ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ДЕҲОТИ САРАЗМ.
2025-10-23 17:48:16
Деҳоти Саразм, ки бо замини васеъи кишт ва аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент калонтарин аст, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани маҳсулоти ғизоӣ захираю имконияти васеъро доро мебошанд.
Ин масъалаҳо зимни сафари кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба деҳоти Саразм ва боздид аз рафти кишти тирамоҳӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти муассисҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоати деҳот матраҳ карда шуд.
Ба роҳбарони ҷамоати деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати омода намудани замин ва тезонидани кишти тирамоҳии ғалла дастур дода шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ зимни боздид аз фаъолияти хоҷагии ёрирасони “Ҳифзи табиат”-и шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр иттилоъ дода шуд, ки ин ҷо дар масоҳати 6,7 гектар беш аз 50 ҳазор бех ниҳолҳои санавбар, ардач, сарв, маҷнунбед, павловния , шамшод ва ғайра парвариш карда мешавад ва беш аз 10 ҳазор бехи он барои шинонидан омода мебошад.
Ба роҳбарияти хоҷагии ҷангали шаҳр барои нигоҳубини ҷангали хурд, бо 1590 бех ниҳоли 25 намуд дарахту буттаи ҷангалӣ, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шудааст, дастур ва маслиҳат дода шуд.
Дар ин сафари корӣ дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳи таҷрибавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент гуфта шуд, ки ин ҷо дар 50 гектар навъҳои гуногуни шолӣ, гандуму ҷав, ҷуворимакка, юнучқа , тамоку, картошка, сабзавот санҷида, корҳои навъсанҷӣ гузаронида, барои кишоварзон ҷиҳати ба ҷо овардани қоидаҳои агротехникаи парвариши онҳо тавсияҳо омода карда мешавад.
Ба роҳбарияти пойгоҳ барои саҳмгузорӣ дар таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмиҳои навъҳои серҳосили зироат ва тавсияю маслиҳат ба деҳқонон дастур дода шуд.