«БЕШАЗОР» БА МАҶМААИ ФАРОҒАТӢ ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД
2025-10-25 09:25:31
Бо бунёди меҳмонхонаи замонавӣ, толорҳои пазироии нав, ҳавзҳои болопӯшидаи зимистона, ташкили парвариши моҳӣ, ки сохтмонашон ҳоло идома дорад, тарабхонаи “Бешазор” ба минтақаи фароғатӣ барои сайёҳон, меҳмонон ва сокинони шаҳри Панҷакент табдил дода мешавад.
Дар ин бора зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди меҳмонхонаи нави замонавӣ дар ин мавзеъ иттилоъ дода шуд.
Ҳоло ин ҷо бо сармоягузории соҳибкор Мавлон Солеҳов меҳмонхонаи дорои шароити замонавӣ бо сӣ ҳуҷра, ҳавзҳои болопӯшидаи зимистона, толорҳои қабули меҳмонон бунёд карда мешавад.
Ба соҳибкор барои боз ҳам ободу зебо намудани ҳудуди тарабхона, барои пазироӣ ва истироҳати меҳмонону мизоҷон муҳайё намудани шароити созгори фароғату истироҳат, таҳияи таъому хуришҳои хуштаъм, дар мӯҳлати пешбинишуда анҷом додани сохтмони иншооти бунёдшаванда дастуру маслиҳат дода шуд.
Зимнан, ин мавзеъи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили дарёи Зарафшон бо табиати зебо, обу ҳавои форам, ҳавзҳои оббозӣ, ҳуҷраҳои истироҳату тановули ғизо, таъомҳои гуногуни лазиз, меҳмонхона писанди меҳмонону сайёҳон ва сокинони шаҳри Панҷакент гардидааст.