ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН
2025-10-27 12:56:50
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии имсола ба муносибати ҷашни Меҳргон онро яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад ва ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад, унвон кардаанд.
Тантанаҳои ҷашни Меҳргон, дирӯз дар Боғи истироҳатию фароғатии Камоли Хуҷандии шаҳри Панҷакент бо баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, бо иштироки деҳқонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллҳои шаҳр таҷлил карда шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо деҳқонон сӯҳбати гарму самимӣ анҷом дод ва иштирокчиёни ҷашн, сокинони шаҳр ва хоса кишоварзонро бо ин иди миллӣ, ҷашни ҳосилу фаровонӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон шодбош гуфт.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз бо ҳам робитаи қавии маънавӣ доранд ва ҳар ду дар ду таодул – баҳорӣ ва тирамоҳӣ, ҷашн гирифта мешавад ва кишвари мо барҳақ, ватани ҷашнҳои чоргонаи миллии мо -Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон мебошад.
Оинҳои меҳргонӣ то рӯзгори мо, бахусус дар байни кишоварзон, боқӣ мондааст ва мардум ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон осудаю обод бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад. Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва нишон аз хушнудиву хушҳолии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст ва кишоварзони Панҷакент онро бо ҳосили фаровони зироат ва тақвияти кишти тирамоҳӣ ва заминагузорӣ ба ҳосили оянда таҷлил менамоянд.
Зимни боздид аз намунаҳои сӯзанӣ, ки бонувони ҳунарманди шаҳр дар идгоҳи Меҳргон ба намоиш гузоштаанд, ёдрас карда шуд, ки арафаи ин ҷашни миллӣ шаҳри Панҷакент аз ҷониби “Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф гардид, ки як дастоварди муҳим дар ҳифз ва рушди мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон мебошад.
Ба ифтихори ин ҷашни миллӣ ба фаъолони соҳаи кишоварзӣ сипосномаю тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид ва барои иштирокчиён барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорон пешкаш шуд.