ПАЁМИ табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2025-11-15 19:12:16
Ҳамдиёрони арҷманд!
Бо самимият ва изҳори беҳтарин таманниёт ҳамаи шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар иҷрои ҳадафҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди Ватани азизамон муайян кардаанд, сулҳу осоиштагӣ, рӯзгори хуш ва дар амалӣ гаштани нақшаҳои созанда комёбиву пирӯзиҳо орзумандам.
Пешвои маҳбуби миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баробари бо иқдоми дурандешонаи вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи таърихиву саодатовари 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он солҳои басо ҳассосу ногувори 90-уми асри XX ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва вориди майдони сиёсат шудан, барои ба даст овардани сулҳи комил, пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти мардум ҷонфидоиву корнамоиҳо нишон доданд.
Иқдомҳои нахустин ҷиҳати хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани ҳазорҳо нафар гурезагони иҷборӣ, қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти ҷумҳурӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон заминаии боэътимод гузошт.
Роҳандозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳадафи чаҳоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, татбиқи лоиҳаҳои азими бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ, ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ, баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, арҷгузорӣ ба бузургони миллат аз ҷумлаи ташаббусу ибтикороти дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар шакл гирифтани мафкураи миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, шинохти ҳуввияти миллӣ, боло бурдани ҳисси худшиносии насли наврас ва ҷавонон, омӯзишу муаррифии адабиёти оламшумули тоҷику форс, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ва боло рафтани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ нақши равшан бозиданд.
Боиси ифтихори мо ҳамватанон аст, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи ҳифзиимаъбаъҳои об дар сайёра бо Қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, ҳоло мавриди амал қарор доранд. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллати мо имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта ва омӯхта мешавад.
Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар ин солҳо шонздаҳ маротиба бо сафари корї ба шањри Панљакент ташриф оварда, дањњо иншооти таъиноти гуногун бо фарогирии ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода, дар тантанаҳои бузурги идона, аз љумла таљлили 1150- солагии устод Абўабдуллоњ Рўдакї, љашни 5500-солагии Саразми бостонї, љашни байналмиллалии Наврўз дар солњои 2018 ва 2022, ифтитоҳи коргоҳи бузурги коркарди маъдани тилло ва мис дар корхонаи муштараки “Зарафшон”, дигар иншооти муҳими таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ иштирок намуданд.
Моҳи июли соли равон зимни ташрифи навбатиашон ба шаҳри Панҷакент биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, дар маҷмӯъ беш аз 40 иншшоти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода, дар мулоқот бо фаъолони шаҳр вазифаҳо барои имрӯз ва оянда, истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии кишварамон возеҳу равшан муайян карда шуданд
Имрӯз мардуми шарафманди Панҷакенти бостонӣ чун тамоми халқи заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон амал карда, барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон, бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии кишвари азизамон кӯшиши ба харҷ медиҳанд.
Бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳама ҳамдиёрон муборакбод намуда, ба Пешвои муаззами миллат саломатву сарбаландӣ ва роҳнамоии ҳамешагии миллати шарафманди тоҷик, ба ҳамаи шумо сиҳатмандиву саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азиз осмони софу беғубор ва гулгулшукуфиро таманно менамоям.
Поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо Пешвои муаззами миллат!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!