БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ «ХИШТИ САРАЗМ»
2025-10-24 11:44:01
Бо рушди сохтмон, бунёди биноҳои баландошёна ва дигар иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар шаҳри Панҷакент талабот ба масолеҳи бинокорӣ, аз ҷумла хишти пухта, ба маротиб меафзояд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи “Хишти Саразм”-и соҳибкор Манучеҳр Отабоев дар ҳудуди деҳоти Саразм раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ин масъала таъкид шуда, барои зиёд намудани истеҳсоли хишт ва беҳтар намудани сифати он дастур дода шуд.
Тавре иттилоъ доданд, то ин муддати соли равон дар корхона 400 ҳазор дона хишт истеҳсол карда шудааст.
Роҳбарияти ҶДММ “Хишти Саразм” муваззаф карда шуд, ки истеҳсоли маҳсулотро дар заминаи ҳамкорӣ ва фармоиши ширкатҳои сохтмонӣ ба маротиб зиёд намояд.