Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САРБОЗОН БАРОИ САДОҚАТ БА ВАТАН ВА ПРЕЗИДЕНТ САВГАНД ЁД КАРДАНД..
single-product

САРБОЗОН БАРОИ САДОҚАТ БА ВАТАН ВА ПРЕЗИДЕНТ САВГАНД ЁД КАРДАНД..

2025-11-16 18:50:47

Дар рӯзи таҷлили солгарди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наваскарони қисми ҳарбии Қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мустақар дар шаҳри Панҷакент барои садоқат ба Ватан ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Ба ин муносибат онҳо ва ҳайати шахсии қисми ҳарбиро раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода муборакбод намуд.
Гуфта шуд, ки ҳифзи марзу бум, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу субот ва осоиштагии кишвар аз вазифаҳои муҳимтарини неруҳои мусаллаҳ аст, ки инро Асосгузори мулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд.
Наваскарон дар ҳузури ҳайати шахсӣ, волидон ва наздиконашон, ки дар ин рӯзи барояшон таърихӣ ба дидорбинӣ омадаанд, сарбаландона барои садоқат ба Ватан ва Президент савганди ҳарбӣ ёд карданд ва ба парчами қисми ҳарбӣ эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар қисми ҳарбӣ барои хидмати шоистаи сарбозон ҳамаи шароитҳои оинномавӣ муҳайё шудааст ва наваскарон ин ҷо дар мактаби садоқату ваофодорӣ ва ҷасорату мардонагӣ сабақ мегиранд.
Дар ин рӯз ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҳайати шахсии қисми низомии Вазорати мудофиаи мамлакт дар шаҳри Панҷакентро бо ин санаҳои таърихӣ шодбош гуфтанд.
Барои ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ дар ин рӯз дастархони идона ороста шуд.
Зимнан, имсол шаҳри Панҷакент нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро пеш аз мӯҳлат ба иҷро расонид ва ҳоло дар қисмҳои гуногуни низомии ҳудуди кишвар беш аз чорсаду ҳаштод нафар фиристодагони шаҳр, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба хидмати Ватан сафарбар шуданд, қатори дигар наваскарон савганд ёд мекунанд.