480 НАФАР ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД ВА НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ ИҶРО ШУД...
2025-10-31 12:28:45
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №1070 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар шаҳри Панҷакент пеш аз мӯҳлати муқарраршуда ба иҷро расонида шуд.
Бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ ва ташкилию сафарбарӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо комиссияи шаҳрии даъват, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот 480 нафар ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.
Ҷолиби қайд аст, ки қисми зиёди даъватшавандагон бо хоҳиши худ хидмат ба Модар – Ватанро ихтиёр намуданд.