Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2026-10-13 15:02:59

БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2026.

Рӯзи 13 октябри соли равон бо мақсади баррасии рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳо зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, баён шудаанд ва тибқи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар маҷлиси фаъолони шаҳр натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар 9 моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок ва сухан кард.
Дар ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар нӯҳ моҳи соли 2026, ки аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода ироа гардид, натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр, аз ҷумла, нақшаҳои воридоти маблағ ба буҷет, нишондиҳандаҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон ва варзиш, иҷрои нақшаи бунёди иншооти таъиноти гуногун ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо таҳлил карда шуд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷо бо хизматрасонии пулакӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиард сомонӣ афзуда, нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,8 фоиз ба иҷро расонида, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 115,9 фоизро ташкил медиҳад.Бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1200 иншоот ё баробари 120 фоизи нақша сохта, ба истифода дода шуда, дар ин давра беш аз 41,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз беш аз 160 давлати хориҷа аз Панҷакент дидан намудаанд
Дар ҷаласа зимни пурсиш аз муовинони раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот таваҷҷӯҳи онҳо ба таъмини рушди босуботи соҳаҳо, иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъати кишти тирамоҳӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ҷалб карда шуд

2026-10-09 15:11:45

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ САРАЗМ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ..

Бо ҷалби соҳибкорон дар деҳоти Саразм бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои бунёд ва рушди фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ ва хидмарасонӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ дар деҳоти Саразм аз фаъолияти ҶДММ “Хишти Саразм” дидан намуд. Гуфта шуд, ки корхона давоми нӯҳ моҳи гузашта беш аз 1,2 миллион дона хишти пухта ва хом истеҳсол намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи порина хеле зиёд аст.
Ба масъулини коргоҳ барои боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ва беҳдошт сифати он, ҷалби бештари ширкатҳои бинокорӣ ва аҳолӣ барои харидории маҳсулот дастур дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ аз фаъолияти коргоҳи хурди истеҳсоли мебел ва дару тирезаҳои пластикии соҳибкорон Санҷар Алиқулов ва Абдумалик Ашрафов дар деҳаи Бостондеҳ дидан карда шуд. Он ҷо шаш нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, бо фармоиши харидорон дару тирезаҳои пластикӣ ва намудҳи гуногуни мебел месозанд.
Дар деҳаи Чимқалъа бошад мағозаи масолеҳи сохтмон, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусниддин Намозов сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин ҷо ба харидорон ҳама намуди масолеҳ ва таҷҳизоту асбобҳои бинокорӣ пешниҳод карда мешавад.
Имрӯз дар ин деҳа ҳамчунин мағозаи маводи хурокаи соҳибкор Фаррух Тӯраев дари худро ба рӯи хаидорон боз намуд.

2026-10-08 16:42:01

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ САРАЗМ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ..

Деҳоти Саразм аз калонтарин минтақаҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад ва корҳои ободонию созандагӣ дар ин ҷо мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ бо рафти бунёди як қатор иншооти бунёдшаванда дар деҳоти мазкур шинос шуд.
Дар деҳаи Абдусамад ба омӯзгорон ва сокинони деҳа,ки дар таъмири бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55, бунёди дарвоза, деворбандии атрофи он ва сафолакпӯш намудани саҳни таълимгоҳ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда шуд.
Бо саҳмгузории сокинони деҳаи Камар бошад, ҳоло сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43, ки барои ба таълим фаро гирифтани зиёда аз 600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, идома дорад. Ин ташаббуси сокинони деҳа шоиста арзёбӣ шуда, гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар таъмини таълимгоҳ бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ кӯмак менамояд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз рафти бунёди Хонаи фарҳанги деҳоти Саразм, ки бо саҳмгузоррии соҳибкор Рустам Муродов бунёд шуда, ҳоло корҳои охирини омодагӣ барои ифтитоҳ идома дорад, бунёди майдони пазироӣ ва дарвозаи шарқии шаҳр, фаъолияти бозори сарироҳии деҳқон дар шафати шоҳроҳ дидан карда шуд.

2026-10-06 15:49:55

БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ БУНЁДШАВАНДАИ “КАНЗИ ДИЁР” ВА “ДИОН – АНГИШТ- ТОҶИКИСТОН” ДАР ДЕҲОТИ МОҒИЁН

ар доираи Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои рушди саноат, бунёди корхонаҳои саноатӣ дар заминаи захираҳои фаровони кашфшудаи маъданҳои гуногун тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар ин замина ҳоло дар ҳудуди деҳоти Моғиён ҶДММ “Канзи диёр” ба бунёди корхонаи азими истихроҷу коркарди маъдани сурма машғул аст.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди ин корхонаи азими саноати кӯҳӣ гуфт шуд, то ин муддат то шаҳраки коргарону мутахассисон ва коргоҳи коркарди маъдан ба масофаи 16 километр роҳ кушода, хати барқ кашида, барои 300 нафар хобгоҳ бунёд карда шудааст.
Ҳоло бо ҷалби беш аз 180 нафар мутахассисону бинокорон сохтмони полоишгоҳ, коргоҳи коркарди маъдан, насби таҷҳизоти бетономодакунӣ, кушодани роҳ то мазеъи истихроҷи маъдан ва дигар корҳои омодагӣ идома дошта, ба истифода додани навбати аввали корхона бо фарогирии 500 нафар соли оянда пешбинӣ шудааст.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз фаъолияти коргоҳи истеҳсоли ангишти ҶДММ “Дион- Ангишт- Тоҷикистон”, ки баъди насби тағҳизоти нав ба истеҳсоли ангишт машгғул аст, шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли ангишт, зиёд кардани ҷойҳи корӣ, дарёфти бозори фурӯши маҳсулот дастур дода шуд.

2026-09-30 14:50:21

ДАР РӮЗНОМА- ИҶРОИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки имрӯз баргузор шуд, ҳозирин бо дастурҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташриф ба вилояти Суғд ва иштирок дар тантанаҳои таҷлили 35- солагии истиқлоли давлатӣ баён доштанд ва супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент шинос карда шуданд.
Дар ин замина таваҷҷӯҳи ниҳодҳои шаҳрдорӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нақшаи омодагӣ ба 40- солагии истиқлоли давлатӣ, омодагӣ ба мавсими зимистон, баррасии натиҷаҳои 9- моҳа, зиёд намудани истеҳсоли тухм, гӯшти моҳӣ, ташкили гармхонаҳои ҳозиразамон, бунёди боғҳои мева бо навъҳои ниҳолҳои интенсивӣ,ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, вусъат додани кишти тирамоҳӣ, ҷалби соҳибкорони бурунмарзӣ барои ободии шаҳру деҳот, ташкили коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳр, беҳдошти сифати алоқаи мобилӣ, зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ,захираи намудани меъёри дусолаи маводи хурока дар ҳар оила, омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҷалб карда шуд.

2026-09-28 16:12:27

ДАР МУҲОКИМА- ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент, ки имрӯз бо иштироки муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода,кормандони мақомоти молия ва бонкҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва муҳосибони ташкилоту муассисаҳои шаҳр баргузор шуд, рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, № 586 ва Қонун “Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни гузориши прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар Раҳматзода, сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Насриддин Низомзода ва дигар масъулин, пурсиши чанде аз роҳбарон ва муҳосибони ташкилоту муассисаҳо рафти иҷрои Фармони мазкур таҳлил шуда, таваҷҷӯҳи ҳозирин ба рафти амалӣ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, коҳиш додани омили инсонӣ дар муносибатҳои молиявӣ, таъмини шаффофияти он, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин раванд, беҳдошти фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ ҷалб карда шуд.

2026-09-25 16:23:09

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ВИЛОЯТӢ

Дар ҷамъбасти озмунҳои вилоятии “Беҳтарин ҳамсар”,”Беҳтарин хушдоман”,”Фарзанд- боғи падару модар”,” Беҳтарин оилаи ҳунарманд” ва “Беҳтарин хидматчии давлатӣ дар байни занон” намояндагони шаҳри Панҷакент ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.
Аз ҷумла, мудири шуъбаи осебшиносии Беморхонаи марказии шаҳр Ҷасоратхон Ансорӣ дар озмуни “Беҳтарин ҳамсар” дар вилоят беҳтарин дониста, директори ҶДММ “Ансорӣ МС” Нодира Абдумаинова дар озмуни “Беҳтарин хушдоман”, сардори шуъбаи озмоишгоҳи хуроквории бахши минтақавии Агентии Тоҷикстандарт Дилором Тошева дар озмуни “ Беҳтарин хизматчии давлатӣ дар байни занон” сазовори ҷойи дуюм ва мудири бахши ҳуқуқӣ ва кадрии бахши минтақавии Агентии Тоҷикстандарт Мастура Шодиёрова дар

2026-09-25 16:20:46

МАШВАРАТ ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ

Тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони масъули Агентии мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода бо кормандони мақомоту ниҳодҳои давлатӣ оид ба рушди малакаҳои рақамӣ машварати омӯзишӣ баргузор шуд.
Зимни матраҳ намудани ин мавзӯъ гуфта шуд, ки дар замони ҳозира рушди малакаҳои рақамии кормандони ҳамаи соҳаҳо, хоса мақомоту ташкилотҳои давлатӣ хеле муҳим аст ва ин барои ташкили ҳукумати электронӣ, роҳандозии хидматрасониҳои давлатии электронӣ заминаи боътимод мебошад.
Дар машварат ба пурсишу саволҳои иштирокчиён посух гуфта шуд

2026-09-24 10:04:26

АБӮАБДУЛЛОҲ РӮДАКӢ - ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ...

Таҳти ин унвон бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев бо иштироки олимону муҳаққиқон аз пойтахти мамлакат, Ҷумҳурии исломии Эрон, омӯзгорону донишҷӯён ва аҳли илму адаби шаҳр конфронси байналмилалии илмӣ баргузор шуд.
Дар оғози конфронс меҳмонон ва иштирокчиёни ин ҳамоиши илмиро муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода, муовини аввали Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён бо Рӯзи Рӯдакӣ шодбош гуфтанд.
Дар ҷараёни конфронс муҳаққиқиқони номвар ва варзидаи адабиёти форсӣ ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон, узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, раиси Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад Абӯризо Ҷавони Ҷаъфарӣ, адабиётшинос ва шоир Сафар Абдулло- устоди Донишгоҳи байналмилалии Абӯлайхони Ҷумҳурии Қазоқистон, адабиётшинос, узви Фарҳангистони забон ва адабёти форсӣ Абдунабӣ Сатторзода, ректори донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ ва дигар олимон дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори устод Рӯдакӣ, нашри осори шоир ва пажӯҳишҳо дар бораи он дар Тоҷикистон ва Эрон, муштаракоти забонию фарҳангии ду давлати дӯст, зарурати густариши ҳамкорию робитаҳои илмӣ дар заминаи пажӯҳиши аҳвол ва осори Рӯдакӣ чун саромади адабиёти форсӣ- тоҷикӣ, ибрози назар намуданд.
Меҳмонони ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ аз осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ – кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ боздид намуда, оромгоҳи шоирро дар зодгоҳаш зиёрат карданд ва ба арҷгузорию эҳтиром ба осор ва рӯҳи Одамушшуаро дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

2026-09-24 10:01:39

УСТОД РӮДАКӢ-РАМЗИ БЕДОРИВУ ХУДШИНОСӢ ВА АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ.

Рисолати бузурги таърихию адабии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” на танҳо чун поягузори адабиёти тоҷик, балки рамзи бедориву худшиносӣ, ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик донистаанд.
Ин баҳои Пешвои миллат ба нақши абарустод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маросими таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, ки дар шаҳри Панҷакент доир гардид, борҳо ба забон оварда шуд.
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ субҳи рӯзи 22 сентябр бо гулгузории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ, боздид аз осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи устод оғоз шуда, баъдан дар зодгоҳи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ- деҳаи Панҷруд бо иштироки аҳли адабу фарҳанг, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён идома ёфт.
Раиси шаҳр ва ҳаводорони назми оламгири шоир оромгоҳи ӯро дар Панҷруд зиёрат карда, дар пояи муҷассамаи шоир дар боғи канори рӯди Уреч ба нишони эҳтиром гул гузоштанд.
Маҳфили адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар саҳни Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷруд бо сухани табрикии раиси шаҳр оғоз шуда, барномаи ҳунарии санъаткорон, ки аз сурудҳо ба ашъори устод Рӯдакӣ, қироати шеърҳои шоир, рақсҳои ҷаззоб мураттаб шуда буд, ба иштирокчиёни ҷашнвора таассуроти ҷолиб боқӣ гузошт.
Шоми ин рӯз маҳфили бузургдошти устод Рӯдакӣ дар саҳни майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури меҳмонони ҷашнвора ва сокинони шаҳр идома ёфт ва ҳозиронро муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода бо ин рӯз табрик гуфт ва аҳли ҳунари шаҳр хотири онҳоро бо сурудҳо бар ашъори устод шод намуданд.
Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар ҳама муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳои шаҳр ҷамъомаду маҳфилҳо баргузор шуданд

2026-09-18 16:44:33

ДАР ДЕҲОТИ СӮҶИНА РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ КАРДА МЕШАВАНД

Дар деҳаи Дашти Маллаи деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба навбати дуюми мумфарш намудани роҳи кӯчаҳои деҳа шурӯъ намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, қаблан бо саҳмгузории аҳолӣ ва ҷалби техникаи роҳсозӣ масофаи 600 метр ва дар ду рӯзи охир боз ба масофаи 700 метр кӯчаҳои деҳа мумфарш карда шуд.
Мумфаршкунии кӯчаҳои деҳа ҳоло идома дорад ва то анҷоми мавсими имсола масофаи роҳҳои мумфаршшуда дар деҳа ба беш аз 2 километр ва дар оянда ба 5 километр расонида мешавад.

2026-09-18 16:43:03

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗАВОТ ВА ШОЛӢ ДАР ДЕҲОТИ ХАЛИФА ҲАСАН ВУСЪАТ МЕЁБАД

Ин баҳор кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар майдони 252,5 гектар навъҳои гуногуни сабзавот ва дар 400 гектар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон шолӣ кишта буданд ва ҳоло ҷамъоварии ҳосилро рӯз то рӯз вусъат медиҳанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти ҷамъоварии ҳосил хоҷагиҳои деҳқонии «Меҳнатобод»,«Кавола» ва «Муҳаммадалӣ» бо рафти ҷамъоварии ҳосли шолӣ, қаланфури булғорӣ, қаланфур ва прввариши сабзӣ шинос шуд.
Гуфта шуд, ки кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод» дарипарвариши қаланфури булғорӣ, сабзӣ вамдигар навъи сабзавоту картошка собиқаи зиёд доранд. Ҳоло ҳосили қаланфури булғориро тоҷирон бевосита аз сари кишт харидоӣ намуда, ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мебаранд. Ҳамчунин дар шафати шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ дастранҷашонро ба савдл гузоштаанд.
Рӯзҳои наздик онҳо ба ҷамъоварии сабзии тирамоҳӣ низ мепардозанд.
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷамъоварии навъҳои нисбатан тезпази шолӣ- девзира ва “Аланга” низ шурӯъ шудааст ва он рӯз то рӯз вусъат меёбад
Ҳосили шолӣ назар ба мушоҳидаи мутахассисон аз 55-70 сентнерӣ бештар аст

2026-09-18 09:57:06

ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БУНЁДИ МАҲАЛЛАИ НАВИ ЗАМОНАВӢ ИДОМА ДОРАД..

Дар қисмати ҷанубии шаҳри Панҷакент, дар канори маҳаллаи Рӯдакӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории соҳибкор Ҳайдаралӣ Ниёзов аз ҷониби ширкати сохтмонии “Сайёраи Зуҳал” бунёди маҳаллаи нави истиқоматии замонавӣ оғоз шуда, ҳоло идома дорад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмон иттилоъ дода шуд, дар маҳаллаи нав бунёди 19 котеҷи дуқабатаи дорои шароити мувофиқи зист пешбинӣ шуда, масоҳати онҳо дар маҷмӯъ 8500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар лоиҳаи маҳаллаи нав майдончаҳои бозии кӯдакон, таваққуфгоҳи нақлиёт, роҳравҳо ва сабзкории ҳудуди он пешбинӣ карда шудааст.
Ба соҳибкор ва масъулини ширкати паймонкор ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда ва сифати хубу намои зебо бунёд намудани маҳаллаи нав дастур дода шуд.

2026-09-18 09:55:39

ДАР МАВЗЕЪИ ИСТИРОҲАТИИ “БЕШАЗОР” СОХТМОНИ МЕҲМОНХОНАИ ДОРОИ 80 ҶОЙ ИДОМА ДОРАД

Мавзеъи истироҳатии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “ Қаҳвахонаи Бешазор”, ки дар ҷои хушобу ҳавои соҳили рӯди Зарафшон аз ҷониби соҳибкор Мавлон Солиҳов бунёд шудааст, ҳоло бо манзараи зебо,таомҳои хушлаззат, ҳавзҳои оббозию фароғат ба ҷои мақбули сокинон ва меҳмонони шаҳри Панҷакент табдил шудааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз ин мавзеъи истироҳатӣ бо рафти бунёди меҳмонхона дар ин ҷо шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони меҳмонхонаи нав барои пазироии 80 нафар меҳмонону сайёҳон пешбинӣ шуда, дар мавзеъи зебои табиати соҳили рӯд бо тарҳи замонавӣ ва шароити хуби пазироӣ идома дорад.
Ба масъулини ширкат барои дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани сохтмони меҳмонхона дастур дода шуд.

2026-09-16 10:27:33

ДЕҲАИ НАВ БАРОИ ҚАБУЛИ СОКИНОН ОМОДА КАРДА МЕШАВАД

Дар деҳаи нав барои муҳоҷирони экологӣ , ки дар шафати деҳаи Гулистони деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта мешавад, корҳои охирини омодагӣ барои маскун намудани 25 оила идома дорад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои омодагӣ гуфта шуд, ки биноҳои муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои истифода омода буда, хати обу барқ насб карда шудааст ва ҳоло кӯчаҳои деҳа ба тартиб дароварда мешавад.
Ба масъулон ҷиҳати дар мӯҳлати пешбинишуда барои ба қабул омода кардани деҳа дастур дода шуд.

2026-09-15 17:06:08

ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ТАГОБИ ХАЛҚ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ ҒӮЙТАНИ ДЕҲОТИ ВОРӮ

Бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ворӯ дар деҳаи Тагоби халқ бинои нави бунгоҳи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд он аз чор утоқи барҳаво иборат буда, бо саҳмгузории аҳолӣ ва дастгирии сохтори Кумаки аввалияи тиббӣ- санитарии шаҳр аз тариқи ҳашар сохта, бо ҳамаи таҷҳизоти тиббии зарурӣ таъмин карда шудааст.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин аз рафти бунёди бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Ғӯйтан, ки бо саҳмгузории аҳолии деҳа сохта шудааст, боздид карда шуд.
Ба ташаббускорони ин иқдом изҳори сипос карда, ба сифати сохтмон баҳои хуб дода, ба масъулон ҷиҳати дар кӯтоҳтарин муҳлат барои бо ҷиҳози корӣ ва тиббӣ таҷҳизонидани он дастур дода шуд.

2026-09-15 17:02:05

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ВОРӮ, МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН

Дар мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, бо фаъолони деҳоти Ворӯ, ки зимни сафари корӣ дар деҳаи Зимтуд баргузор шуд, масъалаҳои умдаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози мулоқот ҳозирин ва сокинони деҳот бо ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиқистон муборакбод гуфта, аз дигаргуниҳои азиме, ки дар ин солҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳр ва деҳоти Ворӯ ёдоварӣ карда шуд.
Дар мулоқот зимни баррасии корҳое, ки зимни омодагӣ ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар ҷамоати деҳот анҷом дода шудааст, таваҷҷӯҳи роҳбарият ва фаъолон ба масъалаҳои идома додани корҳои ободонӣ, ҷалби бештари соҳибкорон ва сокинон ба ин корҳо, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ, ки то ҳанӯз дар деҳаҳо сохта нашудаанд, ташкили коргоҳҳои хурди хидматрасонӣ ва истеҳсолӣ ва ба ин васила муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, ба соҳибкорӣ ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сокинон, рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла занбӯри асалпарварӣ ва паррандапарварӣ, сари вақт пардохт намудани андозҳо ва ҳаққи истифодаи оби полезӣ, эътибори ҷиддӣ ба тарбияи фарзандон, аз байн бурдани хурофот, беҳдошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ҷалб карда шуд.
Дар мулоқот ба саволу муроҷиатҳои иштирокчиён посух гуфта шуд.
Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Зимтуд маҷрӯҳи гурӯҳи якум Баҳрӣ Холмуродов, омӯзгори собиқадор Ҳамроқул Қулов ва дар деҳаи Ғӯйтан Нарзулло Сӯфиев, ки ҳоло 99 –сола буда, беш аз 60 сол ба таълиму тарбияи хонандангон машғул шудааст, аёдат карда, ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд

2026-09-12 14:46:41

МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНИ ХИДМАТИ ДАВЛАТӢ

Арҷгузорӣ ба онҳое, ки дар таҳкими низоми идории давлатӣ, пешбурди ҷомеа саҳм гузоштаанд, дар заминаи дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз амалҳои шоистаест, дар рӯзҳои таҷлили 35- солагии истиқлоли давлатӣ сурат мегирад.
Дар ин росто имрӯз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо собиқадорони хидмати давлатӣ, собиқ муовинони раиси шаҳр Эркин Аҳроров ва Хуршед Сироҷев мулоқот намуд.
Зимни сӯҳбат собиқадорон бо ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, барои саҳми арзанда дар хидмати давлатӣ ба онҳо изҳори сипос намуда, тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Собиқадорони хидмати давлатӣ ҷонибдориашонро аз сиёсати давлат ва таассуроти амиқашонро аз шукӯҳу шаҳомати таҷлили 35- солагии истиқлоли давлатӣ баён доштанд.