Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁД ВА ФАЪОЛИЯТИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁД ВА ФАЪОЛИЯТИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ

2025-10-31 10:19:19

Дар нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёду азнавсозии иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, ҷойгоҳи хоса додад ва то ин муддати соли равон беш аз 160 адад иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар ҷараёни сафари корӣ ба деҳоти Амондара бо рафти бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и деҳаи Майката шинос шуда, ба паймонкор ҷиҳати тезонидани суръати сохтмон ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом додани он дастур дода шуд.
Дар идомаи боздид дар деҳаи Сафобахш иқдоми сокинон барои ба кӯдакистон табдил додани собиқ бинои ҷамъиятӣ мақбул дониста, барои тибқи меъёрҳои барои кӯдакистон муқарраршуда ба роҳ мондани таҷдиди он маслиҳат дода шуд.
Дар рафти боздид дар деҳаи Хӯҷағариб ташаббуси сокинон барои бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100 ҷонибдорӣ карда, мавзеъи сохтмони он муайян карда шуд. Ҳамчунин дар рафти боздид аз фаъолияти бунгоҳи тиббии деҳа ба соҳибкорону сокинон барои таъмиру таҷдиди бинои он маслиҳату дастур дода шуд.