ПАРЧАМ - ИФТИХОР, ИҚТИДОР ВА ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ
2025-11-24 11:34:34
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таҷлил карда шуд.
Чорабиниҳои идона 22 ноябри соли ҷорӣ бо баргузории раҳпаймоӣ дар хиёбони марказии шаҳр бо иштироки доираи васеъи ҷомеъаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳо, собиқадорон, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ оғоз ёфт.
Дар майдони Парчам, ки ливои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пояи панҷоҳу панҷ метр парафшон аст, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба ин муносибат ироа намуд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода сокинону меҳмонон ва ҳамдиёронро ба ин муносибат табрик намуд.
Дар фарҷом ба ҳозирин барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки таҷассумгари ин рамзи муқаддаси давлатӣ аст, манзур карда шуд.