Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2026-09-17 08:47:09

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ СӮҶИНА ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Сӯҷина дар толори бошукӯҳи “Шоҳсарой”, ки дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази деҳаи Сӯҷина аз ҷониби соҳибкорон бунёд карда шудааст, бо фаъолони деҳот мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот ҳозирин бо ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, ба соҳибкорон ва сокинони деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳот барои бо дастовардҳои арзанда истиқбл намудани ин санаи муҳими таърихӣ, тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ изҳори сипос карда шуд.
Гуфта шуд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузург дар ҳудуди ҷамоати деҳот 94 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ, ба шумули коргоҳи истеҳсоли шифер, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ, биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, иншооти варзишӣ, ҳавзҳои моҳӣ ва мурғобипарварӣ бунёд карда шудаанд, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 44 адад бештар аст.
Дар идомаи мулоқот бо такя ба иқдомоти шоистаи соҳибкорон ва сокинон ба ташкили коргоҳҳои истеҳсолию нуқтаҳои хидматрасонӣ таваҷҷӯҳи ҳозирин ба тавсеаи корҳои ободонӣ, ба тартиб овардани маркази ҷамоати деҳот, ки аз он шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ убур мекунад, ба хидмати ҳарбӣ беҳтар омода намудани ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одоби ҳамида, беҳдошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва ба ин васила омода намудани хонандагон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо, коҳиш додани хурофотпарстӣ, риояи танзими маъракаҳо, бо истифодаи босамар аз заминҳои кишт омода намудани захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шуд.
Дар мулоқот ба пешниҳоду дархост ва саволҳои иштирокчиён посух гуфта шуд

2026-09-16 13:56:11

БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАҶДИДИ КОРХОНАИ ҒАНИГАРДОНИИ МИСУ ҚАЛЪАГӢ

Дар корхонаи муштараки “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” баъди танаффуси зиёд бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани он идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ворӯ аз рафти корҳои барқарор ва омода намудани коргоҳ боздид намуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло корҳо ҷиҳати ба кор омода намудану санҷиши техникии таҷҳизоту механизмҳо, насби таҷҳизоти нав, бунёди сехи нав ва азнавсозии манбаъи истихроҷи маъдан дар мавзеъи Мушистон, омода намудани хобгоҳҳо барои коргарон идома дорад,
Роҳбарияти коргоҳ муваззаф карда шуд, ки то муҳлати пешбинишуда навбати аввали он бо ҷалби 300 нафар коргарону кормандон ба кор андохта шавад

2026-09-16 11:13:39

ДАР ДЕҲАИ РУКНОБОДИ ДЕҲОТИ ВОРӮ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ КАРДА МЕШАВАНД

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон мумфарш намудани кӯчаҳои деҳаи Рукнободи деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент оғоз шуд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ҳоло мумфарш намудани қисми кӯчаҳои деҳа дар масофаи беш аз 1500 метр идома дошта, ба ин кор мутахассисни роҳсоз ва техникаи зарурӣ ҷалб шудааст.
Ба соҳибкорону сокинони деҳа барои ин иқдом изҳори сипос намуда, онҳо даъват шуданд, ки дар оянда низ дар ободии деҳа ва мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузоранд.
Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳгузории сокинон дар ҳудуди ҷамоати деҳот наздик ба 7 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шудаанд.

2026-09-16 10:28:55

ДАР ДЕҲОТИ ВОРӮ БАРОИ ФАРОГИРИИ 1920 ХОНАНДА ДАР ДУ БАСТ СОХТМОНИ БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲҲО ИДОМА ДОРАД

Дар деҳаи дурдасти кӯҳии Ғаззаи деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода барои бунёди бинои нави филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 73 санги асос гузошта шуд.
Дар тарҳи бинои нав барои дар як баст ба таълим фаро гирифтани хонандагон бунёди синфҳои барҳаво пешбинӣ шуда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинони деҳа сохта мешавад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин аз рафти бунёди биноҳои наву иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёна умумии № 65, деҳаи Гулистон, № 73, деҳаи Марғедари боло ва № 35 дар деҳаи Рукнобод, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории сокинон ва шарикони рушд сохта мешаванд, дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати вусъат додани корҳо дастур дода шуд.
Дар ин рӯз ҳачунин дар деҳаи Рукнобод аз мавзеъе, ки барои бунёди мактаби президентӣ пешбинӣ шудааст ва муассисаи таҳсилоти асосии № 21-и деҳаи Ғӯйтан, ки ба таъмири асосӣ ниёз дорад, дидан карда шуд.
Дар чор бинои нав ва иловагии муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳот баъди анҷоми сохтмон 1920 нафар хонандагон дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

2026-09-16 10:27:33

ДЕҲАИ НАВ БАРОИ ҚАБУЛИ СОКИНОН ОМОДА КАРДА МЕШАВАД

Дар деҳаи нав барои муҳоҷирони экологӣ , ки дар шафати деҳаи Гулистони деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта мешавад, корҳои охирини омодагӣ барои маскун намудани 25 оила идома дорад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои омодагӣ гуфта шуд, ки биноҳои муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои истифода омода буда, хати обу барқ насб карда шудааст ва ҳоло кӯчаҳои деҳа ба тартиб дароварда мешавад.
Ба масъулон ҷиҳати дар мӯҳлати пешбинишуда барои ба қабул омода кардани деҳа дастур дода шуд.

2026-09-16 10:26:34

БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР”

Масъалаҳои рафти иҷрои лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, ки дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “ Нет Солюшенс” дар шаҳри Панҷакент амалӣ карда мешавад, дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо масъулони ширкатҳои татбиқкунандаи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии лоиҳа, ки дар роҳҳои ҳудуди шаҳр гузоштани камераҳои назоратӣ, ташкили таваққуфгоҳҳои нақлиёт, минтақаҳои барои таваққуфи нақлиёт манъшударо пешбинӣ мекунад, пешниҳодҳо ҷиҳати муайян намудани таваққуфгоҳҳо дар ҳудуди роҳҳои дохили шаҳр ва чанд минтақа дар ҷамоатҳои деҳот, бо барқи доимӣ таъмин намудани таҷҳизоти насбшаванда ва дигар самтҳои амалӣ намудани он муҳокима карда шуд.
Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа баробари таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, манфиатҳои соҳибони нақлиёт, сокинон, меҳмонону сайёҳон низ ба назар гирифта мешавад.

2026-09-15 17:07:55

ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ БОҒИ СЕБ

Имсол ҳосили боғи себи кооперативи тиҷоратии “Тоҷикистон”-и деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент, ки дар 19 гектар доман паҳн кардааст, фаровон аст.
Дирӯз бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ворӯ, боғбонон ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ин боғ навъҳои гуногуни ниҳоли себ парвариш мешавад ва тавассути нигоҳубини хуб, додани обу ғизо, пешгирӣ аз касалиҳо ва ҳашароти зиёновар, ба ҷо овардани дигар қоидаҳои маъмулии агротехникӣ имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар бастааст.
Ҳосили боғ нигоҳдорӣ шуда, оғози фасли зимистон ба бозор бароварда мешавад.
Майдони боғи ҳосилдеҳ дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди деҳоти Ворӯ 60 гектар буда, соли равон боз дар 5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст

2026-09-15 17:06:08

ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ТАГОБИ ХАЛҚ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ ҒӮЙТАНИ ДЕҲОТИ ВОРӮ

Бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ворӯ дар деҳаи Тагоби халқ бинои нави бунгоҳи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд он аз чор утоқи барҳаво иборат буда, бо саҳмгузории аҳолӣ ва дастгирии сохтори Кумаки аввалияи тиббӣ- санитарии шаҳр аз тариқи ҳашар сохта, бо ҳамаи таҷҳизоти тиббии зарурӣ таъмин карда шудааст.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин аз рафти бунёди бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Ғӯйтан, ки бо саҳмгузории аҳолии деҳа сохта шудааст, боздид карда шуд.
Ба ташаббускорони ин иқдом изҳори сипос карда, ба сифати сохтмон баҳои хуб дода, ба масъулон ҷиҳати дар кӯтоҳтарин муҳлат барои бо ҷиҳози корӣ ва тиббӣ таҷҳизонидани он дастур дода шуд.

2026-09-15 17:04:32

ДАР ДЕҲАИ ҒАЗЗАИ ДЕҲОТИ ВОРӮ ДУ МЕҲМОНХОНАИ НАВ ИФТИТОҲ КАРДА ШУД

Дар деҳаи Ғаззаи деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент дирӯз бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода барои пазироии сайёҳон ва меҳмонон боз ду меҳмонхонаи нав мавриди истифода қарор дода шуд.
Меҳмонхона барои сайёҳону меҳмонон, ки соҳибкор Деваштич Шарифбадалов дар мавзеъи хушобу ҳавои Симиганҷ, дар соҳили Рӯзрӯд бо тарҳи зебо бо ҳамин ном бунёд намудааст, барои 20 нафар пешбинӣ шуда, дар он ҳама шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Дар ин ҷо ҳамчунин барои пазироии сайёҳон, ки мехоҳанд дар хаймаҳо буду бош дошта бошанд, ҷойи мувофиқ, хаймаҳои замонавӣ муҳайё шудааст.
Дар меҳмонхонаи дигар, ки аз ҷониби сарвари ширкати “Рӯзрӯд” Муродулло Латифов дар соҳили рости Рӯзрӯд бо тарҳи ҷолиб бунёд шудааст,10 нафар сайёҳон метавонанд, бо фароғат истироҳат намоянд ва аз гулмоҳӣ, ки инҷо дар ҳавзҳо парвариш карда мешаванд, истеъмол кунанд.
Дар деҳаи Ғазза, ки яке аз хатсайрҳои сайёҳӣ ба кӯҳҳои Фон аз тариқи он убуру мурур мекунад, бо ифтитоҳи ин ду меҳмонхона шумораи онҳо ба чор адад расид ва дар онҳо беш аз 60 нафар дар як вақт пазироӣ карда мешаванд.
Дар иншооти сайёҳии деҳа беш аз 12 нафар сокинони деҳа соҳиби ҷойи кор шудаанд.

2026-09-15 17:03:14

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ БАРОИ ТАЪМИНИ 1500 НАФАР

з ин рӯз ба пас беш аз 1500 нафар сокинони деҳаи Марғедари болои деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент аз оби тозаи нӯшокӣ истифода мебаранд.
Дирӯз зимни сафари кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба деҳоти Ворӯ дар ин ҷо хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.
Гуфта шуд, ки чоҳи амудӣ, хати оби нӯшокӣ, ҳавзи захираи об бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, маблағгузории шарикони рушд ва саҳмгузории сокинони деҳа сохта шудааст

2026-09-15 17:02:05

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ВОРӮ, МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН

Дар мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, бо фаъолони деҳоти Ворӯ, ки зимни сафари корӣ дар деҳаи Зимтуд баргузор шуд, масъалаҳои умдаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози мулоқот ҳозирин ва сокинони деҳот бо ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиқистон муборакбод гуфта, аз дигаргуниҳои азиме, ки дар ин солҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳр ва деҳоти Ворӯ ёдоварӣ карда шуд.
Дар мулоқот зимни баррасии корҳое, ки зимни омодагӣ ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар ҷамоати деҳот анҷом дода шудааст, таваҷҷӯҳи роҳбарият ва фаъолон ба масъалаҳои идома додани корҳои ободонӣ, ҷалби бештари соҳибкорон ва сокинон ба ин корҳо, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ, ки то ҳанӯз дар деҳаҳо сохта нашудаанд, ташкили коргоҳҳои хурди хидматрасонӣ ва истеҳсолӣ ва ба ин васила муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, ба соҳибкорӣ ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сокинон, рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла занбӯри асалпарварӣ ва паррандапарварӣ, сари вақт пардохт намудани андозҳо ва ҳаққи истифодаи оби полезӣ, эътибори ҷиддӣ ба тарбияи фарзандон, аз байн бурдани хурофот, беҳдошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ҷалб карда шуд.
Дар мулоқот ба саволу муроҷиатҳои иштирокчиён посух гуфта шуд.
Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Зимтуд маҷрӯҳи гурӯҳи якум Баҳрӣ Холмуродов, омӯзгори собиқадор Ҳамроқул Қулов ва дар деҳаи Ғӯйтан Нарзулло Сӯфиев, ки ҳоло 99 –сола буда, беш аз 60 сол ба таълиму тарбияи хонандангон машғул шудааст, аёдат карда, ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд

2026-09-12 14:46:41

МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНИ ХИДМАТИ ДАВЛАТӢ

Арҷгузорӣ ба онҳое, ки дар таҳкими низоми идории давлатӣ, пешбурди ҷомеа саҳм гузоштаанд, дар заминаи дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз амалҳои шоистаест, дар рӯзҳои таҷлили 35- солагии истиқлоли давлатӣ сурат мегирад.
Дар ин росто имрӯз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо собиқадорони хидмати давлатӣ, собиқ муовинони раиси шаҳр Эркин Аҳроров ва Хуршед Сироҷев мулоқот намуд.
Зимни сӯҳбат собиқадорон бо ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, барои саҳми арзанда дар хидмати давлатӣ ба онҳо изҳори сипос намуда, тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Собиқадорони хидмати давлатӣ ҷонибдориашонро аз сиёсати давлат ва таассуроти амиқашонро аз шукӯҳу шаҳомати таҷлили 35- солагии истиқлоли давлатӣ баён доштанд.

2026-09-12 14:45:14

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ МАРКАЗИ ОШИ ПАЛОВ

Дар осоишгоҳи “Шифо”, ки дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари шаҳри Панҷакент дар соҳили рӯди Зарафшон ҷойгир аст, баробари ба табобату истироҳат фаро гирифтани хоҳишмандон, корҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёди Маркази оши палов, идома дорад.
Бинои Маркази оши палов бо тарҳи миллии меъморӣ, бо истифода аз усули гаҷкорӣ аз ҷониби соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев бунёд шуда, ҳоло ороиши намо ва дохили он идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид бо рафти корҳои ороиши бино шинос шуда, барои дар муҳлати пешбинишуда ва ороиши ҷолиб ба анҷом расонидани корҳо дастур ва маслиҳат дод

2026-09-12 14:15:26

ДАР НУРИСТОН БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲ БАРОИ 900 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Ин субҳ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, деҳаи Нуристони деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент таҳсилро дар бинои нави таълимгоҳ оғоз намуданд.
Дар ин ҷо бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бинои иловагии таълимгоҳ, ки дар ду қабат бунёд шуда, дорои 18 синфхона мебошад ва барои ба таҳсил фаро гирифтани 900 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар ҳузури омӯзгорону хонандагон ва аҳли деҳаҳои Нуристон ва Чорводор мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳ муассиса гуфта шуд он бо саҳмгузории сокинони деҳа дар ҳаҷми беш аз 11 миллион сомонӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд шудааст.
Таълимгоҳ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози таҳсил таъмин шуда, дар маросими ифтитоҳ барои синфхонаи компутарӣ боз 10 адад компутар тақдим карда шуд.
Дар ҷамъомад ба муносибати ифтитоҳи бинои нав сокинони деҳа бо 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, аз онҳо даъват шуд, ки корро барои нав кардани болопӯши бинои пешинаи таълимӣ ва рангубори он, сохтмони бинои кӯдакистон дар назди мактаб оғоз намоянд. Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъмини шиферро барои болопӯши бинои таълимгоҳ ба ӯҳда мегирад.
Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ фаъолон барои саҳми арзанда дар бунёди бинои нави таълимгоҳ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин нӯҳумин бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ аст, ки имсол дар оғози соли нави таҳсил ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр мавриди истифода қарор дода шуд.

2026-09-12 10:23:33

ҚАБУЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, беҳтар намудани шароити манзил, ҳалли баҳси замин, мусоидат ба дарёфти ҷойи кор, расонидани кӯмаки молиявӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ин навбат низ дар сархати муроҷиатҳои шаҳрвандон дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода қарор дошт.
Зимни шунидани муроҷиатҳо моҳият ва роҳи ҳалли қонунии арзу шикоятҳо фаҳмонида, ба ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои баррасӣ ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо дастуру супориш дода шуд.

2026-09-10 16:20:36

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ БУНЁДШАВАНДА

Дар шаҳри Панҷакент тибқи нақшаи ободонию бунёдкорӣ бунёди иншоти таъиноти гуногун, аз ҷумла 48 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои тиҷоратӣ ва хидматрасонӣ идома дорад ва рафти корҳо дар онҳо зери назорати пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор гирифтааст.
Дар ин росто раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмони иншооти бунёдшавандаи иҷтимоӣ дар шаҳр дидан намуд.
Зимни боздид аз рафти сохтмони кӯдакистон дар хиёбони Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, беморхонаи кӯдакон дар кӯчаи Терешкова, бинои маъмурии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент, идомаи сохтмони қисмати дуюми бозори нави шаҳр, майдони пазироӣ ва дарвозаи рамзии дармадгоҳи ғарбии шаҳр ба масъулони ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ ва ширкатҳои бинокорӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳо ва эътибори ҷиддӣ ба сифати сохтмон дастуру супориш дода шуд.
Дар ҷараёни боздидҳои имрӯза ҳамчунин аз рафти сохтмони биноҳои баландошёна бо марказҳои тиҷортиву хидматрсонӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои бинокории “Манзилшоҳ”,”Дилшод- сохтмон”, “Комил биносоз”, “Васли Моғиён”, “Панҷакентсоз” сохта мешаванд, дидан карда, барои тибқи лоиҳа, бо намои зебо ва дар мӯҳлати пешбинишуда анҷом додани корҳо супориш дода шуд

2026-09-10 11:49:46

ДАР МУҲОКИМА- МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Дар оғози маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки имрӯз доир шуд, рафти баргузории чорабиниҳо бахшида ба 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру деҳот баррасӣ гардида, барои иштироки фаъолона ба ҷомеаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳо, масъулон изҳори сипос карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа зимни пурсиш аз аъзоёни комиссияи даъват ва раисони ҷамоатҳои деҳот рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026 дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ баррасӣ карда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба иҷро расонидани нақша дастур дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати тезонидани кишти тирамоҳӣ, ба таъмир фаро гирифтани муассисҳои тиббӣ ва таълимии таъмирталаб, бунёди муассисаҳои томактабӣ ба масъулин дастур дода, пешниҳодҳои мақомоти прокуратура баррасӣ карда шуд.

2026-09-07 16:50:57

ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бахшида ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ..

Ҳамдиёрони арҷманд!
Фарорасии ҷашни бузурги таърихии 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо камоли эҳтиром ва самимона ба ҳамаи шумо муборакбод мегӯям.
Мардуми мо ин санаи бузурги таърихи навини Ватани азизамонро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, кишвари озоду мустақил таҳти роҳбари сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ ва дурандешу ободгар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Истиқлоли давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди кишварамон оғоз бахшид”.
Ба баракати истиқлоли давлатӣ кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кард ва сиёсати пайгиронаи дохилӣ ва хориҷии ҳадафнокашро бо назардошти рушди ҳазораи нав ба роҳ монд. Муҳимтар аз ҳама давлати соҳибистиқлоли мо Конститутсияи худро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд ва низоми бунёди ҷомеаи озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро мақсаду ҳадафи бебозгашт қарор дод.
Сию панҷ сол дар назди таърих замони хеле кӯтоҳ аст, вале мо дар ин муддат роҳеро тай намудем, ки ба садсолаҳо баробар аст. Дар замони хеле кӯтоҳ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои азим ноил гардид. Натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдгаронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки низоъҳои дохилӣ аз байн бурда, Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид, даҳҳо иншооти бузург сохта шуда, номҳои накӯи фарзандони барӯманду шинохтаи миллат эҳё шуданд, сатҳи зиндагии мардум сол ба сол беҳтар гардид.
Инро дар мисоли шаҳри Панҷакент, дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва ободкориҳое, ки солҳои охир амалӣ шуданд, дидан мумкин аст.
Танҳо давоми солҳои 2021-2026 дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ, саҳми соҳибкорон ва мардуми шарифу ободгари диёр 1172 иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 188 адад бештар аст.
Айни замон дар 48 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои тиҷорату хидматрасонӣ, 15 бинои нави муассисаҳои таълимӣ, дигар иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ корҳо идома доранд.
Дар баробари вусъати корҳои созандагӣ нақшаҳои истеҳсолӣ дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқ бо нишондодҳои хуб иҷро гардиданд.
Дар даврони истиқлол дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии кишвар, аз ҷумла Панҷакент, дигаргуниҳои азим ба вуҷӯъ пайвастанд, ки таҷлили 5500 – солагии бостоншаҳри Саразм, ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил шудани шаш ёдгории беназири фарҳангӣ, Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ эълон шудани шаҳри Панҷакент, бунёди беш аз ҳаштод муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Тантанаҳо ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатӣ,ки дар шаҳр ва ҳама деҳоти Панҷакент бо шукӯҳу шаҳомат баргузор шуданд, бори дигар собит намуданд, ки мардуми мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ барои ободии Ватани азизамон талош меварзанд.
Бо ҳамин ниятҳо бори дигар ҳамдиёрон ва ҳамватанони гиромиро ба муносибати 35–умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат, хотири ҷамъ, бахту саодати рӯзгор, осмони соф, ваҳдату якдилӣ ва пирӯзиҳои азим орзу менамоям.
Ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!