Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ АМОНДАРА ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБ ВА ПУЛ
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ АМОНДАРА ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБ ВА ПУЛ

2025-10-31 08:42:08

Мушкилоти бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин намудани сокинон ва заминҳои кишти деҳаи Хӯҷағариби деҳоти Амондара бо бунёди пойгоҳи обкашӣ ва кашидани хати об баъди солҳои тӯлонӣ ҳал шуд.Дар ҷараёни сафари кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба ҷамоати деҳот ин хати об дар масофаи беш аз шаш километр мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бунёди он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории соҳибкорони бурунмарзӣ ва сокинон соли гузашта оғоз ёфта буд.
Дар ин муддат бо харҷи наздик ба ду миллион сомонӣ дар соҳили дарёи Зарафшон чоҳи амудӣ канда, аз он ҷо тавассути пойгоҳи обкашӣ ва лӯлаҳо ба ҳавзи болопӯшида об оварда, пасон дар навбати дуюм бо насби таҷҳизоти обкашӣ аз он то ба деҳа хати об кашида шуд.
Аз тариқи он на танҳо сокинони деҳа бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд, балки дар даҳҳо гектар заминҳои асрҳо лалмӣ зироат кишт карда, боғу токзор бунёд карда хоҳад шуд.
Зимни сафари корӣ ҳамчунин дар ин деҳа пули мошингузар, ки бо маблағгузории соҳибкор Бахтиёр Воҳидов сохта шудааст,мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар сӯҳбат бо сокинони деҳа ин иқдоми онҳо шоиста ва дастовези арзанда ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда шуд.