ШИНОСОӢ БО РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
2025-10-24 17:58:44
Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 994 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шуда, то ин муддат 86 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ҳоло дар 175 иншоот кор бомаром идома дорад ва дар онҳо беш аз 3384 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.
Рафти корҳо дар иншооти ҷашнӣ мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Дар ин росто раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳо дар як қатор иншооти бунёдшаванда, аз ҷумла таъмиру таҷдиди Осоишгоҳи “Шифо” ва бунёди Маркази оши палов дар ҳудуди он, сохтмони беморхонаи кӯдакон дорои 200 ҷой, бинои маъмурии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Панҷакент, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази тиҷоратию савдои соҳибкор Баҳодур Насриддинов дар хиёбони Рӯдакии шаҳр боздид намуд.
Зимни боздид барои дар мӯҳлат ва тарҳу намои пешбинишуда ва сифати хуб ба истифода додани онҳо дастуру супориш дода шуд.