Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН

2025-10-22 11:41:18

Сокини деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 Парвина Шарифмуродова ба даъватҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳар оила бо кори амалӣ ҷавоб мегӯяд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба деҳоти Ёрӣ раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо захираи маҳсулоти хурокаи оилаи ӯ шинос гардид ва аз ин иқдоми ӯ қаноатмандӣ изҳор карда шуд.
Ӯ вақтҳои фориғ аз дарс ҳамроҳи аҳли оила ба деҳқонӣ машғул шуда, аз замини рӯи ҳавлӣ ва саҳмаш ҳосили фаровони ғалла, сабзавот, лӯбиёю нахуд ва дигар зироати донагӣ рӯёнида, консерва карда, дар зарфҳо гирифта, дар таҳхона нигоҳдорӣ мекунад.
Ин таҷриба дар дигар оилаҳои сокинони деҳа низ роиҷ аст.
Таҷрибаи ӯ ва дигар бонуи ҳунарманду меҳнатии деҳа намунаи ибрат ва арзандаи пайравӣ дониста шуд.