Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
single-product

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

2025-11-16 18:48:30

Имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоеви шаҳри Панҷакент Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо иштироки доираи васеъи собиқадорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва ҷавонон бо тантана таҷлил карда шуд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғл, сардори раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи вилоят Акмал Оқилзода зимни ироаи паёми шодбошии муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар паёми табрикӣ ҳозирин ва сокинони шаҳрро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карданд.
Вакили Шӯрои Олӣ, иштирокчии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ Шириншо Шафоатов аз бардоштҳояш аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва нақши носутудании Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар бақои давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.
Таъкид шуд, ки дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуда, бо камоли масъулият зимоми давлатдориро ба даст гирифта, роҳи наҷоти миллат ва давлатро муайян намуданд, барои ба даст овардани сулҳу субот, таъмини амнияти мардум, таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон ҷонфидоиву корнамоиҳо нишон доданд.
Роҳандозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, татбиқи лоиҳаҳои азими бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ, ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ, баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, арҷгузорӣ ба бузургони миллат аз ҷумлаи ташаббусу ибтикороти дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар шакл гирифтани мафкураи миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, шинохти ҳуввияти миллӣ, боло бурдани ҳисси худшиносии насли наврас ва ҷавонон, омӯзишу муаррифии адабиёти оламшумули тоҷику форс, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ва боло рафтани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ нақши равшан бозиданд.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи ҳифзи маъбаъҳои об дар сайёра бо Қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, ҳоло мавриди амал қарор доранд. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллати мо имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ омӯхта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлоли давлатӣ борҳо ба шаҳри Панҷакент ташриф оварда, даҳҳо иншооти таъиноти гуногун бо фарогирии ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода, дар тантанаҳои бузурги идона, аз ҷумла таҷлили 1150- солагии устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, ҷашни байналмиллалии Наврўз, ифтитоҳи коргоҳи бузурги коркарди маъдани тилло ва мис дар корхонаи муштараки “Зарафшон”, дигар иншооти муҳими таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз мардуми шарафманди Панҷакенти бостонӣ чун тамоми халқи заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон амал карда, барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон, бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии кишвари азизамон кӯшиши ба харҷ медиҳанд.
Ба ҳозирин барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр пешкаш карда шуд.