БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ФЕРМАҲОИ ЧОРВО ВА МУРҒ
2025-10-22 11:34:35
Дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои Барномаи маҷмӯавии рушди чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ёрӣ бо рафти сохтмони фермаи чорводорӣ аз ҷониби соҳибкор Ансор Мирзоев дар деҳаи Ёрӣ шинос шуд ва ин иқдом мусбат арзёбӣ гардид.
Ҳоло сохтмони бинои ферма идома дошта , дар он дар давраи аввал сад сар чорвои ширӣ ва гӯштӣ парвариш карда мешавад.
Дар деҳаи Миндона дар ҷои собиқ бинои фермаи чорводорӣ соҳибкор Муфтоҳ Нарзиев барои парвариши то 20 ҳазор сар мурғ бино месозад. Дар ин ҷо ҳамчунин парвариши моли калон низ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни боздид ба соҳибкорон барои то ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани фермаҳои чорводорӣ ва паррандапарварӣ дастур дода шуд.
Баъди ба истифода додани ин ду ферма беш аз 25 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ хоҳанд шуд.