ДИДОРБИНӢ ВА АЁДАТ
2025-10-22 11:42:25
Дидорбинию мулоқот бо собиқадорони барӯманд ва аёдати шахсони имконияташон маҳдуд дар заминаи дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба ҳукми анъана даромадааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ёрӣ чанде аз онҳоро дидорбинӣ ва аёдат намуд.
Яке аз онҳо сокини деҳаи Ёрӣ, собиқадори меҳнат Сангинбой Бобоев, аст, ки беш аз чилу панҷ сол дар соҳаи молдорӣ ба ҳайси зоотехник кор кардааст ва ҳоло дар иҳотаи фарзанедону наберагон давлати пирӣ меронад.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин хоҳарон Луъбат ва Зайнура Ҷалиловҳо, ки маъюби гурӯҳи аввал ҳастанд ва маъюб Нарзимурод Нарзиев аёдат карда, ба онҳои кӯмаки пулӣ ва молӣ расонида шуд.