
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ СОҲИБКОРОН
2025-10-14 14:17:00
Ҳамасола 14 октябр ба хотири арҷгузорӣ ба нақшу ҷойгоҳи соҳибкорон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.
Имрӯз дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент Рӯзи соҳибкорон бо иштироки намояндагони доираҳои соҳибкории шаҳр таҷлил карда шуд.
Зимни табрики соҳибкорон раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ ёдовар шуда, нақши муҳими соҳибкорон дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр таъкид шуда, саҳми онҳо дар таъмини бозори дохила, бунёди иншооти таъиноти гуногун, бору мусофиркашонӣ, ғанӣ гардонидани буҷет, бо шуғл фарогирии аҳолӣ ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Аз ҷумла гуфта шуд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷараёни тақвияти муколамаи давлат, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, барои рушди сармоягузорию соҳибкорӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад ва ҳоло дар шаҳр 9931 нафар соҳибкорон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин назар ба соли гузашта 277 нафар бештар аст.
Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузорон Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ташкил гардида, дар ин давраи соли равон бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон форумҳои беҳдошти саводи молиявӣ баргузор шуда, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, шарикони рушд корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Ҳоло беш аз 74 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр ба фаъолияти соҳибкорӣ рост меояд.
Таваҷҷӯҳи соҳибкорон ба сармоягузорӣ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пашм, партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ, заршӯӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва токзори хавозавӣ, истеҳсоли орду рӯған ва дигар соҳаҳои истеҳсолию хидматрасонӣ ҷалб карда, таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои рушди ин самтҳои соҳибкорӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд
Дар фарҷом як идда соҳибкорони муваффақ бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида, барои иштирокчиён барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуд.
