БОЗДИД АЗ САРДХОНАИ СОҲИБКОР
2025-10-23 08:16:11
Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди сардхонаҳо ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба таъмини бозор ва нархи он таъсиргузор аст, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тадбирҳои амалӣ меандешад. Ҳоло дар шаҳр 27 сардхона бо ғунҷоиши 5386 тонна барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ амал мекунад. Яке аз чунин сардхонаҳо дар деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакӣ воқеъ аст, ки бо саҳмгузории соҳибкор Шодимурод Акрамов сохта шудааст. Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Рӯдакӣ аз он дидан намуд. Гуфта шуд, ки ғунҷоиши ин сардхона беш аз 50 тонна буда, ҳоло дар он себ захира карда шудааст. Ба соҳибкор дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо кишоварзон захираи меваю сабзавотро дар гармхона зиёд намояд.