САФАРӢ КОРӢ БА ДЕҲОТИ КОСАТАРОШ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТ...
2025-11-09 09:21:02
Шиносоӣ ва назорат ба рафти корҳо ҷиҳати иҷрои нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди ободкорию созандагӣ дар маҳалҳо дар маркази тавааҷҷӯҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад.
Дар ҳамин замина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар ҷараёни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Косатарош бо рафти бунёди як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ шинос шуд.
Дар деҳаи Чорбоғ бо рафти бунёди маҷмааи варзишӣ ва савдо, ки аз ҷониби соҳибкор Акмал Эшбобоев сохта мешавад, шинос шуда, ин иқдоми ӯ шоиста арзёбӣ карда шуд.
Маҷмааи варзишӣ аз толори варзиш, толорҳои бозии саққо ва бозии кӯдакон иборат буда, дар маркази савдо фурӯши масоҳи бинокорӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81, бинои кӯдакистон дар деҳаи Нови чомоқ аз ҷониби соҳибкор Нарзулло Раҷабов, кӯдакистон дар маҳаллаи нави деҳаи Чорбоғ шинос шуда, барои тезонидани суръати сохтмон, аз ҷумла дар фурсати кӯтоҳ болопӯш намудани боми синфхонаҳои иловагӣ дастур дода шуд.
Зимни сафар, ҳамчунин аз рафти бунёд ва азнавсозии пойгоҳи обкашии “Дашти калон-1” ва канал дар деҳаи Косатарош, ки бо маблағгузории КМ “Зарафшон” аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Файзи куҳистон” бунёд мешавад ва барои обёрии 200 гектар замин пешбинӣ шудааст, дидан намуда, барои дар мӯҳлати пешбинишуда анҷом додани сохтмон маслиҳат дода шуд.