Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ КОРҲОИ ДОХИЛА ВА БОЗДИД АЗ МАНЗИЛИ ОИЛАИ ЭҲТИЁҶМАНД.
single-product

АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ КОРҲОИ ДОХИЛА ВА БОЗДИД АЗ МАНЗИЛИ ОИЛАИ ЭҲТИЁҶМАНД.

2025-10-21 15:59:01

Сокини деҳаи Кабудсанги деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент Маҳмадқул Саримсоқов имсол ба синни мубораки 92- солагӣ расид ва беш ним асри онро дар вазифаҳои гуногун дар сохторҳои соҳаи корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд сипарӣ намуда, бо рутбаи полковник ба истеъфо баромадааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ин собиқадори барӯмандро аёдат намуда, ба ӯ барои хидмати шоиста дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи ҷавонон изҳори сипос намуд.
Дар сӯҳбат ӯ қаноатмандиашро аз сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии мамлакат иброз намуд.
Бо тавсияи ӯ фарзандонаш аз замини рӯи ҳавлӣ босамар истифода мекунанд ва ниҳолҳои анори парваридаи ӯ ба ҳосил дармадаанд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз хонаи нави сокини ин деҳа Хурсанд Қобилов, ки худашу ҳамсараш маъюб ҳастанд, дидан намуда, ӯ бо бурёкӯбон муборакбод карда шуд.
Ин хонаро ҳамдеҳагони боҳиммату некхоҳ дар муддати кӯтоҳ барои ин оилаи эҳтиёҷманд сохта, онро бо ҷиҳози зарурӣ низ таъмин кардаанд.