МАҚБАРАИ МУҲАММАД БАШОРО -НАМУНАИ ҲУНАРИ НОДИРИ МЕЪМОРИИ ТОҶИКОН
2023-11-08 10:08:19
Дар даврони Истиқлол дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад,ки мо худро бештар бишносем, ба таърихи миллат таваҷҷӯҳ зоҳир намоем, аз тариқи шомил намудани намунаҳои олии ҳунари мардумӣ, ёдгориҳои беназири таърихӣ ба Феҳристи меросӣ башарии созмони ЮНЕСКО онҳоро ба оламиён муаррифӣ намоем.
Ин ҷо сухан аз яке аз нодиртарин намунаи ҳунарҳои меъмории тоҷикон дар девору дар, тоқу гумбази оромгоҳи Муҳаммади Башоро дар деҳаи Мазори шарифи шаҳри Панҷакент меравад, ки имсол дар қатори нӯҳ ёдгории таърихии Долони Зарафшон- Қароқум ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО шомил шуд. Воқеан, шояд Мазори шариф ягона деҳа дар мамлакат аст, ки ду ёдгории ҳудуди он- оромгоҳи Ҳоҷа Муҳаммади Башоро ва қалъаи Тали Хамтӯда дар як вақт ба ин Феҳрист ворид шудаанд.
Дар оғоз чанд сухан аз ҷойгоҳ ва шахсияти Хоҷа Муҳаммад Башоро. Ӯ тибқи ривоятҳо яке аз муҳаддисон ва муфассирони номвари олами ислом дониста мешавад. Муҳақиқон бо ҳамин ном аз фақеҳу муҳаддиси машҳур Муҳаммад ибни Башшор бо тахаллуси Бундор, ки дар асрҳои VIII-IX зиста, ба доираи илмии Басра шомил буд ва муҳаддиси машҳури тоҷик, муаллифи «Ал- Ҷомеъ ас-Саҳеҳ”», Муҳаммад Исмоъил Имом Бухорӣ худро шогирд ва пайрави ӯ медонад, низ ном бурдаанд. Дар ин маҷмаъаи ҳадисҳо, ки саҳеҳ дониста мешавад, Имом Бухорӣ чандин ҳадисро аз нақли Муҳаммад ибни Башшор овардааст. Муҳаммад Башоро дар синни 85 – солагӣ моҳи раҷаби 252 - и ҳиҷрӣ – баробар ба 866 мелодӣ, аз дунё гузаштааст.
Бори нахуст дар бораи оромгоҳи Муҳаммад Башоро дар рисолаи “ Самария”-и Абӯтоҳири Самарқандӣ, ки дар оғози асри 19 китобат гардидааст, ёд шудааст. Дар рисолаи «Таҳқиқот”-и Хоҷа Абулқосими Самарқандӣ аз Хоҷа Муҳаммад Башоро чун донандаю шореҳи номвари аҳодиси Пайғамбари ислом ва “табаъа тобеъин”( шахсе, ки бо ҳамсӯҳбатони пайғамбар дидор доштааст) ёд шуда, гуфта шудааст,ки қабри ӯ дар Панҷакат, 11 фарсанг аз Самарқанд, воқеъ аст.
Муҳақиқон фарзияе пешниҳод намудаанд, ки қабри муҳаддиси машҳури Басра Муҳаммад ибни Башшор шуморидани оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро дар деҳаи Мазори шариф баъдан пайдо шуда, фақеҳони Самарқанд ба сабаби дастрас набудани маълумоти саҳеҳ ва ҳамномӣ он дуро як шахс донистаанд.
Дар ҳар сурат ривоятҳои мардумӣ Хоҷа Муҳаммад Башороро аз муҳаддисони машҳури олами ислом донистаанд ва дар бораи сӯҳбати ӯ бо пайғамбар низ қиссаҳо роиҷ ҳастанд, ки онҳоро ҳанӯз соли 1870 шарқшинос А. Кун, ки дар ҳайати ҳарбиёни рус бо роҳбарии генерал А. Абрамов ба минтақаи болооби водии Зарафшон сафар кардааст, сабт намудааст.
Бунёди мақбара бо ин ҳунари нодири меъморӣ ва то кунун зиёратгоҳ шуморидани он гувоҳ аст, ки ин ҷо на як шахси оддӣ, балки нафари маълуму машҳури он замон мадфун аст.Дар ин маврид метавон як байти зодаи барӯманди Мазори шариф, зиндаёд, Шоири Халқии Тоҷикистон, устод Лоиқро аз “Ғазали шукру сипос ба зодгоҳам Мазори шариф ва ҳамдиёронам” далел овард:
Савоб омӯхт бар ман пандҳои модари пирам,
Замирам пок шуд аз сураҳои хонақоҳи ман.
Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро дар қисмати шимоли деҳаи Мазори шариф, дар ҳамвории пояи теппа ҷойгир буда, мутобиқи гуфтаи муаррихон соли 743-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба солҳои 1342-1343-и милодӣ бунёд шуда, баъдан дар асри понздаҳи милод сохтмони қисматҳои он идома ёфтааст. Ба саҳни мақбара, ки сангҳои носуфта чида шудааст, бо ду роҳ- зинапояи барози теппа ва роҳи ҳамвори қисмати шарқӣ баромадан мумкин аст. Қисмати болои мақбараро ҷангали анбӯҳи дарахтони бисёрсолаи бурс иҳота карда, ба шаҳомати он афзудааст.
Тарҳи меъморӣ ва ороиши мақбараро муҳақиқон, шарқшиносону бостоншиносони номвар чун А. Семёнов, Е. Массон, Б. Маршак, Б.Засипкин, В. Воронина, меъмор Л. Бретанитский дар солҳои гуногун таҳқиқ намуда, онро дар Осиёи Миёна нодир шуморидаанд. Маҳз ҳамин тарҳу ороиши нодир боиси ба Феҳристи мероси башарӣ шомил намудани ин ёдгорӣ гардидааст.
Олимон дар тарҳи меъморию ороиши мақбара нақшҳои ҳандасии пештоқ- даромадгоҳи онро, ки аз лой дар шакли ҳандасӣ, рустанӣ ва хатотӣ бо усули насх ва куфӣ оятҳои қуръонӣ хаттотӣ шуда, аз тарафи рост оғоз гардида, то анҷоми тарафи чап идома меёбад,хеле арзишманд ва нодир арзёбӣ намудаанд. Тибқи фарзияҳо наҷҷорони мақбара ин хаттотиву ороишотро бо лои хом сохта, пасон дар ҷояш бо усуле, ки ҳанӯз асрораш нокушуда аст, пухтаанд. Дар акси ҳол он бо таъсири муҳит наметавонист асрҳо боқӣ бимонад.
Дар охири ин намунаи наҷҷорию хаттотии олӣ ва нодир байти зайл, ки ба ҳисоби абҷад санаи бунёди биноро нишон медиҳад (соли 741 – и ҳиҷрӣ баробар ба 1342 – 1343-и мелод) баъди гузашти асрҳо имрӯз низ аз зебою хоно боқӣ мондааст, мехонед ва лаззат мебаред:
Ҳар ки моро кунад ба некӣ ёд,
Номаш андар ҷаҳон ба некӣ бод!
Дар пешорӯи даромадгоҳ, зери суфа чанд сағона бо боқимондаи устухонҳои одамон низ маҳфуз мондаанд. Намунаи чунин сағонаҳоро дар дохили мақбараи шайхҳо ва ашхоси машҳури олами ислом, аз ҷумла Шайх Фахриддин дар деҳаи Пои мазори ноҳияи Айнӣ дидан мумкин аст.
Ҳамчунин дар қисмати рости толори гунбаздори чоркунҷа чанд қабр, ки шояд аз наздикони мадфун аст, боқӣ мондаанд, ки катибасангҳои бо хати зебо ва гулмонанд орододашудаи онҳо аз ҳунари воло ва нодири гузаштагонамон башорат медиҳанд.
Муҳақиқон бар онанд, ки толори мурабаъшакли даромадгоҳи мақбара, ки дорои меҳроби зебо аст, шояд замоне масҷид ҳам будааст. Баъдан, дар ду тарафи ин толор- масҷид биноҳои дигар, аз ҷумла пас аз фавти нафаре, ки номашро гирифтаст, биноҳои дигар, аз ҷумла толор бо қабри бузугҳаҷми Муҳаммад Башоро илова шуда, он дигар то рӯзҳои мо чун макони зиёрат ва намунаи олии меъмории тоҷикон боқӣ мондааст.
Дар маркази толори асосӣ чӯби бузурги бурс, ки аз фарш то гунбад тӯл кашидааст, низ бинандагонро ба ҳайрат мегузорад. Фарзияҳо дар бораи он ки ин танаи дарахти бурсе, ки ин ҷо то замони бунёди мақбара сабз будааст ва ё чун нардбон барои бунёди гунбаз хидмат кардааст, низ роиҷ аст. Дар Теҳрон то ҳанӯз дарахтони бузурге, ки дар дохили биноҳо сабз нигоҳ дошта, болои боми онҳо соя меафкананд, ба чашм мерасанд. Ҳамчунин муҳақиқон ба анъанаи тоисломии муқаддас донистани дарахтон низ ишора кардаанд, ки имрӯз низ дар баъзе минтақаҳо боқӣ мондааст.
Чун анъана ба мисли дигар зиёратгоҳҳо атрофи мақбараи Муҳаммад Башоро низ мавзеъҳои тибқи ривоятҳо муқаддас пайдо шудаанд. Чашмаи ният, ки обашро шифобахш медонанд, Қадамҷой ва санге, ки гӯё Хоҷа Муҳаммад Башоро аспашро баставу онҷо истироҳат кардааст, аз ҳамин қабил ҳастанд.
Бино ба маълумоти муаррихон, мақбараи мазкур баъди мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро қадимтарин чунин ёдгорӣ дар минтақа буда, дар дохили худ на танҳо оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, балки пештоқи пурнақшу нигор, сангҳои дорои катиба, хона ва ҳуҷраҳои дарунбадарун, чиллахона ва қабрҳои шахсиятҳои маъруфи он замонро дар худ ғунҷондааст. Бинои мазкур ба ҷуз аз аҳамияти фарҳангӣ доштан, инчунин, санъати меъмории гузаштагони моро аз бисёр ҷиҳат рӯшан мекунад ва бозгӯи рушди ҳунарҳои меъморӣ, гилкорӣ, катибанависӣ ва хушнависии гузаштагони мо мебошад. Яъне, мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро натанҳо ба сабаби шахсияту ҷойгоҳи ӯ дар олами ислом, балки бо тарҳи меъмории худ, ки дар Осиёи Марказӣ нодир аст, низ диққати сайёҳону зоиринро ҷалб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба назари муҳаққиқон қисмате аз нақшу нигори деворҳои мақбара ба асари таъмиру таҷдиди ғайриҳирфаии собиқа зери қабати андоваҳо монда, имрӯз таҳқиқ намудани онҳо душвор аст. Ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО ворид шудани ин намунаи нодири ёдгории меъмории тоҷикон барои ба таври ҳирфаӣ таъмиру таҷдид намудан, рӯшод сохтани симои аслии нақшу нигори пинҳонмондаи он мусоидат хоҳад кард.
Бобо Солеҳзода
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент