КИШОВАРЗОН ҲОСИЛИ КИШТИ ТАКРОРИРО ҶАМЪОВАРӢ МЕКУНАНД
2025-10-21 14:59:53
Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Меҳнатобод”-и деҳаи Сӯфиёни деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент аз ҳосили имсола наздик ба се ҳазор тонна қаланфури булғориро ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварданд.
Ҳоло бошад кишоварзон ба ҷамъоварии сабзӣ ва қаланфури булғорӣ машғуланд. Ин ҳосили кишти такрорӣ аст, ки деҳқонони хоҷагӣ баъди ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ ва дигар зироати зудрас кишт кардаанд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва қаланфури булғорӣ иттилоъ дода шуд, ки деҳқонон имсол дар қисми зиёди 74 гектар замини хоҷагӣ кишти такрорӣ гузаронидаанд.
Тавре саҳмдори хоҷагӣ Кароматулло Ёқубов дар сӯҳбат иброз дошт, аз як замин гирифтани ду ҳосил ин ҷо кайҳо маъмул гаштааст ва он боздеҳ ва даромади онро дучанд мекунад. Аз ин ҷост, ки деҳқонони хоҷагӣ аз ҳар қитъа замини саҳмашон бо камоли кордонӣ ва бо баҳрабардорӣ аз тухмиҳои серҳосил, таҷрибаи ғании деҳқонӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва маданияти баланди кишоварзӣ истифода мебаранд.
Бозори шаҳҳро аз ин ду зироатӣ ғизоӣ асосан деҳқонони хоҷагии "Меҳнатобод" таъмин мекунанд ва садҳо тоннаи онро тоҷирон аз дигар мипнтақаҳои мамлакат бевосита аз сари замини кишт харидорӣ менамоянд.
Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳри Панҷакент имсол дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд ва ҳоло ҷамъоварии ҳосили он дар арафаи анҷомёбист.