Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ БУНЁДШАВАНДА
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ БУНЁДШАВАНДА

2025-10-09 13:10:11

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 984 иншоот пешбинӣ шуда, то ин муддат 809 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, ҳоло дар зиёда аз 175 иншоот, аз ҷумла 40 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, кор бомаром идома дошта, дар онҳо беш аз 3384 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.
Рафти бунёди иншооти ҷашнӣ зери назорати пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти даввлатии шаҳр қарор дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, сохтмони маркази оши палов ва таъмиру таҷдиди бинои асосии осоишгоҳи “Шифо” дидан намуд. Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи аазнавсозӣ ва таъмири осоишгоҳ бунёди майдончаи варзишӣ ба анҷом расида, он барои ба истифода додан омода карда шудааст.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз рафти бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31 дар деҳаи Озодагон, сохтмони бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳр, бинои маъмурии шуъбаи маориф ва хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, боғи фарҳангии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар қисмати шарқии шаҳр боздид карда шуд.
Ба масъулони ширкатҳои сохтмонӣ барои дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати хуб, мутобиқ ба лоиҳа ва меъёрҳои маъмулӣ бунёд намудани иншоотҳои ҷашнӣ дастур дода шуд