КОРЕЗИ ФАРМЕТАН -НАМУНАЕ АЗ ҲУНАРИ ОЛИИ МУҲАНДИСИИ ТОҶИКОН
2023-11-02 16:13:41
Дар қатори нӯҳ ёдгории таърихии Долони Зарафшон- Қароқум, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил шуд, низоми обёрии Тӯхсанкорез низ ҳаст, ки он то оғози асри нуздаҳ бо номи корези Фарметан машҳур буд. Дар маълумотномаи ЮНЕСКО низ он бо ду ном- Тӯхсанкорез ва Фарметан, сабт шудааст.
Воқеан, кишоварзӣ аз нахустин пешаҳое буда, ки 5500 -сол муқаддам гузаштагони ин сарзамин ба он шуғл меварзиданд ва дар ҳамин замина бостоншиносон Саразмро оғози маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ унвон кардаанд. Наврӯзу Тиргону Меҳргон ва Сада – ҷашнҳои миллии мардуми ориёӣ низ, реша ба фаслҳои сол ва кишоварзӣ доранд.
Бунёди каналу ҷӯйбор, иншооти мураккаби обёрӣ чун нақбҳои обгузару корезҳо аз муҳимтарин пешаҳои кишоварзони қадим- сокинони водии Зарафшон ва хоса ҳудуди имрӯзаи Панҷакент будааст. Бостоншинос, номзади илми таърих Усмон Эшонқулов дар рисолаи арзишманди “Таърихи маданияти кишоварзӣ дар Суғди Кӯҳӣ.
Аз аҳди қадим то ибтидои асри ХХ”( Душанбе, “Анҷумани Деваштич”,2007) даҳҳо ҷӯю канал, корезу нақбҳои обгузари аҳди қадимро дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба риштаи таҳқиқ кашидааст, ки иншооти обёрии аҳди биринҷӣ дар Саразм(асрҳои 5-3-и то милод),Ҷӯи Саразм(асрҳои 5-6-и милод), канали Варагсар(асрҳои охири то милод ва оғози давраи милод)- нахустин намунаи бунёди корез, Ҷӯи кофир, Ҷӯи Хамиртеппа, канали Эшони Алӣ, Тӯпхона, корези Таги камар, корези Қавола, Ҷӯи калон,Ҷӯи дам, канал- корези Ҷонруд,корезҳои Санги сӯрох, Мармар,Эшон ва даҳҳо иншооти обёрии дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Корези Фарметан( Тӯхсанкорез) яке аз ҳамин гуна иншооти обёрии бунёднамудаи тоҷикон ва намунаи олии ҳунари муҳандисӣ- кишоварзии асрҳои 6-8( М. Якубовский) ва аҳди Сомониён( У. Эшонқулов) аст,ки баъдан бо номи Тӯхсанкорез ёд мешавад. Он дар 12 километрии шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, аз қисмати ҷануби деҳаи Чорбоғ оғоз шуда, дар ҳудуди имрӯзаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина то шаҳри Панҷакент ба масофаи 18 километр идома доштааст.
Канал- корези Фарметан аз се қисмат иборат буда, қисмати аввал аз сарбанди дарёи Моғиён оғоз мегардад , қисмати дуюм- корез, ба масофаи 3,2 километр тӯл мекашад ва қисмати охир, ки об аз корез ба маҷрои кушод мебарояд. Ҳамчунин дар мавзеи канали Фарметан, муҳаққиқон дар тарафи ҷанубу ғарбии деҳа Сӯфиёни имрӯза боқимондаҳои боз се иншооти обёрӣ- Ҷонрӯд, Фарметан ва Мармарро низ муайян намудаанд. Ба ин тартиб канал-корези Фарметан як маҷмӯи иншооти обёриро дар он замон ташкил медодааст.
Дар бораи замони бунёди Фарметан назари олимон яксон нест. Усмон Эшонқулов, ки иншооти обёрии ҳудуди кӯҳистони водии Зарафшонро бевосита дидаю таҳқиқ намудааст, онро ба аҳди Сомониён марбут медонад. Топограф ва сайёҳи ҳарбии Руссияи подшоҳӣ А. Федченко, ки шоҳиди барқаросозии маҷрои канал будааст ва сайёҳу этнограф Г. Андраненко низ сохтмони онро 900-950 сол қабл гуфтаанд. Ба навиштаи ахирӣ корез баъди 300 соли ба асари ҳуҷуми аҷнабиёни саҳроӣ корношоям гардидан, солҳои 1871- 1872 бо пешниҳод ва шояд ёрии молии Умар Аҳмад ном шахс бо роҳбарии Мулло Карим, ки аз ашхоси шинохтаи Панҷакент маҳсуб мешудааст, бо ҷалби 150 нафар коргар тӯли даҳ моҳ барқарор карда шудааст. Шояд ба ҳамин хотир ва мусоидат ҷиҳати обёрии минтақа генерал- губернатори Тошканд К. П. Кауфман ҳангоми боздид аз Панҷакент ба ӯ хилъат тӯҳфа намудааст. Шарқшиносу бостоншинос М. Якубовский бошад бунёди Фарметанро ба асрҳо 6-8 мансуб донистааст.
Ҳанӯз соли 1940 устод Садриддин Айнӣ дар очерки “Тӯхсанкорез” бунёди шаҳри Панҷакенти қадимро ба сохта шудани чунин иншооти обёрӣ мансуб донистааст (он замон ҳанӯз шаҳраки асрҳои 5-8 Санҷаршоҳ кашф нашуда буд).
Барҳақ, бе манбаи об барои истеъмол ва обёрӣ он замон низ бунёди шаҳрҳое чун Панҷакент ва Санҷаршоҳ, дигар маҳалҳои аҳолинишини минтақа ғайриимкон буд. Аз ин хотир бунёди каналу ҷӯйбор, корезу нақби обгузар ҷузъи муҳими ҳаёти гузаштагони он дониста мешуд. Дар ин кор ниёкони мо дорои маҳорати баланди муҳандисӣ ва дониши васеи илми табииёт буданашонро собит намудаанд.
Одатан корезҳоро барои аз зери замин баровардани об истифода мекарданд. Ба фарқ аз ин усули маъмулии дастрасӣ ба манбаи об, гузаштагони мо дар маҷрои дарёи Моғиён сарбанд сохта, обро то оғози баландиҳо бо ҷӯйбори бузург бурда, пасон аз зери онҳо корез кофта, то ҳамвориҳо кашидаанд.
Инро устод Айни дар очерки ёдшуда чунин ба риштаи тасвир кашидааст: “ Сохтмони Тӯқсанкориз яке аз он сохтмонҳои таърихист, ки бинандаро ба ҳайрат меандозад: мардуми меҳнатдӯсти тоҷик дар боли кӯҳҳо, ки тамоман санганд ва як гард хок барои дору ҳам ёфт намешавад, дар масофаи якуним километр ( он замон ҳанӯз собит нашуда буд, ки масофаи корезҳо аз се км. бештар аст) навад чоҳро қатор кандаанд.
Чуқурии ин чоҳҳо дар даромадгоҳи ҷӯи корез аз 5-6 метр зиёд набошад ҳам, нисбат ба баландии кӯҳ афтодани мавқеи чоҳканӣ чуқурии он ҳам зиёд мешавад, ба дараҷае, ки чуқурии чоҳҳои миёнаи кӯҳро сад метр тахмин кардан мумкин аст... Тарафи илмиаш аз ин ҳам душвортар аст: ҷои обдаро ва оббаро, ҳам сар то сари обраҳа, ки тамоман аз таги кӯҳ мегузарад, бояд чунон андоза гирифта мешуданд, ки об дар ягон ҷо банд нашуда аз он роҳ гузарад."
Баъдан муҳақиқон маҷрои канал- корези Фарметан ва боқимондаҳои 15 корезро таҳқиқ намуда, ба хулоса омаданд, ки корез аз пояи нишебии рости теппа оғоз шуда, нахуст ба масофаи 700 метр аз шарқ ба ғарб тӯл кашида, баъдан ба ҷониби шимол то расидан ба ҳамворӣ 2,5 километр масофа дорад.
Масоҳати корезҳо 1,2-1,8 метр буда, умқи онҳо дар қисмати аввал аз 5 то 40 ва дар қисмати дуюм аз 26 то 3 метр, масофаи байни корезҳо аз 8 то то 46 метр ва дарозии умумии канал 18 километр, ҷӯйҳои аз он обгиранда 4 ададро ташкил медодааст. Бо ҳисоби муҳандисони он замон меҳвари асосии корез тақрибан 120 дараҷа будааст ва ин имкон фароҳам меовард, ки об бе монеа дар корез ҷорӣ шавад.
Бо вуҷуди ин мардумро лозим меомад, ки ҳар сол корезҳоро аз таҳшину лойу қуму санг тоза намоянд. Устод Айнӣ инро чунин тасаввур намудааст: “дар ҳар чоҳ чор нафарро аз миёнашон ресмон баста, ба зер мефуроранд,ба онҳо каланд, бел, зоғнӯл, путк ва сатил медиҳанд. Онҳо аввал чоҳро тоза карда, лою сангашро ба сатилҳо андохта боло медиҳанд, баъд аз он ду нафарӣ дар ду тарафи чоҳ ба обраҳаи зеризаминӣ медароянд.
Дар он ҷо рост истода кор кардан мумкин нест, хам шуда ё гавак кашида санг мекананд, лой меғундоранд ва онҳоро ба сатил андохта гаваккашон оварда, аз таги чоҳ ба боло медиҳанд ва онҳое, ки дар лаби чоҳанд, сатилҳоро боло кашида,холӣ карда, пас мегардонанд.”
Табиист, ки заҳмати пуразоби кандан ва баъдан тоза кардани корезҳо боиси марги коргарон ҳам шудааст. Муҳақиқон дар теппаи атрофи канал қабристонеро пайдо намуданд, ки дар қисмати боқимондаи ду- се санги мармари рӯи қабр бо хати насх ва сулси арабӣ танҳо вожаҳои “... Ибни Аҳмад... ибни Муҳаммад... ҳиҷрон, андар даҳр”-ро хондан мумкин аст. Ин сангҳо ҳоло дар осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи устод Рӯдакии шаҳри Панҷакент нигоҳдорӣ мешаванд.
Таърихи бунёди канал – корези Фарметан ва дигар иншооти обёрии Панҷакет аз ҷониби шарқшиносону бостоншиносон О. Смирнова, М. Якубовский, В. Лившитс, А. Исҳоқов ва аз ҳама бештару амиқтар У. Эшонқулов таҳқиқ шудааст.
Солҳои чилуми асри гузашта бо маҷрои Фарметани қадима аз дарёи Моғиён бо канали нави Тӯхсанкорез об ҷорӣ шуд, ки ҳазорҳо гектарро то имрӯз шодоб мегардонад.
Ҳайати муҳаққиқони созмони ЮНЕСКО ба маҷмааи низоми обёрии қадимаи Фарметан – Тӯхсанкорез чунин баҳо додаанд: “...он ягона иншооти обёрии оғози асримиёнагии Панҷакент буда, далели муътамади ҳунари ҷасуронаи муҳандисӣ дар таърихи кишоварзии тоҷикон маҳсуб мешавад ва бо масоҳати худ дар байни чунин иншооти обёрии Мовароуннаҳр то ва баъд аз асри Х ягона аст".
Бобо Солеҳзода.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент