Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
single-product

ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-11-05 13:17:02

Ҳамдиёрони азиз!
Бо як ҷаҳон таманниёти нек ҳамаи мардуми шарифи диёри бостониамонро ба муносибати Рӯзи қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзиши кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии халқу миллатҳо мебошад, табрик менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд, ки “Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории миллӣ нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид”.
Воқеан, қабули ин санади муҳими сиёсӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар таърихи 6 ноябри соли 1994 яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Ин санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ роҳи рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро барои садсолаҳо муайян кард.
Дар Конситутсияи Тоҷикистон арзишҳои олии миллии мо, сохторҳои давлат, волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, яъне ҳақ доштан ба зиндагии озод, гиромидошти қадру номуси шаҳрванд ҳамчун арзиши олии давлатдорӣ эътироф ва муайян карда шудаанд.
Мардуми Тоҷикистон бо қабули ин санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълом кард, ки соҳиби давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона асту арзишҳои миллии худро гиромӣ медорад, тамомияти арзии худро эътироф менамояд, ҷонибдори ҷомеаи адолатпарвар аст ва бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси эҳтироми баробарҳуқуқӣ ва таҳкими дӯстиву бародарӣ муносибат мекунад.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри бостонии Панҷакент ҳамеша бо эҳтиром гузоштан ба ин санади олии ҳуқуқӣ ва риояи дақиқи меъёрҳои он вазифаи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро хоҳанд кард, зеро гиромӣ доштани муқаррароти Конститутсия кафили таъмини қонуният, пирӯзии адолату амният ва сулҳу суботи сиёсӣ дар ҷомеа мебошад.
Бо ҳамин орзуву ният санаи фархундаи 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар шодбош гуфта, бо боварӣ изҳор медорам, ки ҳамдиёронии арҷмандамон дар партави нишондодҳои Конститутсия, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо корҳои ободониву созандагӣ ва дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо истиқбол мегиранд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!