Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2026-09-12 14:15:26

ДАР НУРИСТОН БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲ БАРОИ 900 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Ин субҳ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, деҳаи Нуристони деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент таҳсилро дар бинои нави таълимгоҳ оғоз намуданд.
Дар ин ҷо бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бинои иловагии таълимгоҳ, ки дар ду қабат бунёд шуда, дорои 18 синфхона мебошад ва барои ба таҳсил фаро гирифтани 900 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар ҳузури омӯзгорону хонандагон ва аҳли деҳаҳои Нуристон ва Чорводор мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳ муассиса гуфта шуд он бо саҳмгузории сокинони деҳа дар ҳаҷми беш аз 11 миллион сомонӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд шудааст.
Таълимгоҳ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози таҳсил таъмин шуда, дар маросими ифтитоҳ барои синфхонаи компутарӣ боз 10 адад компутар тақдим карда шуд.
Дар ҷамъомад ба муносибати ифтитоҳи бинои нав сокинони деҳа бо 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, аз онҳо даъват шуд, ки корро барои нав кардани болопӯши бинои пешинаи таълимӣ ва рангубори он, сохтмони бинои кӯдакистон дар назди мактаб оғоз намоянд. Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъмини шиферро барои болопӯши бинои таълимгоҳ ба ӯҳда мегирад.
Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ фаъолон барои саҳми арзанда дар бунёди бинои нави таълимгоҳ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин нӯҳумин бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ аст, ки имсол дар оғози соли нави таҳсил ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр мавриди истифода қарор дода шуд.

2026-09-07 16:29:42

ТАБРИКИ АФСАРОНУ АСКАРОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз -7 сентябр, дар қисмҳои ҳарбии воқеъ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои идона баргузор шуд.
Зимни боздид раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзлда бо шароити хизмат ва фаъолияти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ шинос шуда, дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хонаи фарҳанги қисми ҳарбӣ ва хобгоҳи нав барои сарбозон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар биноҳои нави хонаи фарҳанг толори ҷамъомад,осорхона, толори мутолиа ҷойгир буда, дар хобгоҳи нав ҳамаи шароит барои истироҳати сарбозон фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиаи мамлакат афсарону сарбозон ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфта шуд, ки ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва марзу буми Ватан вазифаи пурифтихори ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, афсарону сарбозон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ хизмати содиқона анҷом медиҳанд.
Дар идомаи боздид ба афсарону сарбозон барои хизмати содиқона, ба роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳое, ки барои бунёди иншоотҳои нав дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ саҳм гузоштаанд, сироснома ва нишонҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.
Барои афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд.

2026-09-07 12:53:32

ДАР ГУЗАШТИ НИЗОМӢ БА ИФТИХОРИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БЕШ АЗ 2000 НАФАР ИШТИРОК НАМУДАНД

Субҳи 7 сентябр дар хиёбони Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба ифтихори ҷашни бузурги таърихии 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 2000 нафар афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди шаҳр ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ аз корхонаю ташкилоту муассисаҳо гузашти низомӣ баргузор шуд.
Гузашти низомӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода оғоз ёфт.
Гуфта шуд, ки аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидани Тоҷикистон, баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар асос гузошта шуд ва тӯли даврони истиқлол он ба нерӯи муқтадири ҳифзи озодӣ, фазои сулҳу салоҳ, амнияти ҷомеъа табдил ёфт.
Иштирокчиёни гузашти низомӣ бо қадамзании устувору сарбаландона ва ифтихор аз Ватани озоду обод садоқаташонро ба ғояҳои истиқлоли Ватан, сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи дастовардҳои истиқлол собит намуданд.

2026-09-04 17:48:35

РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ...

4 август, дар хиёбони марказии шаҳри Панҷакент ба номи Абӯадуллоҳ Рӯдакӣ ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва беш аз 30 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳамаи соҳаҳои иҷтисодию иҷтимоии шаҳр раҳпаймоии идона баргузор шуд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо шиору овезаҳои тараннумгари истиқлоли кишвар, парчами давлатӣ, аксҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қаҳрамонони Тоҷикистон, намоиши дастоварҳои даврони истиқлол садоқаташонро ба Ватани озоду обод ва сиёсати Давлати Тоҷикистон иброз доштанд

2026-09-04 17:47:25

НЕК БОДО, ҲАМВАТАН, МИЛОДИ ИСТИҚЛОЛ!

антанаҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент
Бегоҳи рӯзи 3 август дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр, меҳмонон-намояндагони ҳокимияти ҳамсояноҳияҳои Ургут, Тайлоқ ва Ҷонбойи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, беш аз даҳ ҳазор нафар сокинони шаҳру деҳот, ҷомеаҳои меҳнатии корхонаю муасисаҳои шаҳр, тантанаҳои таҷлили ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат оғоз шуд.
Ҳозирон ва сокинони шаҳрро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода аз номи Ҳукумати мамлакат, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода аз номи муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо ин ҷашни бузурги давлатӣ ва миллӣ шодбош гуфтанд.
Дар идомаи тантанаҳои идона ба иштирокчиёни ҷашнвора намоиши театрикунонида ва барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки тарраннумгари истиқлолу ваҳдату озодӣ ва обдии Ватани озоду соҳибистилол буданд, пешкаш карда шуданд ва чорабинии идона бо оташпароканӣ-салюти идона анҷом ёфт.

2026-09-03 17:16:53

МАРОСИМИ ҚАДРШИНОСӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба як қатор намояндагони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаю унвону нишонҳои ифтихорӣ супорида шуд.
Аз ҷумла, ба собиқадори соҳаи тандурустӣ, ҷарроҳи кӯдакон Бегмурод Адҳамов, мудири шуъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи марказии шаҳр Ҳикматулло Яҳёзода ва собиқ омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Нигнот Сафарбой Собиров, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудаанд, ин мукофоти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ба як гурӯҳ намояндагони соҳаҳои тибу маориф, саноату сохтмон, соҳибкорон, хадамоти бонкӣ, хидматрасонӣ, аҳли фарҳанг ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, нишону унвонҳои ифтихорӣ супорида шуд

2026-08-25 17:25:51

РОҲИ ДЕҲАИ МИНДОНА МУМФАРШ КАРДА ШУД

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода, Қиёмиддин Давлатзода , ки бо сафари корӣ дар Панҷакент қарор доранд ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, 2100 метри роҳи деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрӣ баъди итмоми корҳои ободонӣ ва муфаршнамоӣ ба истифода дода шуд.
Дар ҷамъомад бо сокинони деҳа, ки ба ин муносибат баргузор шуд, таъкид гардид, ки ободонӣ ва мумфарш кардани роҳи деҳа дастовези арзандаи онҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст ва ба ин иқдоми онҳо баҳои баланд дода шуд.
Гуфта шуд, ин қитъаи роҳ бо харҷи беш аз ду миллион сомонӣ саҳмгузории сокинони деҳа, бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ аввал ҳамвору бозсозӣ ва баъдан мумфарш карда шуд.
Ёдоварӣ шуд, ки соли равон аз болои дарёи Зарафшон дар паҳлӯи деҳаи Қумоқ бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр пули нав мавриди истифода қарор гирифта роҳи ду паҳлӯи он мумфарш гардид ва он масофаи деҳаҳои Миндона, Вешист ва Зиддеҳро бо шаҳр хеле наздик намуд.
Таъкид гардид, ки дар даврони истиқлоли кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаю канори кишвар корҳои ободонӣ вусъат ёфта, лоиҳаҳои бузурге дар соҳаҳои гуногун амалӣ карда шуданд.
Сокинони деҳа иброз доштанд, ки бо даст додани имконият наздик ба ду километр роҳи кӯчаҳои зодгоҳашонро низ мумфарш менамоянд.

2026-08-24 18:22:37

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД

Рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаи маориф, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Машварат бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои раёсати маорифи вилояти Суғд Имомалӣ Бобоев, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон баргузор гардид.
Қабл аз оғози машварат иштирокчиён аз намоиши ҳунари аъзоёни маҳфилҳои муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва кӯдакистонҳо дидан намуданд.
Дар машварат таваҷҷӯҳи роҳбарияти шуъбаи маориф, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, назорати пайваста ба раванди таълим, дарёфти соҳибистеъдодҳо ва таъмини иштироки шумораи бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ оид ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, омодагӣ ба мавсими зимистон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ҷалб карда шуд.
Дар фарҷоми машварат ба як гурӯҳ кормандони соҳаи маориф нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сипосномаҳои раёсати маорифи вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тақдим карда, барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

2026-08-24 18:19:33

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “ЗАРАФШОН”

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии кӯҳии мамлакат- корхонаи муштараки “Зарафшон”, ки дар ғанӣ гардонидани буҷет ва ҳалли масоили иҷтимоӣ нақши босазо дорад, ҳамкории густардаро ба роҳ мондааст.
Густариши минбаъдаи ин ҳамкориҳо дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо директори генералии ин корхонаи азими саноатӣ Оуян Лунао баррасӣ карда шуд.
Дар сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхона, васеъ намудани истеҳсолот, партовгоҳи ҷадид дар ҳудуди корхона, идомаи бунёди нақб дар маҷрои шохоби дарёи Моғиён, саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бунёди мактаб, вусъат бахшидани таҷдиди пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Косатарош, ки бо маблағгузории корхона сурат мегирад, ҳуҷҷатгузории заминҳои ҳудуди коргоҳ, рафти бунёди манзил барои сокинони деҳаи Хумгарон ва дигар масъалаҳои мавриди назари тарафҳоро матраҳ намуданд.
Дар мулоқот идомаи минбаъдаи ҳамкориҳо барои рушди истеҳсолот дар корхона ва ҳалли масоили иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карда шуд

2026-08-18 20:08:54

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент, ба номи Олим Бобоев бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва зодрӯзи олими бузург, ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Дар оғози ҳамоиш 25 нафар собиқадорони соҳа арҷгузорӣ намуда, онҳо бо тӯҳфаҳи идона қадршиносӣ карда шуданд.
Дар паёми табрикии раиси шаҳр ба ин муносибат гуфта шуд, ки дар даврони истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон бо такя ба таҷрибаи таърихии тибби тоҷик ва дастоварҳои тибби муосир соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, рушд карда, заминаи моддӣ- техникии он тавсеа ёфта, ба ин соҳаи ҳаётан муҳим ҳамасола то 30 дарсади буҷети маҳаллӣ масраф карда мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа ба як гурӯҳ духтурон, кормандони миёнаи тиб нишони “Аълочии тадурустии Тоҷикистон”, сипосномаи раёсати тандурустии вилоят, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, аз ҷониби санъаткорони шаҳр барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуд.
Дар ин рӯз ҳамчунин собиқадорони соҳаи тандурустӣ, духтури амрози занона Нусратулло Бобокалонов дар деҳаи Дашти Малла ва дар деҳаи Кабудсанг озодакор Раъно Холова, ки беш аз 40 сол дар муассисаҳои тиббии шаҳр меҳнат кардаанд,аёдат карда, ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим гардид.

2026-08-15 09:20:35

РОҲИ АМОНДАРА МУМФАРШ КАРДА МЕШАВАД.

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи кӯчаи марказии деҳаи Амондараи деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинон мумфарш карда мешавад.
Мавриди қайд аст, ки роҳи дохили деҳа ба масофаи як километр бо харҷи 175 ҳазор сомонӣ саҳми сокинон, ҷалби техникаи роҳсозии муассисаи давлатии истифодаи роҳҳои нақлиётгарди шаҳр мумфарш карда мешавад ва ҳоло қисми асосии корҳо анҷом дода шудааст.
Баробари ин сокинони деҳа бо тоза намудани кӯчаҳои деҳа, ҷӯйҳо ва ба тартиб овардани намои хонаҳо ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35- солагии истиқлоли кишвар омодагӣ мегиранд.

2026-08-15 09:18:41

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Имрӯз ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасдиқ намудааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Ба хабарнигорон маводи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 дастрас шуда, онҳо бо рафти иҷрои нақшаи омодагиҳо ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин давра ба ҷо оварда шуданд, шинос карда шуданд.
Дар ин замина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба беш аз 45 саволи хабарнигорони васоити ахбори маҳаллӣ ва вилоятӣ, шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва дигар рӯзноманигорон оид ба рафти бунёди майдон ва гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмири пулҳо, танзими нарх дар бозор, таъминот бо барқ, бунёди роҳи канорӣ дар шаҳр ва таъмири роҳҳои минтақаи сайёҳию истироҳатии Ҳафкӯл, дохили шаҳр, қитъаи роҳи Суғдиён – Дуоба, таҷдиди биноҳои баландошёна дар қисмати ғарбии шаҳр, риояи қоидаҳои забони адабии тоҷикӣ дар навишти лавҳаю овезаҳо, беҳдошти вазъи санитарии шаҳр ва хидматрасонии мусофиркашонӣ, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва дигар саволҳо посухҳои мушаххас дода, масъалаҳои мавриди назари рӯзноманигоронро шарҳу тавзеҳ дод.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо васоити ахбори умум робитаи пайваста дошта, омодааст минбаъд низ ҳамкориро бо онҳо дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намояд.

2026-08-03 09:39:50

НИММАРАФОНИ КӮҲИИ “ЭКО-ҲАФТКӮЛ-2026” ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР ШУД

Соли панҷум аст, ки дар оғози моҳи август дар мавзеъи сайёҳию истироҳатии Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент ниммарофони байналмилалии “ЭКО- Ҳафткӯл" баргузор мешавад.
Ҳамасола доираи иштирокчиёни ин чорабинии экологию варзишӣ зиёд мешавад ва имсол дар он намояндагони 23 сафорат, консулгарӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ба ҳайси иштирокчиёни фахрӣ ва беш аз 200 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш аз 18 давлати ҷаҳон ширкат намуданд.
Мусобиқаи имсола бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Асоссиатсияи дав ва марафони Тоҷикистон баргузор шуд.
Инро дар маросими ифтитоҳи расмии ниммарофони байналмилалии “ЭКО- Ҳафткӯл-2026", ки бегоҳи рӯзи 1 август дар пойгоҳи сайёҳӣ дар соҳили сеюми Ҳафткӯл баргузор шуд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода,раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат таъкид доштанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин чорабинии экологию варзишии байналмилалӣ дар заминаи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ташкил шуда, ҳамчун намунаи ҳамоҳангии табиат ва фаъолияти устувори инсон ва тарғиби имкониятҳои табиии кишвар барои боз ҳам бештар ҷалб намудани сайёҳон мусоидат мекунад.
Дар фарҷоми маросими ифтитоҳ иштирокчиёни мусобиқа аз барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорон ва варзишгарон таасуроти нек гирифтанд
Субҳи рӯзи 2 август беш аз 200 нафар иштирокчиёни ниммарфони кӯҳӣ ба сабқат дар масофаҳои 3, 10 ва 21 километр шурӯъ намуданд ва онҳое, ки ба ин чорабинӣ омодагии комил дидаанд, аз худ чолокию матонат нишлн дода, нахустин шуда, ба марра расиданд.
Дар маросими ҷамъбасти ниммарафони байналмилалии кӯҳи ғолибон бо диплом ва мукофотҳои таъсиснамудаи ташкилкунандагон мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.

2026-07-31 13:22:47

МУЛОҚОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Дар мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо фаъолони шаҳри Панҷакент, ки бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд, мӯҳтавои моддаи 5-и Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ дониста шудааст ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар ин самт баён шудаанд, шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Таъкид шуд, ки таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи принсипи баробарӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин самт заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар мулоқот ҳамчунин муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», роҳҳои амалисозии он, пешгирии муносибатҳои табъизомез, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

2026-07-30 16:39:18

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 30-юми июл чун Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат дар Қисми мустақили 38-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҷамъомад баргузор шуд.
Зимни табрики собиқадорон ва ҳайати шахсӣ гуфта шуд,ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳайати Вазорати корҳои дохилаи мамлакат ҳанӯз 98 сол қабл-30 июли соли 1928 ташкил шуда, тӯли ин солҳо барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, наҷоти одамон ва ҳифзи молу амволи давлатӣ ва шахсӣ кори бузургеро ба ҷо овардааст.
Дар ин ҷабҳа кормандони хадамоти оташнишонии шаҳри Панҷакент низ аз худ далерию ҷасорат нишон дода, ба пешаи душвори худ муҳаббат ва садоқат доштанашонро собит намудаанд.
Ба муносибати иди касбиашон ба кормандони фаъоли хадамоти оташнишонии шаҳр сипоснома ва тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

2026-07-30 10:36:28

БОЗДИД АЗ РОҒИЧ - ДЕҲАЕ ДАР КАНОРИ КӮҲҲО

Деҳаи Роғичи деҳоти Моғиён яке аз дурдасттарин маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент маҳсуб шуда, 18 километр болотар аз маркази маъмури ҷамоати деҳот воқеъ шудааст.
Ба рағми ин Роғичи дурдаст, ки дар оғӯши манзараҳои нотакрори табиат ва иҳотаи кӯҳҳо ҷойгир аст, аз назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дур намондааст.
Деҳа бо нерӯи барқи мустақил таъмин буда, 120 нафар фарзандони деҳа дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №127 таълим мегиранд. Роҳ то деҳа ҳама фасли сол кушода аст.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Моғиён аз ин деҳа дидан намуда, бо сокинон сӯҳбати гарму самимӣ анҷом дод.
Ҳукумати мамлакат барои беҳдошти шароити зист дар ин деҳаи баландкӯҳ, ки зимистонаш нисбат ба водиҳо ду моҳ барвақт расида, дер давом мекунад, ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Барои таъмири асосии бинои муассисаи таълимии деҳа ва бунгоҳи тиббӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоати деҳоти Моғиён, сохтори кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ ва ҷалби корхонаҳои саноатие, ки дар ҳудуди деҳот фаъолият менамоянд, корҳои амалӣ ба роҳ монда, роҳ то деҳа дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта мешавад.
Зимни боздид наврасони маъюби сокини деҳа аз ҷониби табибон дидан намуда, ба беш аз 40 оила орд, равған ва дигар маводи хурока тақдим карда шуд.

2026-07-30 10:31:42

ДАР ДЕҲОТИ МОҒИЁН БА МАСОФАИ 14000 МЕТР ХАТИ ОБИ ПОЛЕЗӢ КАШИДА МЕШАВАД..

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, саҳмгузории шарикони рушд ва сокинон дар деҳоти Моғиён ба масофаи 14 километр хати об кашида, дар маҷмӯъ ҳолати обёрии 350 гектар замин беҳтар карда мешавад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти насби хати об гуфта шуд, он аз мавзеъи Даҳани об оғоз шуда, деҳаҳои Оби борик, Пушти Қӯрғон, Фонӣ ва Моғиёнро дар масофаи 14 километр убур карда, тавассути он ҳолати обёрии 210 гектар замин беҳтар ва 140 гектар замини лалмӣ обёрӣ карда мешавад.
Бо кашидани хати об ва обёрии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ наздик ба 9000 нафар сокинони деҳаҳо баҳраманд мешаванд.
Ба масъулони лоиҳа, ширкати паймонкор , ҷамоати деҳот ва фаъолон ҷиҳати дар мӯҳлати пешбинишуда ва тибқи меъёрҳои муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳо дастур дода шуд.

2026-07-30 10:19:10

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ КӮДАКИСТОН ВА ТАБОБАТГОҲИ АТФОЛ

ар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи бунёдкориҳо ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбия ва табобати кӯдакон сохтмони иншооти гуногун идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди бинои нави табобатгоҳи кӯдакон, ки бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ барои дар як вақт ба табобат фаро гирифтани 200 нафар сохта мешавад, дидан намуд.
Дар идомаи боздидҳо рафти бунёди кӯдакистон дар ҷои собиқ боғчаи бачагони “Азамат” дар хиёбони Рӯдакӣ низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуд. Ин бино бо усули шарикии давлат ва бахши хусусӣ сохта мешавад ва барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 200 нафар пешбинӣ шудааст.
Зимни боздидҳо ба паймонкорони сохтмони ин биноҳо - ширкатҳои бинокории “СУ- 3” ва “ Сада-2017” барои тезонидани суръати корҳо дастур дода шуд