Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ХОНАИ ФАРҲАНГ
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ХОНАИ ФАРҲАНГ

2025-10-24 11:19:07

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
ВА ХОНАИ ФАРҲАНГ
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ ба истифода дода шудааст ва ҳоло низ бунёд ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ аз масъалаҳое муборамест, ки бо дастури Ҳукумати мамлакат зери таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба деҳоти Саразм раиси шаҳр аз рафти сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи навбунёди Саразм 2, дидан намуд.
Ба роҳбарияти деҳоти Саразм, шуъбаи маорифи шаҳр ва фаъолони деҳа барои тезонидани суръати сохтмони таълимгоҳ дастур дода, гуфта шуд, ки бунёди он дар ин деҳаи навбунёд, ки шумораи сокинон ва кӯдакон тасмоюли афзудан дорад, хеле муҳим ва заврур аст.
Дар рафти боздиди корӣ ҳамчунин барои гузаронидани хати об ва сабзкории саҳну атрофи муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 3-и деҳаи Бостондеҳи нав ба масъулон супориш дода шуд.
Зимни боздид аз рафти гузоштани таҳкурсии хонаи фарҳанг дар шафати бинои маъмурии ҷамоати деҳот шинос шуда, ба ташаббускорони ин иқдом арзи сипос карда шуд.
Дар рафти боздид аз мактаби ронандагии ҶДММ "Ҷавонони Саразм" барои ба касбомӯзӣ бештар ҷалб намудани ҷавонон, беҳдошти шароити таълим маслиҳатҳои судманд дода шуд.