Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2023-10-25 16:00:07

ТАЛИ ХАМТӮДА – ЁДГОРИЕ, КИ БОЯД БИДОНЕМ

ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 17 сентябри соли равон зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ нуҳ ёдгории фарҳангии «Зарафшон-Қароқум»: Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтӯда, низоми обёрии Тоқсанкорез ва Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд.
Ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдураҳмон Пӯлодов вобаста ба ҳифзу муҳимияти яке аз ин ёдгориҳо- Тали Хамтӯда, ба АМИТ «Ховар» чунин гуфт:
— Ёдгорӣ бо номи қалъачаи Тали Хамтӯда, ки ба асрҳои II-I то милод ва асрҳои I-III ва ҳатто то асри V милодӣ рост меояд, дар доманаи қаторкӯҳи Зарафшон, километри 32-юми ҷанубу шарқи шаҳри Панҷакент, дар якҷояшавии маҷроҳои сойҳои Мазор ва Оби Сара ҷойгир шудааст.
Ёдгорӣ соли 1985 аз ҷониби Абдуллоҷон Исоқов кашф гардида, дар ҳамон замон дар ёдгорӣ хандақи таҳқиқотӣ кофта шуд. Дар натиҷаи ҳафриёти солҳои 1989 ва 1990-1991, ки аз ҷониби бостоншинос Шарофиддин Қурбонов гузаронида мешуд, ёдгорӣ қариб пурра мавриди таҳқиқ фаро гирифта шуд. Дар кори ин ҳафриёт донишҷӯёни факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) иштирок намуда буданд. Инчунин бо кори ҳафриёт гурӯҳи бостоншиносон аз Эрмитажи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Русия шинос шуда, меъмории ин ёдгориро сабт намуданд ва шарқшинос Борис Илич Маршак тарҳи меъмории онро бозсозӣ намуд.
Бинои марказии Тали Хамтӯда қариб ба таври пурра аз зери хок озод шуда, дар ошёнаи якум маҷмааи 8 ҳуҷраи алоҳида ва дар ошёнаи дуюм бурҷҳои алоҳида кушода шудаанд, ки тариқи баромадгоҳи махсус ба онҳо дастрасӣ доштанд. Инчунин тиркашҳо дар тамоми деворҳои қалъа пайдо гардиданд, ки ин аз қалъаи муҳофизатӣ будани ин ёдгорӣ шаҳодат медиҳад. Дар асоси маводи бадастомада, бахусус сафолҳо, қисмати марказии қалъа ба асрҳои I-IV милодӣ рост меояд. Дар натиҷаи ин ҳафриёт маълум шуд, ки иншооти истеҳкомшуда аз ду ошёна иборат буда, дар нақша тарҳи салибро доро мебошад.
Дар натиҷаи ҳафриёт дар ёдгории мазкур дар баъзе аз ҳуҷраҳо қабрҳои ҷудогона ошкор шуданд. Шояд фавти ин ҷасадҳо ба замони охирҳои мавҷудияти худи қалъа рост меояд. Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки ёдгории мазкур якчанд давраи мавҷудиятро дар бар мегирад.
Натиҷаи ҳафриёт ва пажуҳиши ёдгории Тали Хамтӯда дар рисолаи номзадии Шарофиддин Қурбонов ва монографияи ӯ «Ёдгориҳои замони антиқаи болооби Зарафшон» соли 2014 ва дар дигар мақолаҳои алоҳида хуб дарҷ ёфтаанд.
Муҳимияти ёдгорӣ
Таҳқиқоти сафолӣ ё худ санъати кулолгарии ёдгории Тали Хамтӯда аз лиҳози шакл, усули коркард, техникаи ороишӣ замон бо маводи дигар ёдгориҳои замони антиқаи Суғди бостон (Тали Барзу, Афросиёб, қабристонҳои атрофи Бухоро, ёдгориҳои Қашқадарё, Ёрқурғон ва ғайра) монанд аст. Ҳамчунин баъзе хусусияти шабеҳи ёдгориҳои сафолини манотиқи таърихию фарҳангии ҳамсоя – Бохтар ва Чочро дидан мумкин аст. Дар зарфҳои сафолии Тали Хамтӯда баъзе унсурҳои хосро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Махсусан зарфҳое, ки пайдоишашон бо қабати ҷасадҳои пайдошуда мусовӣ ҳастанд, ҷолиби диққат мебошанд. Бояд гӯем, ки вижагиҳои ҳунари кулолгарӣ воқеан маҳаллӣ буда, хусусияти хоси меъмории ёдгорӣ, ки дар ҳеҷ ҷо шабоҳати мукаммалро пайдо намекунанд, аз нодирияти ин ёдгорӣ дарак медиҳад.
Бешубҳа, баъзе аз зарфҳои сафолӣ мутааллиқ ба асри V милод ва баъзе аз онҳо, қадимтар аз онҳо- ба асрҳои I-III милодӣ рост меоянд, ки ин ҳам аз давраҳои мухталифи будубоши инсонҳо дар ёдгорӣ дарак медиҳад.
Ҳамин тариқ, аҳамияти ҳафриёт дар Тали Хамтӯда дар он аст, ки мо имкони таҳқиқи мавзееро пайдо намудем, ки таъсири мутақобилаи фарҳанги хеле рушднамудаи даштҳои Суғд аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар фарҳанги моддии навоҳии кӯҳистонии Суғдро дар асрҳои I-IV милодӣ инъикос менамояд. Дигар вижагии ин ёдгорӣ дар он инъикос меёбад, ки ҳафриёт дар он равшан нишон медиҳад, ки фарҳанги охирин зери таъсири фарҳанги аввал қарор гирифта, усулҳои ҳунари маҳаллӣ дар замони мавҷудият хуб ҳифз шудааст. Ба бостоншиносони тоҷик муяссар шудааст, ки дар кӯҳҳои наздикии водии Зарафшон ёдгориҳои анъанаҳои Шарқи Қадим (Медиа)-ро бо тарҳи салибшакл, ки тӯли асрҳо нигоҳ дошта шудаанд, аз зери хок озод намуда, мавриди пажуҳиш қарор диҳанд.
Масоили ҳифз ва истифодаи ёдгорӣ
Қалъаи Тали Хамтӯда мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ дорад. Ёдгорӣ дар байни маҷрои сойи Мазор ва сойи Оби Сара ҷойгир шудааст. Дар оянда Тали Хамтӯдаро метавон ҳамчун намоишгоҳи сайёҳӣ, аз қабили иншооти истеҳкоми деҳот омода намуд, зеро он мустақиман дар масири зиёратчиён ба оромгоҳи Муҳаммад Башоро, ки чанд километр дуртар аз қалъа воқеъ аст, ҷойгир шудааст. Ҳамчунин дар шафати шимолу ғарбии он- дар маҷрои чапи Сойи Мазор ёдгории дигари бостоншиносӣ- Қӯрғони Қаландар ҷойгир аст. Якҷоя ин се ёдгорӣ як маҷмаи бостоншиносӣ ва меъмориро ташкил дода, барои ташкили саёҳати фарҳангӣ заминаи муфид фароҳам меоранд. Ҳамасола ёдгории Меъмории Мақбараи Муҳаммади Башороро сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ тамошо менамоянд, аммо то кунун на ҳама меҳмонон аз мавҷудияти як ёдгории беназири дигар, чун Тали Хамтӯда иттилоъ доранд.
Имрӯз шароит фароҳам омадааст, ки тариқи воситаҳои ахбори омма аз мавҷудияти чунин ёдгориҳо ба ҳаводорони таъриху фарҳанги аҷдодӣ иттилооти бештар расонида шавад. Худи ёдгории Тали Хамтӯда бояд ба хатсайри сайёҳии фарҳангӣ ворид шавад, то ин амал ба рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат намояд. Ворид шудани ин ёдгорӣ ба қатори дигар ёдгориҳои Долони Зарафшон-Қароқум ба феҳристи ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО дар самти ҳифз, ҳимоят ва ташвиқи мероси таърихии мамлакат метавонад боз як қадами мустаҳкам гардад.

2023-10-17 12:03:48

САНҶАРШОҲ-ЁДГОРИЕ ҲАМСАНГИ ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ

Тавре ҳамагон огоҳем, бо дастгирӣ ва мусоидати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нӯҳ ёдгории Долони Зарафшон- Қароқум ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил шуд, ки панҷ адади он дар ҳудуди шаҳри Панҷакент воқеъ гардидаанд.
Қалъа ва ё шаҳраки Санҷаршоҳ- воқеъ дар 12 километрии шарқи шаҳри Панҷакент, дар паҳлӯи деҳаи Сӯҷина ва соҳили рости Моғиёндарё, аз ҷумлаи ин ёдгориҳои таърихӣ аст.
Матлаби дуввум аз силсилаи Ёдгориҳои Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО дар бораи Санҷаршоҳ аст.
Соли 1947. Давлати собиқи шуравӣ нав аз даҳшатноктарин ҷанги ҷаҳонӣ раҳо шудааст. Дар яке аз рӯзҳои тобистони ин сол экспедитсияи бостоншиносии Тоҷику Рус бо сарварии шарқшиносу бостоншиноси номвари рус Александр Якубовский дар заминаи мадорики аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда ба таҳқиқи Панҷакенти Қадим ва дигар ёдгориҳои водии Зарафшон пардохт. Ва таваҷҷӯҳи бостоншиноси он замон ҷавони рус, баъдан шарқшинос ва сиккашиноси варзидаи Шӯравӣ Олга Ивановна Смирноваро теппае дар қисмати болои деҳаи Сӯҷина, ки мардум маҳал Санҷаршоҳ ном мебурданд, ҷалб намуд.
Таҳқиқи ибтидоии ёдгорӣ маҳз ҳамон сол шурӯъ шуд ва баъдан дар солҳои гуногун бостоншиносон Абдуллоҷон Исоқов ва Юсуфшоҳ Яъқубов он ҷо муддате ҳафриёти таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом доданд.
Бо ҳамин, то ба даврони истиқлол расидани Тоҷикистон ин ёдгорӣ дигар мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии бостоншиносон қарор нагирифт. Зиёда аз ин як қисмати ҳудуди он солҳои панҷоҳум ва ҳафтодуми асри гузашта, ҳамвор карда, ба боғу киштзор табдил дода шуд. Маҳз ба хотири пешгирии аз байн рафтани қалъаи Санҷаршоҳ, соли 1975 бостоншинос, ҳоло академик Юсуфшоҳ Ёқубов масъалаи ҳифзи онро ба миён гузошт ва соли 1980 иҷлосияи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон,даъвати нўҳум барои ҳифзи ин ва дигар ёдгориҳои таърихӣ қарор ба тасвиб расонид. Таъкиди ин нукта ба он хотир аст,ки маҳз ба шарофати ин тадобир қисмати муҳими ин ёдгории нодир ҳифз шуд ва имрӯз он ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО шомил гардид.
Бо ба даст омадани истиқлол таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ба таърихи ғановатманди миллат, таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ чун василаи муҳимтарини муаррифии кишвар, ҳифзи онҳо афзуд ва дар ҳамин замина соли 2001 гурӯҳи бостоншиносони тоҷик бо роҳбарии яке аз муаллифони ин матлаб (бостоншинос, номзади илми таърих, ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ Шарофиддин Қурбонов) ва ҳамтоёни олмонии онҳо бо роҳбарии шарқшинос аз Донишгоҳи Гамбурги Олмон Герд Гропп корҳои ҳафриётӣ дар қисмати ҷанубу шарқии ёдгорӣ оғоз гардида, то соли 2003 идома ёфт.
Ҳафриёти мунтазами бостоншиносӣ аз соли 2008 ин ҷониб бо роҳбарии Шарофиддин Қурбонов ва дастгирии Фонди Ҷамъияти швейтсариягӣ оид ба таҳқиқоти ёдгориҳои Авруосиё шурӯъ гардида, то имруз пайваста идома меёбад. Дар ин муддат ба ҳафриёт олимон аз Ҷамъияти швейтсариягӣ оид ба таҳқиқоти Авруосиё, як зумра бостоншиносони ҷавон, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ҷалб шуданд. Зимнан, бархе аз онҳо дар риштаи бостоншиносӣ таъқиқоти арзишманд анҷом дода, ҳоло дар муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ фаъолият доранд. Ҳамин тавр метавон гуфт, ки ёдгории Санҷаршоҳ чун Панҷакенти Қадим ба як мактаби бостоншиносӣ ҷиҳати омода намудани мутахассиони маҳаллӣ табдил ёфтааст.
Ва маҳз натиҷаи ҳамин пажӯҳишҳо оид ба пайдоиш ва аҳамияти шаҳр- қалъаи Санҷаршоҳ дар илми бостоншиносӣ барои ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил намудани ин ёдгории нодири асрҳои 5-8-и милод заминаи боэътимод гузошт.
Таҳқиқотҳо собит намуданд, ки Санҷаршоҳ яке аз шаҳракҳои шарқии Суғди асримиёнагӣ - асрҳои 5-8 ва 9-и милодӣ буда, 5,5 гектар масоҳат дошта, то имрӯз қисматҳои асосии он – шаҳристон, кӯҳандиз ва бурҷи муҳофизатӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи ҳафриёт дар қисматҳои гуногуни шаҳраки Санҷаршоҳ дар ҳашт бахши бостоншиносӣ ва хандақҳои таҳқиқотӣ ёдгориҳои зиёде ба даст омаданд. Аз ҷумлаи онҳо бурҷи муҳофизатии мудаввар мебошад, ки он дар қисмати шимолу ғарбии ёдгорӣ ҷойгир буда, соли 2008 бори нахуст аз ҷониби бостоншиносон аз зери хок озод карда шуд. Дар рафти ҳафриёт аз он маводҳои зиёди бостоншиносӣ ба даст омаданд, ки муҳимтарини онҳо дастхати арабӣ ва куртачаи кӯдакона мебошанд. Ҳафриёти соли 2011 дар доманаи шимолии бурҷ нишон дод, ки иншоотҳои нахустини он мутаалиқи асрҳои 5-6 милодӣ будаанд.
Дар натиҷаи ҳафриёт сафолпораҳои бисёре ёфт шуданд ва онҳо исботи онанд, ки дар ин ҳуҷраҳо бошандагони қалъа дар охири асри 5 ва аввали асри 6 муддате зиндагонӣ кардаанд .
Сафолпораҳои зикршуда аз рӯи таҳқиқ ва даврабандии зарфҳои сафолини Панҷакенти қадим, ки аз тарафи шодравон, доктори илмҳои таърих Борис Илич Маршак исбот гардидаанд, ба асри 5-и милод ё баъдтар аз он тааллуқ доранд. Метавон бо итминони комил тазаккур дод, ки бурҷи мазкур қабл аз кӯҳандиз сохта шудааст. Дар ҳамин ҳуҷраҳо нодиртарин бозёфти қалъаи Санҷаршоҳ- се дастхати арабии асрҳои 8-9, ба даст омад.
Зимнан, дар Осиёи Миёна, то имрӯз фақат як варақ дастхати ҳамин аср дар Қалъаи Муғи ноҳияи Айнӣ ёфт шуда, онро соли 1933, шарқшиноси маъруф, профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург Александр Фрейман таҳқиқ карда буд. Дастхати ёфтшудаи Қалъаи Муғ дар байни ҳуҷҷатҳои бойгонии Деваштич пайдо гардида, чун аксари ҳуҷҷатҳои давраи паҳншавии дини ислом бо калимаи «Бисмиллоҳирраҳмонир-раҳим» оғоз гардидааст. Он аз 13 сатр иборат буда, бо хати кӯфии тезнавис навишта шудааст. Дастхатҳо мавриди омӯзиши хатшиносони АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтанд. Онҳо дар варақаҳои алоҳидаи аз пӯсти ҳайвонот омодашуда навишта, калимаҳои «Тавҳид», «Аллоҳу Халид», «Ал-Ҳақ», «Ал-Азим» хонда мешаванд. Дар дастхати дуюм номи «Масъуд» дучор мешавад ва шояд ин ҳуҷҷат мактуби сиёсие бошад.
Хати ҳуҷҷати дар Санҷаршоҳ ёфтшуда, ба хати мактуби бойгонии ихшиди Панҷекат Деваштич монандӣ дорад ва олимон онро ҳамсол медонанд. Ин ҳуҷҷат на танҳо барои Осиёи Миёна, балки барои тамоми олами ислом, яке аз қадимтарин бозёфтҳои хаттӣ ба шумор меравад ва дар илми бостоншиносии ҷаҳони аҳамияти хосро молик аст.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамин гуна ҳуҷҷати нодир ва қиматбаҳо маҳз дар кишвари бостонии тоҷикон ёфт шудааст. Он барои омӯзиши таърихи миллати тоҷик дар давраҳои аввали паҳншавии дини ислом ва таърихи дини ислом ва алоқаҳои фарҳангии мардуми мо бо дигар мамолики мусулмонии асри 8 –и милодӣ маълумоти гаронбаҳо медиҳад.
Дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳристони Санҷаршоҳ , ки солҳои 2001-2003 ва 2011-2015 мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд, ҳуҷраҳои зиёди истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ, хумдони сафолпазӣ, намунаҳои кардакории рӯйи чӯб ( дар чӯбпораҳои сӯхта) зафрҳои зиёди сафолин ба даст омаданд, ки онҳо хоси ёдгориҳои охири асри 7 ва аввали асри 8-и милод мебошанд.
Ҳафриёти девори ҷанубии ёдгорӣ нишон дод, ки биноҳо хеле хуб, дар баъзе қисматҳо то фарши ошёнаи дуюм, боқӣ мондаанд ва аз ҳунари волои бинокорию шаҳрсозии гузаштагони мо шаҳодат медиҳанд. Дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳристон ҳуҷраҳои хоҷагидорӣ ва дуввумин хумдони сафолпазӣ, сиккаҳои зиёд пайдо гардид, ки онҳо низ далели боризи рушди ҳунармандӣ дар ин шаҳр- қалъа мебошад. Дарёфт шудани 5 пораи оинаи биринҷӣ, ки аз шоҳаншоҳии Тани Чин ба инҷо ворид шудааст, аз равобити тиҷорати сокинони шаҳрак бо дигар шаҳрҳои атрофу акноф дарак медиҳад.
Муҳимтарин бозёфт дар ин ёдгорӣ бурҷи мудаввар дар қисмати шимолу шарқии шаҳристон аст ва он аз соли 2015 инҷониб ҳафриёт шуда, ду давраи сохтмониро дар бар мегиранд. Давраи аввал ба охири асри 7 ва аввали асри 8, давраи дуввум бошад ба асри 9 мутаалиқ аст. Натиҷаҳои ҳафриёт дар ин мавзеъи ёдгорӣ нишон доданд, ки дар давраи сохтмонии аввал, яъне нимаи аввали асри 8-и милод ин ҷо як қасри боҳашамате бунёд ёфта буд ва дар нимаи дуюми аср, дар натиҷаи сӯхтори шадид хароб гаштааст. Далели ин ёфт шудани чӯбпораҳои зиёди сӯхта аст, ки аксарашон кандакорӣ шудаанд. Дар кандакориҳои рӯйи чӯб нақшҳои наботӣ, ҳандасӣ ва бузҳои кӯҳи хуб таҷассум ёфтаанд, ки намунаи онҳоро дар кандакориҳои Панҷакенти қадиму Қалъаи Ҳисорак(н.Кӯҳистони Масчоҳ) ва қасри афшинҳои Истаравшан – Қаҳ-қаҳа (н. Шаҳристон) пайдо кардан мумкин аст. Ин далели мӯътамади робитаи шаҳраки Санҷаршоҳ бо дигар шаҳрҳои нимаи аввали асри 8-и милод мебошад.
Ҳамчунин солҳои 2016-2023 аз ҳуҷраҳои гуногуни қаср пораҳои деворнигораҳо пайдо гардиданд. Ин деворнигораҳо, деворҳои ғафс, ҳуҷраҳои барҳаво, гузаргоҳҳо ва долонҳои васеъ низ аз санъати волои меъморӣ ва ҳунари устоҳои чирадасти он, шаҳомати ин қаср дарак медиҳад. Эҳимоли зиёд меравад, ки қаср солҳои 740-ум сохта, дар сӯхтори азими солҳои 770-780 хароб гардидааст. Ҳафриёти минбаъда ба мо хулосаҳои ниҳоиро бо далоили нав фароҳам хоҳанд овард.
Маҳз нодирияти ин шаҳрак, маводи пурқимати ёфтшуда , мавқеи он дар илми бостоншиносии тоҷик ва минтақа имкон дод, ин ёдгорӣ дар қатори 9 ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номинаи ёдгориҳои ЮНЕСКО таҳти унвони «Роҳи Абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум» шомил гардад.
Тадқиқоти минбаъдаи ёдгории асримиёнагии барвақтии Санҷаршоҳ барои дарки маданияти моддӣ, воқеаҳои ибтидои асри 8 ва баъдина метавонад боз ҳам далоили зиёдеро ба бостоншиносону муаррихон ва таҳқиқгарони маданияти ғанию рангини Суғдзамин фаро орад.
Ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО ворид гардидани ин ёдгории нодир масъулияти моро ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории он барои ояндагон, ба ҷаҳониён, хоса ба сайёҳон муаррифӣ намудани ин шаҳр – қалъа бештар мегардонад. Дар ин роҳ қадами нахустин гузошта шуд ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон боқимондаҳои хонаҳои маскунии қалъаи Санҷаршоҳ соли равон болопӯш гардид. Умедворем, ки ин иқдоми шоиста минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Ва ниҳоят дар бораи номи ин ёдгории нодир. «Санҷаршоҳ» ё «Санҷартеппа» аз тарафи бошандагони имрӯзаи маҳал номгузорӣ шудааст ва он ба номи Султон Санҷар - Муиззиддин Абуҳорис Аҳмад ибни Маликшоҳи Салҷуқӣ (давраи ҳукмрониаш 1118-1157) робитае надорад. Таҳқиқи ин номвожа низ кори ояндаи олимони таърихи забон аст.
Шарофиддин Қурбонов,
бостоншинос, номзади илми таърих
Бобо Солеҳзода - рӯзноманигор.

2023-09-21 09:39:47

«ПОМПЕЙИ ОСИЁИ МИЁНА» МИЛЛАТРО МУАРРИФӢ МЕКУНАД

Бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангии кишвар ба ҷаҳониён дар даврони истиқлол корҳои зиёде анҷом дода мешавад.
17 сентябр зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим: «Зарафшон-Қароқум» (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Дар саҳифа ва сомонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар бораи панҷ ёдгории таърихии шаҳр , ки ба ин Феҳрист шомил шудаанд, мақолаҳо нашр карда мешаванд
Ҳоло матлаби нахустин дар бораи Панҷакенти қадим.
Харобаҳои яке аз шаҳрҳои қадимии сарзамини тоҷикон - Панҷакенти қадими асрҳои V-VIII бо бозёфтҳои нодир ва гаронбаҳои таърихию фарҳангии худ кайҳост, ки маълуму машҳури ҷаҳон гаштааст.
Бозёфти бойгонии нодири ҳокими охирини Панҷакенти қадим - Деваштич аз қалъаи кӯҳи Муғ баҳори соли 1932 аз тарафи чӯпонҳо Ҷӯра Мирзоалӣ, Аюб Маллазода ва Баҳридин Соҳибзода аз деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ сабаб шуд барои омӯзиши ин шаҳри қадим. Пас аз омӯзиш шарқшиносон, мардумшиносон ва бостоншиносон ба ҳафриёти Панҷакенти қадим оғоз намуданд. Тирамоҳи соли 1932 бо ташаббуси собиқ котиби якуми комитети партиявии ноҳия Абдуҳамид Пӯлодӣ бойгонии нодири бозёфтшуда ба базаи тоҷикистонии Академияи фанҳои ИҶШС барои омӯзиш супурда мешавад.
Комитети Марказии ПК Тоҷикистон аз 14-уми октябри соли 1933 қарор қабул намуд, ки бо сардории профессор Фрейман ва иштироки муҳаққиқон В.Воробёв, А.Василев барои ҳафриёти қалъаи кӯҳи Муғ экспедитсияи бостоншиносӣ - таҳқиқотӣ ташкил карда шавад. Худи ҳамин сол кор оғоз ёфт. Дар натиҷаи таҳқиқоти кӯтоҳмуддат зиёда аз 400 адад ашёи фарҳангӣ ҷамъоварӣ гардид, ки аз онҳо 6 ададро тангаҳои суғдӣ ва 82 ададро хуҷҷатҳои дастнавис дар рӯи қоғаз, чарм ва чӯб сабтшуда ташкил медоданд.
Дар асоси омӯзиши бозёфтҳои нодири қалъаи кӯҳи Муғ, соли 1946 бо ташаббуси котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, бо роҳбарии шарқшинос, аъзо- корреспонденти АФ ИҶШС, академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Якубовский экспедитсияи бостоншиносии Тоҷику Суғд ташкил карда шуд.
Ин экспедитсия аз соли 1946 то имрӯз ба ҳафриёт ва омӯзиши Панҷакенти ќадим машғул аст. Ба ҳайати он олимони намоён М.Даяконов, А.Белиниский, А.Тереножкин, И.Бенкович, меъмор В.Воронина, сиккашинос О.Смирнова, бостоншиносон А.Манделштам, Б.Ставиский, О.Болшаков, В.Лившис, В.Луконин, Е.Зеймал, Б.Маршак, В.Распопова, В.Шкода ва дигарон дохил шуда, дар солҳои гуногун таҳқиқотҳои илмӣ гузарониданд. Як гурӯҳ олимони тоҷик ба мисли Н.Неъматов, А.Ҷалилов, А.Исоқов, Ю.Ёқубов, С.Пӯлодов, Т.Отахонов, X.Муҳиддинов, С.Марофиев, Д.Абдуллоев, А.Раззоқов. С.Бобомуллоев, У.Эшонкулов, Ш.Қурбонов дар ҳайати ин экспедитсия ба таҳқиқоти илмию бостоншиносӣ машғул шуданд.
Зиёда аз 76 сол аст, ки бостоншиносон дар харобаҳои Панҷакенти қадим ҳафриёт мебаранд. Дар ин муддат Панҷакент ба яке аз марказҳои калонтарини омӯзиши бостоншиносии Осиёи Миёна ва ҷаҳон табдил ёфт. Ҳоло онро олимон «Ганҷинаи таърихи тоҷик» ва ба тариқи рамз «Помпеи Осиёи Миёна», «Флоренсияи хурди Шарқ» меноманд. Дар ҳақиқат, ин мавзеъ шоистаи ин номҳои ифтихорӣ мебошад. Ҳоло дар бораи Панҷакенти қадим садҳо асарҳои илмӣ навишта шудаанд, ки оиди таърихи пайдоиши шаҳри қадима ва харобшавии он маълумоти дақиқ медињанд.
Панҷакенти қадими асрҳои V-VIII дар Осиёи Миёна ягона шаҳри пеш аз истилои араб мебошад, ки нисфи ҳиссаи кофташудаи он аллакай дар бораи сохти шаҳрҳои ибтидои асримиёнагӣ маълумоти пурра медиҳад.
То солҳои охир дар адабиёти таърихӣ ақидае роиҷ буд, ки шаҳрҳои мусулмонӣ аз се қисм (куҳандиз, шаҳристон ва работ) ва пеш аз ислом аз ду қисм (куҳандиз ва шаҳристон) иборатанд. Таҳқиқоти Панҷакенти қадим ин фикрро рад кард ва исбот намуд, ки қисми сеюми шаҳр – работ, ҳанӯз дар замони пеш аз истилои араб ба вуҷуд омада будааст.
Дар асоси бозёфтҳо исбот гардид, ки шаҳри пешазисломӣ аз чор қисм: куҳандиз-ҷои шоҳнишин ва қасри ӯ, шаҳристон-ҷои шаҳриён, ашрофон, рӯҳониён, тоҷирон ва ҳунармандон, работ - қисми берун аз девори шаҳристон ва қабристон иборат будааст. Қабристонҳои пешазисломии Осиёи Миёна ба монанди як деҳа иборат аз дахмаҳои зиёде буданд.
Тибқи сарчашмаҳои хаттӣ дар куҳандиз-қасри шоҳ, хонаҳои истиқоматии хешон ва наздикони шоҳ, дабистон барои кӯдакони шоҳ ва сарватмандон, зиндон, дидбонгоҳ, биноҳои зист ҷойгир буданд. Ҳафриёти куҳандизи Панҷакенти қадим ин ахбори сарчашмаҳои хаттиро пурра тасдиқ намуд. Аз қасри шоҳ ёфтани алифбои суғдӣ ва арабӣ исботи ин фикрҳо аст.
Ба шарофати ҳафриёти Панҷакенти қадим мо дар бораи мавҷуд будани ду ибодатгоҳи дини зардуштӣ бо ҳавлиҳои дохилӣ ва берунӣ дар маркази шаҳристон, бозори шаҳрӣ, ҳашт кӯча ва даҳ паскӯча, роҳрав, маҳалҳои зист, хонаҳои давлатмандон, миёнаҳолон, камбағалон, дӯконҳои савдо, заргарӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ ва ғайра маълумоти зиёди илмӣ пайдо кардем. Маълум гардид, ки аксари биноҳои шаҳристон дуошёна ва ҳатто сеошёна буда, аз хишти хом ва похса сохта шудаанд.
Панҷакенти қадим дар таърихи омӯзиши меъмории халқи тоҷик бозёфтҳои зиёд дохил кард. Дар асоси ин бозёфтҳо исбот шуд, ки биноҳо дар аввали асрҳои миёна дуошёна, сеошёна, балкондор, гунбазпӯш, тоқпӯш ва равоқпӯш будаанд. Ҳатто ақидае буд, ки гунбазро гӯё ба Осиёи Миёна арабҳо оварда бошанд. Бозёфтҳои меъмории Панҷакент, Бунҷакат, Кофирқалъа ин ақидаро рад намуданд.
Дигар навигарие, ки Панҷакенти қадим ба таърихи Осиёи Миёна дохил кардааст, сиккашиносии суғдӣ мебошад. Дар асоси бозёфти тангаҳо сиккашиносон таърихи сикка задани онҳо, робитаҳои маданию савдоии дохили шаҳр, байни вилоятҳои Суғд ва Осиёи Миёнаро муайян намудаанд. Ғайр аз тангаҳое, ки дар шаҳр сикка зада мешуданд, боз тангаҳои шоҳони Суғд, Бухоро, Истаравшан, Фарғона, Чоч ва ғайра ба даст омаданд, ки шоҳиди савдои васеи дохилӣ ва хориҷии Панҷакенти қадим мебошад.
Бозёфти деворнигораҳои зиёд номи Панҷакенти қадимро дар ҷаҳон машҳур кардааст. Бостоншиносон дар бисёр биноҳои истиқоматӣ ва динии шаҳристон асарҳои барҷастаи рассомони Суғдро ёфтанд. Дар байни онҳо лавҳаҳои ҷангии зиёде монанди набарди Рустам бо аждаҳо, ҷангҳои тан ба тан, шамшерзанӣ, найзазанӣ, ҷангҳои саворагон, муҳосираи кӯшк ва ғайра ба назар мерасанд. Деворнигораҳои Варахша, Афросиёб ва Бунҷакат нишон медиҳанд, ки Фирдавсии бузург «Шоҳнома»-и худро дар асоси афсонаю ривоятҳо, расму оинҳо ва падидаҳои таърихии гузаштагони мо- суғдҳо, бохтариҳо, портҳо, хоразмиён, яъне орённажодони Хуросони Бузург навиштааст. Дар деворнигораҳо акси худоёни зиёде ба назар мерасад. Маълум аст, ки дар он давра дар байни суғдҳо парастиши худоёни зиёд расм буд. Махсусан, худоёни офтоб, моҳтоб ва ҳафт сайёра шӯҳрат доштанд. Беҳуда нест, ки 7 рӯзи ҳафтаи суғд ба 7 сайёра бахшида шудааст.
Расмҳои рӯи девори Панҷакенти қадим нишон медиҳанд, ки суғдҳо худозани ҳосилот бо номи Нанайна ё Анохито, худои ҷанг - Баҳром ва худои бузургтарине ба монанди Аҳурамазда доштаанд. Дар байни суғдҳо парастиши ҳайкалчаҳои худоён роиҷ буд, ки дар сарчашмаҳо бо номи санъатпарастӣ ё бутпарастӣ машҳур аст. Ҳафриёти даҳсолаҳои охири шаҳристон нишон доданд, ки ҷараёнҳои мухталифи диниву мазҳабии зардуштия, монавия, будоия, масеҳия арзи вуҷуд доштаанд.
Панҷакенти ќадим яке аз сарчашмаҳои кашфнашудаи забони суѓдї мебошад. Соли 1964 бостоншиноси тоҷик А.Исоқов аз куњандизи шоҳи Панҷакент порчаи сафолеро дарёфт намуд, ки дар рӯи он алифбои забони суғдӣ сабт шуда буд. Чанд сол пас матни калони дини насрониро ба забони суғдӣ пайдо карданд. Чунин осори хаттӣ ҳар сол дар рўи сафолпораҳо, сангпораҳо ва устухонҳо пайдо мешаванд, ки хазинаи забони суғдиро ғанӣ мегардонанд. Ҳатто дар рӯи як сафолпора бо ҳурофоти суғдӣ ва ранги сиёҳ номи шоҳи охирини Панҷакент бо як калима - «Деваштич» сабт шудааст.
Бостоншиносон А.Беленитский, В.Располова, Б.Маршак менависанд, ки номи Суғд аввалин бор дар навиштаҷоти хати мехи «шоҳи шоҳон»- Дорои Кабир (асри VI) ҳангоми номбар кардани халқҳои зердасташ ёдовар мешавад. Дар бораи суғдиён Ҳеродот низ маълумот медиҳад.
Ин ном дар бисёр ҳуҷҷатҳо ва асарҳои таърихи номбар гаштааст. Муаррих В.Томашек тахмин карда, ки вожаи «суғд» аз «Рахшидан», «Сӯхтан» гирифта шудааст. Дар луғатҳои тафсирии форсӣ - тоҷикӣ онро чун «пастие, ки дар он об ҷамъ мешавад» шарҳ додаанд.
Сарчашмаҳои арабӣ ва форсӣ - тоҷикӣ шаҳодат медиҳанд, ки Суғд бо маънои васеаш водии Зарафшон ва Қашқадарёро дар бар мегирифт. Аз рӯи маълумоти таърихшиносон ва бостоншиносон В.Шишкин, Н.Неъматов, Б.Литвинский, С.Толстов, Е.Неразик маълум гардид, ки дар асрҳои VI-VIII ҳудуди давлати Суғд қариб аз 10 рустои мустақил бо номҳои Маймурғ, Кеш (Шаҳрисабз), Нахшаб (Қаршї), Бухоро, Варахша, Пайканд, Кӯшония, Иштихон, Панҷакент иборат буда, ҳамаи онҳо тобеи маркази давлати Суғд - Самарқанд будаанд.
«Дар ноҳияи ҷанубии Зарафшон ғайр аз Самарқанд шаҳрҳои калон набуданд, масҷиди ҷомеъ фақат дар шаҳри Панҷакент мавҷуд буд. Дар атрофи шаҳр дарахтони мевадори бисёре ба чашм менамуданд, қисми зиёди онҳоро чормағз ва бодом ташкил мекард», - чунин навишта буд дар бораи Панҷакент - географи бузурги асри X. Муқаддасӣ. Ин ахбори таърихӣ ба Панҷакенти асрҳои X-XI мансуб буда, ба давраи салтанати Сомониён мувофиқ аст.
Пас аз истилои араб сокинони Панҷакенти қадим дар масофаи 4 километр шимолу - шарқии шаҳри имрӯза, дар баландии соҳили чапи дарёи Зарафшон маскан гирифта, шаҳре бино карданд. Ин шаҳр дар таърих бо номи Панҷакенти кӯҳна машҳур буд, ки онро Панҷакенти сеюм мешуморем ва он ба асрҳои X-XI мансуб аст.
Панҷакенти ќадим шояд ягона ёдгории таърихии мамлакат аст, ки беш аз 77 сол боз пайваста таҳқиқ мешавад. Ҳар сол дар фасли тобистон бостоншиносони Тоҷикистон ва Русия ин ҷо ҳафриёт мегузаронанд. Нишони ин робитаи қавии илмӣ марқади яке аз муҳаққиқони намоёни Панҷакенти қадим, бостоншиноси варзида Борис Маршак аст, ки тибқи васияташ ин ҷост. Марҳум соли 2006 ҳангоми ҳафриёт дар Панҷакенти қадим вафот карда буд.
Панҷакенти қадим ҳанӯз соли 1979 мамнӯъгоҳи таърихї - фарҳангӣ эълон шуда, дар ин замина ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои он баъзе корҳо анҷом ёфтанд.
Он на як ёдгории таърихї, балки як шаҳрест, ки тавассути заҳматҳои зиёди бостоншиносон кашф шудааст.
Ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳон аз Панҷакенти қадим - «Помпейи шарқ», осорхонаи назди ёдгорӣ, Осорхонаи миллӣ дар пойтахт ва ҳам Эрмитажи Санкт - Петербург, ки барои Панҷакенти қадим толори махсус ҷудо кардаанд, боздид мекунанд ва ба ин васила номи тоҷику Тоҷикистонро ба ақсои олам мебаранд.
Ҳоло бошад, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва сармоягузории шарикони рушд лоиҳаи ҳифз ва барқарорсозии ин ёдгории беназири таърихи миллат мавриди иҷро қарор дорад. Ба Феҳристи фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани ин ёдгории нодир худ далели муътамади таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат ба таърих, арҷгузорӣ ва муаррифии он барои ҷаҳониён мебошад.
Исматулло Раҳматуллоев,
номзади илми таърих
Бобо Солеҳзода,
рӯзноманигор