Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МАҲАЛЛӢ
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МАҲАЛЛӢ

2025-10-23 17:42:56

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мумфарш ва таъмир намудани роҳҳои маҳаллӣ бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорону аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Саразм бо рафти мумфарш намудани қитъаи роҳи Чиларча- Бостондеҳ дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин қитъаи роҳи 7,3 километра бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ саҳмгузории сокинони деҳаҳои Чиларча, Томирис, Кӯҳдоман, Осиётеппа, Абдусамад, Ҳавзаки боло ва Камари боло бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби роҳсозони ширкати “Азимиён” ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр мумфарш карда мешавад.
Ҳоло кор дар ин самт идома дошта, 4,5 километри роҳ мумфарш карда шудааст.
Барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани ин кор, истифодаи босамар аз техникаю таҷҳизот, тибқи қоидаҳои роҳсозӣ тахту ҳамвор намудани фарши роҳ ба масъулини ҷамоати деҳот ва ширкати роҳсозӣ дастур дода шуд.