Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > НИҲОЛПАРВАРӢ- ШУҒЛИ СЕРДАРОМАД
single-product

НИҲОЛПАРВАРӢ- ШУҒЛИ СЕРДАРОМАД

2025-10-21 15:24:36

Инро таҷрибаи чандинсолаи деҳқонони хоҷагии деҳқонии “Бобои Ашӯр”-и деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакнт собит намудааст.
Дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз қитъаи ниҳолпарварии хоҷагӣ сарвари он Ҳабиб Ашӯров иттилоъ дод, онҳо чанд сол қабл дар мазеъи Мушхона дар масоҳати як гектар парвариши ниҳолҳои мевадор ва сояафканро ба роҳ монда буданд ва аз фурӯши он ҳамасола даромади хуб мегиранд.
Ҳоло дар қитъаи ниҳолпарварӣ беш аз ҳашт ҳазор бех ниҳолҳои навъҳои гуногуни себ, зардолу, чормағз гелос ва дарахтони ороишии ҳамешасабз парвариш карда мешавад ва қисми зиёди он барои фурӯш омода мебошад.
Аз ниҳолҳои парваришнамудаи онҳо даҳҳо гектар боғи нав бунёд карда шудааст ва домани ин боғҳо ҳамасола бо ниҳолҳои нав васеъ мешавад.