Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > СОҲИБКОРОН МАРКАЗҲОИ САВДО БУНЁД МЕКУНАНД
single-product

СОҲИБКОРОН МАРКАЗҲОИ САВДО БУНЁД МЕКУНАНД

2025-10-22 11:39:54

Дар заминаи таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат ба рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бунёди марказҳои савдо ва хидматрасонӣ идома меёбад.
Зимни сафари кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба деҳоти Ёрӣ маркази савдо ва дилхушии кӯдакони соҳибкор Сиёвуш Боҷалолов мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар қабати аввали бинои хуштарҳи замонавӣ маркази дилхушӣ ва бозӣ барои кӯдакон ҷойгир шуда, дар ошёнаи дуюми он фурӯши либос ва пойафзол ба роҳ монда шудааст.
Дар ин марказ чор нафар бо шуғл ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин бо рафти бунёди маркази дигари савдо, ки аз ҷониби соҳибкор Ҷовид Орифзода дар ду қабат бо тарҳи зебо сохта шудааст ва ҳоло корҳои омодагӣ барои ба истифода додан идома дорад, дидан намуда, барои зиёд намудани ҷойҳои корӣ дар он дастур дода шуд.