Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ БИНОКОРӢ - ЗАМИНА БАРОИ РУШДИ СОХТМОН.
single-product

ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ БИНОКОРӢ - ЗАМИНА БАРОИ РУШДИ СОХТМОН.

2025-11-09 09:22:38

Бо рушди корҳои ободкорию созандагӣ дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Панҷакент талабот ба масолеҳи бинокорӣ меафзояд.
Дар ҳамин замина бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар шаҳр ҳоло коргоҳҳои коркарди қуму шағал ташкил шуда, фаъолият мекунанд.
Корхонаҳои коркарди сангу қуму шағали ҶДММ “Маҳмадқул Меликов”-и соҳибкор Юсуф Меликов ва ҶДММ “Диёрии ҷавонӣ”-и Мирзо Турсунов, ки дар соҳили дарёи Зарафшон бунёд шудааанд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти фаъолияти ин коргоҳҳо гуфта шуд, ки онҳо бо механизмҳои зарурӣ таҷҳизонида шуда, 24 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд ва эҳтиёҷони ширкатҳои бинокорӣ ва аҳолиро бо ин навъи масоеҳи бинокорӣ асосан таъмин менамоянд.
Ба соҳибмулкони корхонаҳо ҷиҳати васеъ намудани истеҳсолот, зиёд намудани истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, ҷалби бештари коргарон дастур дода шуд.