САНҶАРШОҲ-ЁДГОРИЕ ҲАМСАНГИ ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ
2023-10-17 12:03:48
Тавре ҳамагон огоҳем, бо дастгирӣ ва мусоидати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нӯҳ ёдгории Долони Зарафшон- Қароқум ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил шуд, ки панҷ адади он дар ҳудуди шаҳри Панҷакент воқеъ гардидаанд.
Матлаби дуввум аз силсилаи Ёдгориҳои Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО дар бораи Санҷаршоҳ аст.
Соли 1947. Давлати собиқи шуравӣ нав аз даҳшатноктарин ҷанги ҷаҳонӣ раҳо шудааст. Дар яке аз рӯзҳои тобистони ин сол экспедитсияи бостоншиносии Тоҷику Рус бо сарварии шарқшиносу бостоншиноси номвари рус Александр Якубовский дар заминаи мадорики аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда ба таҳқиқи Панҷакенти Қадим ва дигар ёдгориҳои водии Зарафшон пардохт. Ва таваҷҷӯҳи бостоншиноси он замон ҷавони рус, баъдан шарқшинос ва сиккашиноси варзидаи Шӯравӣ Олга Ивановна Смирноваро теппае дар қисмати болои деҳаи Сӯҷина, ки мардум маҳал Санҷаршоҳ ном мебурданд, ҷалб намуд.
Таҳқиқи ибтидоии ёдгорӣ маҳз ҳамон сол шурӯъ шуд ва баъдан дар солҳои гуногун бостоншиносон Абдуллоҷон Исоқов ва Юсуфшоҳ Яъқубов он ҷо муддате ҳафриёти таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом доданд.
Бо ҳамин, то ба даврони истиқлол расидани Тоҷикистон ин ёдгорӣ дигар мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии бостоншиносон қарор нагирифт. Зиёда аз ин як қисмати ҳудуди он солҳои панҷоҳум ва ҳафтодуми асри гузашта, ҳамвор карда, ба боғу киштзор табдил дода шуд. Маҳз ба хотири пешгирии аз байн рафтани қалъаи Санҷаршоҳ, соли 1975 бостоншинос, ҳоло академик Юсуфшоҳ Ёқубов масъалаи ҳифзи онро ба миён гузошт ва соли 1980 иҷлосияи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон,даъвати нўҳум барои ҳифзи ин ва дигар ёдгориҳои таърихӣ қарор ба тасвиб расонид. Таъкиди ин нукта ба он хотир аст,ки маҳз ба шарофати ин тадобир қисмати муҳими ин ёдгории нодир ҳифз шуд ва имрӯз он ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО шомил гардид.
Бо ба даст омадани истиқлол таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ба таърихи ғановатманди миллат, таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ чун василаи муҳимтарини муаррифии кишвар, ҳифзи онҳо афзуд ва дар ҳамин замина соли 2001 гурӯҳи бостоншиносони тоҷик бо роҳбарии яке аз муаллифони ин матлаб (бостоншинос, номзади илми таърих, ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ Шарофиддин Қурбонов) ва ҳамтоёни олмонии онҳо бо роҳбарии шарқшинос аз Донишгоҳи Гамбурги Олмон Герд Гропп корҳои ҳафриётӣ дар қисмати ҷанубу шарқии ёдгорӣ оғоз гардида, то соли 2003 идома ёфт.
Ҳафриёти мунтазами бостоншиносӣ аз соли 2008 ин ҷониб бо роҳбарии Шарофиддин Қурбонов ва дастгирии Фонди Ҷамъияти швейтсариягӣ оид ба таҳқиқоти ёдгориҳои Авруосиё шурӯъ гардида, то имруз пайваста идома меёбад. Дар ин муддат ба ҳафриёт олимон аз Ҷамъияти швейтсариягӣ оид ба таҳқиқоти Авруосиё, як зумра бостоншиносони ҷавон, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ҷалб шуданд. Зимнан, бархе аз онҳо дар риштаи бостоншиносӣ таъқиқоти арзишманд анҷом дода, ҳоло дар муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ фаъолият доранд. Ҳамин тавр метавон гуфт, ки ёдгории Санҷаршоҳ чун Панҷакенти Қадим ба як мактаби бостоншиносӣ ҷиҳати омода намудани мутахассиони маҳаллӣ табдил ёфтааст.
Ва маҳз натиҷаи ҳамин пажӯҳишҳо оид ба пайдоиш ва аҳамияти шаҳр- қалъаи Санҷаршоҳ дар илми бостоншиносӣ барои ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил намудани ин ёдгории нодири асрҳои 5-8-и милод заминаи боэътимод гузошт.
Таҳқиқотҳо собит намуданд, ки Санҷаршоҳ яке аз шаҳракҳои шарқии Суғди асримиёнагӣ - асрҳои 5-8 ва 9-и милодӣ буда, 5,5 гектар масоҳат дошта, то имрӯз қисматҳои асосии он – шаҳристон, кӯҳандиз ва бурҷи муҳофизатӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи ҳафриёт дар қисматҳои гуногуни шаҳраки Санҷаршоҳ дар ҳашт бахши бостоншиносӣ ва хандақҳои таҳқиқотӣ ёдгориҳои зиёде ба даст омаданд. Аз ҷумлаи онҳо бурҷи муҳофизатии мудаввар мебошад, ки он дар қисмати шимолу ғарбии ёдгорӣ ҷойгир буда, соли 2008 бори нахуст аз ҷониби бостоншиносон аз зери хок озод карда шуд. Дар рафти ҳафриёт аз он маводҳои зиёди бостоншиносӣ ба даст омаданд, ки муҳимтарини онҳо дастхати арабӣ ва куртачаи кӯдакона мебошанд. Ҳафриёти соли 2011 дар доманаи шимолии бурҷ нишон дод, ки иншоотҳои нахустини он мутаалиқи асрҳои 5-6 милодӣ будаанд.
Дар натиҷаи ҳафриёт сафолпораҳои бисёре ёфт шуданд ва онҳо исботи онанд, ки дар ин ҳуҷраҳо бошандагони қалъа дар охири асри 5 ва аввали асри 6 муддате зиндагонӣ кардаанд .
Сафолпораҳои зикршуда аз рӯи таҳқиқ ва даврабандии зарфҳои сафолини Панҷакенти қадим, ки аз тарафи шодравон, доктори илмҳои таърих Борис Илич Маршак исбот гардидаанд, ба асри 5-и милод ё баъдтар аз он тааллуқ доранд. Метавон бо итминони комил тазаккур дод, ки бурҷи мазкур қабл аз кӯҳандиз сохта шудааст. Дар ҳамин ҳуҷраҳо нодиртарин бозёфти қалъаи Санҷаршоҳ- се дастхати арабии асрҳои 8-9, ба даст омад.
Зимнан, дар Осиёи Миёна, то имрӯз фақат як варақ дастхати ҳамин аср дар Қалъаи Муғи ноҳияи Айнӣ ёфт шуда, онро соли 1933, шарқшиноси маъруф, профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург Александр Фрейман таҳқиқ карда буд. Дастхати ёфтшудаи Қалъаи Муғ дар байни ҳуҷҷатҳои бойгонии Деваштич пайдо гардида, чун аксари ҳуҷҷатҳои давраи паҳншавии дини ислом бо калимаи «Бисмиллоҳирраҳмонир-раҳим» оғоз гардидааст. Он аз 13 сатр иборат буда, бо хати кӯфии тезнавис навишта шудааст. Дастхатҳо мавриди омӯзиши хатшиносони АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтанд. Онҳо дар варақаҳои алоҳидаи аз пӯсти ҳайвонот омодашуда навишта, калимаҳои «Тавҳид», «Аллоҳу Халид», «Ал-Ҳақ», «Ал-Азим» хонда мешаванд. Дар дастхати дуюм номи «Масъуд» дучор мешавад ва шояд ин ҳуҷҷат мактуби сиёсие бошад.
Хати ҳуҷҷати дар Санҷаршоҳ ёфтшуда, ба хати мактуби бойгонии ихшиди Панҷекат Деваштич монандӣ дорад ва олимон онро ҳамсол медонанд. Ин ҳуҷҷат на танҳо барои Осиёи Миёна, балки барои тамоми олами ислом, яке аз қадимтарин бозёфтҳои хаттӣ ба шумор меравад ва дар илми бостоншиносии ҷаҳони аҳамияти хосро молик аст.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамин гуна ҳуҷҷати нодир ва қиматбаҳо маҳз дар кишвари бостонии тоҷикон ёфт шудааст. Он барои омӯзиши таърихи миллати тоҷик дар давраҳои аввали паҳншавии дини ислом ва таърихи дини ислом ва алоқаҳои фарҳангии мардуми мо бо дигар мамолики мусулмонии асри 8 –и милодӣ маълумоти гаронбаҳо медиҳад.
Дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳристони Санҷаршоҳ , ки солҳои 2001-2003 ва 2011-2015 мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд, ҳуҷраҳои зиёди истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ, хумдони сафолпазӣ, намунаҳои кардакории рӯйи чӯб ( дар чӯбпораҳои сӯхта) зафрҳои зиёди сафолин ба даст омаданд, ки онҳо хоси ёдгориҳои охири асри 7 ва аввали асри 8-и милод мебошанд.
Ҳафриёти девори ҷанубии ёдгорӣ нишон дод, ки биноҳо хеле хуб, дар баъзе қисматҳо то фарши ошёнаи дуюм, боқӣ мондаанд ва аз ҳунари волои бинокорию шаҳрсозии гузаштагони мо шаҳодат медиҳанд. Дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳристон ҳуҷраҳои хоҷагидорӣ ва дуввумин хумдони сафолпазӣ, сиккаҳои зиёд пайдо гардид, ки онҳо низ далели боризи рушди ҳунармандӣ дар ин шаҳр- қалъа мебошад. Дарёфт шудани 5 пораи оинаи биринҷӣ, ки аз шоҳаншоҳии Тани Чин ба инҷо ворид шудааст, аз равобити тиҷорати сокинони шаҳрак бо дигар шаҳрҳои атрофу акноф дарак медиҳад.
Муҳимтарин бозёфт дар ин ёдгорӣ бурҷи мудаввар дар қисмати шимолу шарқии шаҳристон аст ва он аз соли 2015 инҷониб ҳафриёт шуда, ду давраи сохтмониро дар бар мегиранд. Давраи аввал ба охири асри 7 ва аввали асри 8, давраи дуввум бошад ба асри 9 мутаалиқ аст. Натиҷаҳои ҳафриёт дар ин мавзеъи ёдгорӣ нишон доданд, ки дар давраи сохтмонии аввал, яъне нимаи аввали асри 8-и милод ин ҷо як қасри боҳашамате бунёд ёфта буд ва дар нимаи дуюми аср, дар натиҷаи сӯхтори шадид хароб гаштааст. Далели ин ёфт шудани чӯбпораҳои зиёди сӯхта аст, ки аксарашон кандакорӣ шудаанд. Дар кандакориҳои рӯйи чӯб нақшҳои наботӣ, ҳандасӣ ва бузҳои кӯҳи хуб таҷассум ёфтаанд, ки намунаи онҳоро дар кандакориҳои Панҷакенти қадиму Қалъаи Ҳисорак(н.Кӯҳистони Масчоҳ) ва қасри афшинҳои Истаравшан – Қаҳ-қаҳа (н. Шаҳристон) пайдо кардан мумкин аст. Ин далели мӯътамади робитаи шаҳраки Санҷаршоҳ бо дигар шаҳрҳои нимаи аввали асри 8-и милод мебошад.
Ҳамчунин солҳои 2016-2023 аз ҳуҷраҳои гуногуни қаср пораҳои деворнигораҳо пайдо гардиданд. Ин деворнигораҳо, деворҳои ғафс, ҳуҷраҳои барҳаво, гузаргоҳҳо ва долонҳои васеъ низ аз санъати волои меъморӣ ва ҳунари устоҳои чирадасти он, шаҳомати ин қаср дарак медиҳад. Эҳимоли зиёд меравад, ки қаср солҳои 740-ум сохта, дар сӯхтори азими солҳои 770-780 хароб гардидааст. Ҳафриёти минбаъда ба мо хулосаҳои ниҳоиро бо далоили нав фароҳам хоҳанд овард.
Маҳз нодирияти ин шаҳрак, маводи пурқимати ёфтшуда , мавқеи он дар илми бостоншиносии тоҷик ва минтақа имкон дод, ин ёдгорӣ дар қатори 9 ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номинаи ёдгориҳои ЮНЕСКО таҳти унвони «Роҳи Абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум» шомил гардад.
Тадқиқоти минбаъдаи ёдгории асримиёнагии барвақтии Санҷаршоҳ барои дарки маданияти моддӣ, воқеаҳои ибтидои асри 8 ва баъдина метавонад боз ҳам далоили зиёдеро ба бостоншиносону муаррихон ва таҳқиқгарони маданияти ғанию рангини Суғдзамин фаро орад.
Ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО ворид гардидани ин ёдгории нодир масъулияти моро ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории он барои ояндагон, ба ҷаҳониён, хоса ба сайёҳон муаррифӣ намудани ин шаҳр – қалъа бештар мегардонад. Дар ин роҳ қадами нахустин гузошта шуд ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон боқимондаҳои хонаҳои маскунии қалъаи Санҷаршоҳ соли равон болопӯш гардид. Умедворем, ки ин иқдоми шоиста минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Ва ниҳоят дар бораи номи ин ёдгории нодир. «Санҷаршоҳ» ё «Санҷартеппа» аз тарафи бошандагони имрӯзаи маҳал номгузорӣ шудааст ва он ба номи Султон Санҷар - Муиззиддин Абуҳорис Аҳмад ибни Маликшоҳи Салҷуқӣ (давраи ҳукмрониаш 1118-1157) робитае надорад. Таҳқиқи ин номвожа низ кори ояндаи олимони таърихи забон аст.
Шарофиддин Қурбонов,
бостоншинос, номзади илми таърих
Бобо Солеҳзода - рӯзноманигор.