Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ИДОМАИ БУНЁД ВА ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ..
single-product

ИДОМАИ БУНЁД ВА ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ..

2025-10-22 11:38:15

Дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби соҳибкорони дохилӣ ва бурунмарзӣ, сокинон корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат меёбад.
Аз ҷумла, ҳоло дар деҳаи Ёрӣ сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57, ки дорои 16 синфхона ва ҳуҷраҳои дигари корӣ хоҳад буд, идома дорад ва ҳоло ҳашарчиён ба бомпӯш намудани бино ва корҳои пардозгарии дохили он машғул ҳастанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти сохтмони муассисаи таълимӣ шинос шуда, ба ин иқдоми соҳибкорон ва сокинон баҳои баланд дод ва барои дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати хуб анҷом додани сохтмони таълимгоҳ дастур дода шуд.
Дар ин сафари корӣ дар деҳаи Миндона бо рафти бунёди се синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51, ки бо дастгирии сокинон сохта мешавад ва таъмиру таҷдиди бинои бунгоҳи тиббии деҳа шинос шуда, ташаббускорон ва фаъолони деҳа барои босифат анҷом додани корҳо муваззаф шуданд.