Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > СЕЛРОҲАҲО ТОЗА КАРДА МЕШАВАНД
single-product

СЕЛРОҲАҲО ТОЗА КАРДА МЕШАВАНД

2025-10-31 12:48:06

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои тоза кардани сою селроҳаҳои ҳудуди шаҳр бо мақсади пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Аз ҷумла, сойи селрави деҳаи Амондара, ки собиқа ба асари боришот бо қуму санг пур шуда буд, бо ҷалби техникаҳои зарурӣ таҳти назорати шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тоза карда мешавад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти ин корҳо гуфта шуд, ки дар ҳудуди шаҳр 87 минтақаи хавфнок ба масофаи беш аз 50 километр мавҷуд буда, онҳо марҳила ба марҳила тоза карда, хатари зиёни боришот ва сел ба заминҳои кишт, маҳалҳои аҳолинишин ва роҳу пулҳо коҳиш дода мешавад.