Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ВАТАН, ДАР РАҲАТ ҶОННИСОРАМ

2025-10-16 15:26:52

Дар рӯзи аввали гусели ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент нақшаи даъватро барзиёд ва пеш аз мӯҳлат ба иҷро расонид.
Субҳи рӯзи аввали даъвати тирамоҳии имсола дар саҳни бинои маъмурии Ҷамоати деҳот ҳамаи 63 нафар даъватшавандагон, ки аксарашон бо амри дил хидмати Ватанро ихтиёр кардаанд, бо волидон ва мӯсафедони барӯманд, гирди дастархони идона ҷамъ омаданд.
Ба тавассути роҳандозии дурусти тарғибу ташвиқ дар байни ҷавонони синни даъватӣ , волидони онҳо ва корҳои ташкилию сафарбарӣ дар деҳоти Саразм, Хурмӣ, Халифа Ҳасан, Хурмӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”-ро чун ҳамасола ин навбат низ пеш аз мӯҳлат ба иҷро расониданд.
Дар ин ҷамоатҳои деҳот омодагӣ ба даъвати оянда аз ҳоло шурӯъ мешавад ва маҳз ҳамин кори доимӣ бо ҷавонон омили пеш аз мӯҳлат ба иҷро расонидани нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ аст.
Муҳимтар аз ин ҷавонон дарк кардаанд, ки хидмати ҳарбӣ чун қарзи шаҳрвандӣ барояшон ҳатмӣ аст ва онҳо бояд ин қарзро бо сари баланду ифтихор ба ҷо оранд. Аз ин ҷост, ки сафи ихтиёриёни хидмат ба Ватан сол то сол меафзояд.
Дар маъракаи имсолаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ маҳаллаҳои Азизобод, Истиқол, Қоқурӣ, Сӯзангарон, Самарқандӣ, Рӯдакӣ. Холмуродов, Зардолузор, Лаби Чашма, Меҳргон низ нақшаи муайяншударо пеш аз мӯҳлат иҷро намуданд.
...Қатори мошинҳо,ки Парчами Тоҷикистон болояшон парафшон аст, бо даъватшававандаҳо бо фотиҳаи собиқадорон ва падару модарон ва зери навои мусиқию суруд роҳ пеш мегиранд.
Онҳо бо сари баланд ва ҳисси ифтихор ба хидмати Модар - Ватан мераванд.
Ватан - ҷоне, ки дар ҷони ману туст,
Ватан - ноне, ки дар хони ману туст.
Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!
Ватан дар шонаву шони ману туст.