ҚАБУЛИ МУРОҶИАТУ ДАРХОСТИ ШАҲРВАНДОН
2025-10-25 15:09:12
Тибқи реҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва муқаррароти қонун дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шанбеи ҳар ҳафта раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиту дархости онҳо шунида мешавад.
Ин навбат муроҷиату дархостҳо риояи реҷаи таъминот бо барқ, гирифтани қитъаи наздиҳавлигӣ ва ҷудо намудани замин барои сохтмони иншооти гуногун, таъмири роҳ, дарёфти ҷойи кор, масъалаҳои вобаста ба соҳаи маориф, расонидани кӯмаки молиявиро фаро мегирифт.
Зимни шунидани муроҷиату дархостҳо ба шаҳрвандон роҳҳои қонунии ҳалли онҳо фаҳмонида, ба ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳо дастуру супориш дода шуд.