Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ РӮДАКӢ ВА БОЗДИД АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ.
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ РӮДАКӢ ВА БОЗДИД АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ.

2025-10-22 16:44:50

Рафти иҷрои нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад.
Дар ин росто раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар ҷараёни сафари корӣ ба деҳоти Рӯдакӣ аз рафти бунёди якчанд иншооти ҷашнӣ дидан намуд.
Аз ҷумла, зимни боздид аз рафти бунёди Майдони Парчам ва толори варзиш дар деҳаи Марғедар, ки бо саҳмгузории соҳибкорон ва ҷавонони деҳа сохта мешавад, ба масъулон дастур дода шуд, ки корҳои боқимонда дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом дода, иншшот барои ба истифода додан омода карда шавад.
Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Кулолӣ рафти таъмиру таҷдиди оромгоҳ, хона - музеи шаҳиди роҳи озодӣ, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Муроддуло Шерализода, ки имсол 80- солагиаш таҷлил карда мешавад ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳа, ки номи ӯро дорад, аз назар гузаронида, барои тезонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ ба масъулони ҷамоати деҳот ва фаъолони деҳа маслиҳату дастур дода шуд.
Ин корҳои ободонӣ бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони деҳа ба ҷо оварда мешавад.
Дар деҳаи Зери Ҳисор чойхонаи хуштарҳ ва мунаққаш, ки бо саҳмгузории соҳибкорону сокинони деҳа дар бинои собиқи он дар соҳили рӯди Уреч таъмиру таҷдид карда шудааст, дидан намуда, барои ба истифодла додани он дастур дода шуд.
Рафти сохтмони маркази тиббӣ ва бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13, ба номи Файзулло Ансорӣ дар деҳаи Нигнот низ дар ин сафари корӣ мавриди боздид қарор гирифт.
Ба паймонкорон- бинокорони ширкатҳои сохтмонии “Асл” ва “”Панҷакентсоз” барои тибқи лоиҳа, бо сифати хуб ва дар мӯҳлати пешбинишуда ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ дастур дода шуд.