОҲИЛИ ЗАРАФШОН

Майдонҳои кишти шолии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии Ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент,ки дар заминҳои серҳосили дарёи Зарафшон воқеъ гаштаанд, ҳоло нашъунамои хуб дошта, аз ҳосили фаровон дарак медиҳанд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз ҷамоати деҳот гуфта шуд, ки баҳори соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсӣ дар майдони 325 гектар шолӣ киштаанд. Ҳамчунин дар қисми зиёди 290 гектар заминҳои соҳилии ҳудуди хоҷагии ҷангал низ деҳқонон бо шартномаи шолӣ кишт менамоянд.
Тибқи мушоҳидаи мутахассисон парвариши шолӣ дар коперативи кишоварзии ба номи Шамсӣ Назарови деҳаи Озодагон, ки ба тухмипарварӣ машғул , нашъунамои хуб дорад. Имсол ин ҷо дар майдони 158 гектар шолии навъҳои “Панҷруд”, “Девзира”, “Аланга”, “Регар”, “Нуқус” ва “Идона” кишт кардаанд ва аз онҳо то 80-90 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот соҳибкорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд шаш коргоҳи хурди коркард сохтаанд ва шолӣ дар онҳо тоза карда , биринҷ истеҳсол карда мешавад ва он дар бозор талабгорони зиёд дорад.
Ҳамчунин ҳар сол бо идомаи корҳои соҳилбандӣ даҳҳо гектар заминҳои соҳилӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар онҳо низ асосан шолӣ парвариш карда мешавад.
Дар маҷмӯъ бо дастури Ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли шолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Имсол майдони кишти он ба 2706 гектар расонида шуд, ки назар ба соли 2020 қариб 1000 гектар бештар мебошад. Истеҳсоли шолӣ бошад аз 12140 тоннаи соли 2020, соли гузашта ба 17854 тонна расонида шуд, ки 5713 тонна зиёд аст.

2025-08-01 12:47:31

РОҲИ ОЗОДАГОН МУМФАРШ МЕШАВАД

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҷалби соҳибкорону сокинон кӯчаи асосии деҳаи Озодагони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ мумфарш карда шуд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ доданд, кӯчаи асосии деҳа, ки онро бо шаҳр мепайвандад, ҳанӯз барвақт барои мумфаршкунӣ тахту ҳамвор карда, омехтаи муми сард дар канори он рехта шуда буд.
Имруз бо ҷалби техникаи муасисаи давлатии истифодаи роҳҳои автомобилгарди шаҳр ин роҳ дар масофаи 1,4 километр мумфарш карда шуд.
Дар ҷараёни боздид ба вакили Маҷлиси шаҳрӣ Абдумаин Ҷумъаев ва сокинони деҳа барои саҳмгузорӣ дар мумфарш намудани роҳ изҳори сипос карда, барои идомаи корҳои ободонӣ дар деҳа дастур дода шуд

2025-07-31 10:58:03

ШИНОСОӢ БО РАФТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МОҒИЁН

Дар Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар доираи Барномаи рушди деҳот, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегардад, дар заминаи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон дар солҳои 2022-2027” ҳафт зерлоиҳа амалӣ карда мешавад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот бо рафти татбиқи ин лоиҳаҳо шинос шуд.
Тавре гуфта шуд, дар деҳаҳои ҷамоати деҳот шаш лоиҳа амалӣ шуда, ҳоло лоиҳаи кашидани хати оби полезӣ дар мавзеи Нови Фароғ барои обёрии 280 гектар замини лалмӣ дар деҳаҳои Пуштакӯҳ, Моғиён ва Фонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Бо амалӣ шудани лоиҳаи мазкур дар ин заминҳо боғ бунёд карда, кишти зироатҳои ғизоӣ ба роҳ монда мешавад ва ба ин васила ҷойҳои кории нав ташкил гардида, сатҳи рӯзгори сокинон беҳтар мешавад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо боғи дарахтони гуногуни мева дар деҳаҳои Фонӣ ва Пули гирдоб, ки дар 3,5 гектар бунёд карда шудаанд, гармхонаҳои оилавии сокини деҳаи Пуштакӯҳ Фозил Сияров, Хурмӣ- Бибираҷаб Маликова шинос шуда, ба онҳо барои истифодаи босамари замини байни дарахтон ва гармхона маслиҳат дода шуд.
Ба сокинони ҷамоати деҳот ҳамчунин нуқтаи қубул, коркард ва фурӯши хушкмева, ки дар доираи ин лоиҳа ташкил шудааст, хидмат мерасонад. Дар ҳамин ҷо усули нави хушконидани босифати зардолу дар қуттиҳои симтӯрӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳудуди ҷамоати деҳот инчунин ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, хушзот намудани чорвои сокинон, ташкили агроҷангал дар доираи ин лоиҳа корҳо амалӣ карда мешаванд.
Ба масъулони лоиҳаи мазкур ва баҳрабарандагони он барои назорат ба иҷрои зерлоиҳаҳо, истифодаи босамар аз имкониятҳое, ки барояшон муҳайё шудааст, дастур ва маслиҳат дода, таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

2025-07-30 11:26:38

ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МУРОДУЛЛО ШЕРАЛИЗОДА ВА БОЗДИД АЗ БЕМОРХОНА

Соли равон яке аз нахустин шаҳидони роҳи барқарор намудани сохти конститутсионии Тоҷикистон, олими таърихшинос ва сармуҳаррири вақти нашрияи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода агар барҳаёт мебуд, ба синни 80-солагӣ мерасид.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ марқади ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Кулолӣ, зиёрат намуд ва ба масъулин барои таъмиру таҷдиди он дастур дода шуд.
Дар ин боздиди корӣ ҳамчунин бо вазъи бино ва фаъолияти беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳот шинос шуда, ҷиҳати ҷустани имкониятҳо барои таъмиру таҷдиди куллии он масъулони беморхонаи марказии шаҳр ва ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр муваззаф карда шуданд.

2025-07-30 10:35:24

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ НАВИ САВДО

Дар деҳаи Марғедари Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки шаҳроҳи Панҷакент- Айнӣ аз байни он мегузарад, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр соҳибкорон нуқтаҳои зиёди тиҷорату хидматрсонӣ бунёд менамоянд.
Яке аз аз чунин иншоот маркази савдои соҳибкор С.Сангинов бо номи “Инсоф” аст, ки бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот ифтитоҳ карда шуд.
Дар маркази савдо харидорон ҳама намуди маҳсулоти саноатӣ, молҳои хоҷагӣ ва бинокориро пайдо карда метавонанд ва дар он панҷ нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

2025-07-30 09:13:49

ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ МУКОЛАМА

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи муколама оид ба мусоидат ба татбиқи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон дар солҳои 2022-2027”, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузории шарикони рушд амалӣ мешавад, бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва роҳбарони лоиҳаи мазкур баргузор шуд.
Дар ҷаласа рафти татбиқи зерлоиҳаҳо дар доираи лоиҳаи мазкур оид ба барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, бунёди сардхона ва гармхонаҳои оилавӣ, қитъаҳои ҷангал, дастрасӣ ба тухмии картошка, шолӣ ва сабзавоти хушсифат, бунёди боғҳои интенсивӣ, ташкили ниҳолхонаҳо, таъминот бо техникаи хурди кишоварзӣ дар деҳаҳои ҳадафӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳа баррасӣ гардида, ба масъалаҳои саҳмгузории ҷонибҳо дар татбиқи онҳо, дар мӯҳлати пешбинишуда ба иҷро расонидани лоиҳаҳо, ташкили мониторинг дар ин самт таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

2025-07-29 17:02:53

КИШТИ ПОЛЕЗӢ ДАРОМАД МЕОРАД

Саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Шингак”-и Ҷамоати деҳоти Хурмӣ Олим Икромов соли гузашта аз фурӯши тарбуз 50 ҳазор сомонӣ даромад гирифт.Имсол низ ӯ дар ин замин 3 ҳазор бех тарбуз шинонд ва пас аз муддате ба ҷамъоварии он шурӯъ менамояд.
Таҷрибаи ӯ собит менамояд, ки дар обу ҳавои гарми имсола аз ин зироат ҳосили фаровон ва фоидаи зиёд гирифтан мумкин аст. Бо маслиҳати мутахассисон соли оянда парвариши тарбуз дар зери плёнкаро ба роҳ монда, ҳосилнокӣ ва даромадро аз он зиёд карданӣ аст.
Дар қитъаи замини саҳмдори дигари хоҷагӣ Турсунмурод Юсуфов ба ҷамъоварии ҳосили картошка шурӯъ кардаанд. Байни ҷӯякҳои он бошад ҷуворимаккаи донӣ киштаанд ва он низ дон бастааст.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ин заминҳо собиқа лалмӣ буданд ва соли дуюм аст, ки тавассути пойгоҳи обкашии хоҷагӣ он обёрӣ мешавад.
Ба деҳқонон барои истифодаи босамари ҳар қитъа замин дастуру маслиҳат дода шуд.

2025-07-29 17:01:29

ҲАМДАРДӢ

Бегоҳи дирӯз узви Иттифоқи нависандагон ва Созмони рӯзноманигорони Тоҷикистон, нависанда ва рӯзноманигори хушному соҳибистеъдод Эҳсон Субҳон дар синни 79- солагӣ ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Дар маросими ҷанозаи ӯ, ки ин субҳ дар зодгоҳаш- деҳаи Косатароши Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент баргузор шуд, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстону ҳамкорон дар бораи ҳунари нависандагӣ ва сифатҳои неки инсонии марҳум, ҳикояю қисса ва романҳои ӯ, ки дар шакли даҳҳо китобу маҷмӯаҳо ба табъ расидаанд ва мақбули хонандагони сершумор гаштаанд, ёдвар шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нисбат ба даргузашти ин адиб ва рӯзномнигори номвар ва соҳибистеъдод ба аҳли оила ва наздикон, аҳли адабу фарҳанги шаҳр таслият изҳор менамояд.