Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ШОИРИ ШЕЪРҲОИ ОФТОБӢ

2025-10-13 10:34:08

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватанбудаи бе ёди Ватани беватан аст.
Ин шоҳбайт ва дигар абёти ноби шоири тавоною навпардози тоҷик, зиндаёд Мастон Шералӣ дар тантанаҳое, ки дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 90- солагии ӯ бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр баргузор шуд, вирди забони иштирокчиёни он- намояндагони аҳли адабу фарҳанги ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр буд.
Ҷашнвораи Мастон Шералӣ нахуст дар зодгоҳи шоир- деҳаи Зери Ҳисори Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, бо гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи ӯ дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52, ки номи ӯро дорад, ифтитоҳи хона – музеи шоир, толори замонавии варзишӣ ва баргузории маҳфили адабию фарҳангӣ оғоз шуд.
Дар ҳузури ҳамдиёрони шоир ва аҳли адабу фарҳанг раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҷашнвораи шоирро бо таъкиди ҷойгоҳи Мастон Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик, таҷлили 90- солагиаш, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, ифтитоҳ намуд.
Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, адабиётшинос, доктори илми филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар бораи вижагиҳои ашъори Мастон Шералӣ, навпардозии ӯ дар шеъри солҳои 60-у 80-уми садаи бист, сухан карда, ба дастандаркорони таҷлили 90- солагии ӯ изҳори сипос намуданд.
Зимнан, ба ифтихори таҷлили ҷашнвораи шоир бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории соҳибкори муваффақ Абдушафеъ Ҳоҷиев, фарзанди шоир Парвиз Мастон, сокинони деҳа муассисаи таълимӣ таъмиру таҷдид шуда, саҳни он бозсозӣ гардида, хона – музеи шоир ва толори варзишӣ бунёд карда шуд.
Ҳамчунин бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мунтахаби ашъори шоир бо номи “Боли парвозам , Ватан” дар нашриёти “Хуросон”- и шаҳри Хуҷанд ба табъ расид ва ба меҳмонону иштироокчиёни ҷашни шоир тақдим карда шуд.
Ҷашнвораи шоир бо зиёрати оромгоҳи Одамушшуаро Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд, баргузории конфронси илмию амалӣ таҳти унвони “Мастон Шералӣ- шоири шеърҳои офтобӣ” дар Кохи Лоиқ ва маҳфили фарҳангии “Боли парвозам, Ватан” дар Кохи фарҳанги шаҳр ба номи Олим Бобоев идома ёфт.
Раиси шаҳр, намояндаи мақомоти иыроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ,шоирону адабиётшиносон аз нақшу ҷойгоҳи Мастон Шералӣ, мавзӯъҳои ашъори шоир, ки дӯст доштани Ватан, тараннуми бузургию шаҳомати он дар меҳвари он қарор дорад, вижагиҳои ҳунари шоирӣ ва шахсияти нотакрори ӯ, навовариҳо дар мазмуну мӯҳтавои шеъри муосири тоҷик, ки баъдан дар ашъори Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон густариш ёфт, сухан карданд.
Барномаи фарҳангию ҳунарӣ, ки аз сурудҳо бар ашъори Мастон Шералӣ, сухангӯию шеърхонии шоирону олимон ,ҳунарнамоии санъаткорон ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, ба иштирокчиёни ҷашнвора таассуроти амиқ боқӣ гузошт ва хотираи ин шоири тавоно, ватансаро ва навпардозро дар дилу дидаи ҳамдиёрон зинда гардонид.