«ПОМПЕЙИ ОСИЁИ МИЁНА» МИЛЛАТРО МУАРРИФӢ МЕКУНАД
2023-09-21 09:39:47
Бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангии кишвар ба ҷаҳониён дар даврони истиқлол корҳои зиёде анҷом дода мешавад.
17 сентябр зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим: «Зарафшон-Қароқум» (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Дар саҳифа ва сомонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар бораи панҷ ёдгории таърихии шаҳр , ки ба ин Феҳрист шомил шудаанд, мақолаҳо нашр карда мешаванд
Ҳоло матлаби нахустин дар бораи Панҷакенти қадим.
Харобаҳои яке аз шаҳрҳои қадимии сарзамини тоҷикон - Панҷакенти қадими асрҳои V-VIII бо бозёфтҳои нодир ва гаронбаҳои таърихию фарҳангии худ кайҳост, ки маълуму машҳури ҷаҳон гаштааст.
Бозёфти бойгонии нодири ҳокими охирини Панҷакенти қадим - Деваштич аз қалъаи кӯҳи Муғ баҳори соли 1932 аз тарафи чӯпонҳо Ҷӯра Мирзоалӣ, Аюб Маллазода ва Баҳридин Соҳибзода аз деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ сабаб шуд барои омӯзиши ин шаҳри қадим. Пас аз омӯзиш шарқшиносон, мардумшиносон ва бостоншиносон ба ҳафриёти Панҷакенти қадим оғоз намуданд. Тирамоҳи соли 1932 бо ташаббуси собиқ котиби якуми комитети партиявии ноҳия Абдуҳамид Пӯлодӣ бойгонии нодири бозёфтшуда ба базаи тоҷикистонии Академияи фанҳои ИҶШС барои омӯзиш супурда мешавад.
Комитети Марказии ПК Тоҷикистон аз 14-уми октябри соли 1933 қарор қабул намуд, ки бо сардории профессор Фрейман ва иштироки муҳаққиқон В.Воробёв, А.Василев барои ҳафриёти қалъаи кӯҳи Муғ экспедитсияи бостоншиносӣ - таҳқиқотӣ ташкил карда шавад. Худи ҳамин сол кор оғоз ёфт. Дар натиҷаи таҳқиқоти кӯтоҳмуддат зиёда аз 400 адад ашёи фарҳангӣ ҷамъоварӣ гардид, ки аз онҳо 6 ададро тангаҳои суғдӣ ва 82 ададро хуҷҷатҳои дастнавис дар рӯи қоғаз, чарм ва чӯб сабтшуда ташкил медоданд.
Дар асоси омӯзиши бозёфтҳои нодири қалъаи кӯҳи Муғ, соли 1946 бо ташаббуси котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, бо роҳбарии шарқшинос, аъзо- корреспонденти АФ ИҶШС, академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Якубовский экспедитсияи бостоншиносии Тоҷику Суғд ташкил карда шуд.
Ин экспедитсия аз соли 1946 то имрӯз ба ҳафриёт ва омӯзиши Панҷакенти ќадим машғул аст. Ба ҳайати он олимони намоён М.Даяконов, А.Белиниский, А.Тереножкин, И.Бенкович, меъмор В.Воронина, сиккашинос О.Смирнова, бостоншиносон А.Манделштам, Б.Ставиский, О.Болшаков, В.Лившис, В.Луконин, Е.Зеймал, Б.Маршак, В.Распопова, В.Шкода ва дигарон дохил шуда, дар солҳои гуногун таҳқиқотҳои илмӣ гузарониданд. Як гурӯҳ олимони тоҷик ба мисли Н.Неъматов, А.Ҷалилов, А.Исоқов, Ю.Ёқубов, С.Пӯлодов, Т.Отахонов, X.Муҳиддинов, С.Марофиев, Д.Абдуллоев, А.Раззоқов. С.Бобомуллоев, У.Эшонкулов, Ш.Қурбонов дар ҳайати ин экспедитсия ба таҳқиқоти илмию бостоншиносӣ машғул шуданд.
Зиёда аз 76 сол аст, ки бостоншиносон дар харобаҳои Панҷакенти қадим ҳафриёт мебаранд. Дар ин муддат Панҷакент ба яке аз марказҳои калонтарини омӯзиши бостоншиносии Осиёи Миёна ва ҷаҳон табдил ёфт. Ҳоло онро олимон «Ганҷинаи таърихи тоҷик» ва ба тариқи рамз «Помпеи Осиёи Миёна», «Флоренсияи хурди Шарқ» меноманд. Дар ҳақиқат, ин мавзеъ шоистаи ин номҳои ифтихорӣ мебошад. Ҳоло дар бораи Панҷакенти қадим садҳо асарҳои илмӣ навишта шудаанд, ки оиди таърихи пайдоиши шаҳри қадима ва харобшавии он маълумоти дақиқ медињанд.
Панҷакенти қадими асрҳои V-VIII дар Осиёи Миёна ягона шаҳри пеш аз истилои араб мебошад, ки нисфи ҳиссаи кофташудаи он аллакай дар бораи сохти шаҳрҳои ибтидои асримиёнагӣ маълумоти пурра медиҳад.
То солҳои охир дар адабиёти таърихӣ ақидае роиҷ буд, ки шаҳрҳои мусулмонӣ аз се қисм (куҳандиз, шаҳристон ва работ) ва пеш аз ислом аз ду қисм (куҳандиз ва шаҳристон) иборатанд. Таҳқиқоти Панҷакенти қадим ин фикрро рад кард ва исбот намуд, ки қисми сеюми шаҳр – работ, ҳанӯз дар замони пеш аз истилои араб ба вуҷуд омада будааст.
Дар асоси бозёфтҳо исбот гардид, ки шаҳри пешазисломӣ аз чор қисм: куҳандиз-ҷои шоҳнишин ва қасри ӯ, шаҳристон-ҷои шаҳриён, ашрофон, рӯҳониён, тоҷирон ва ҳунармандон, работ - қисми берун аз девори шаҳристон ва қабристон иборат будааст. Қабристонҳои пешазисломии Осиёи Миёна ба монанди як деҳа иборат аз дахмаҳои зиёде буданд.
Тибқи сарчашмаҳои хаттӣ дар куҳандиз-қасри шоҳ, хонаҳои истиқоматии хешон ва наздикони шоҳ, дабистон барои кӯдакони шоҳ ва сарватмандон, зиндон, дидбонгоҳ, биноҳои зист ҷойгир буданд. Ҳафриёти куҳандизи Панҷакенти қадим ин ахбори сарчашмаҳои хаттиро пурра тасдиқ намуд. Аз қасри шоҳ ёфтани алифбои суғдӣ ва арабӣ исботи ин фикрҳо аст.
Ба шарофати ҳафриёти Панҷакенти қадим мо дар бораи мавҷуд будани ду ибодатгоҳи дини зардуштӣ бо ҳавлиҳои дохилӣ ва берунӣ дар маркази шаҳристон, бозори шаҳрӣ, ҳашт кӯча ва даҳ паскӯча, роҳрав, маҳалҳои зист, хонаҳои давлатмандон, миёнаҳолон, камбағалон, дӯконҳои савдо, заргарӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ ва ғайра маълумоти зиёди илмӣ пайдо кардем. Маълум гардид, ки аксари биноҳои шаҳристон дуошёна ва ҳатто сеошёна буда, аз хишти хом ва похса сохта шудаанд.
Панҷакенти қадим дар таърихи омӯзиши меъмории халқи тоҷик бозёфтҳои зиёд дохил кард. Дар асоси ин бозёфтҳо исбот шуд, ки биноҳо дар аввали асрҳои миёна дуошёна, сеошёна, балкондор, гунбазпӯш, тоқпӯш ва равоқпӯш будаанд. Ҳатто ақидае буд, ки гунбазро гӯё ба Осиёи Миёна арабҳо оварда бошанд. Бозёфтҳои меъмории Панҷакент, Бунҷакат, Кофирқалъа ин ақидаро рад намуданд.
Дигар навигарие, ки Панҷакенти қадим ба таърихи Осиёи Миёна дохил кардааст, сиккашиносии суғдӣ мебошад. Дар асоси бозёфти тангаҳо сиккашиносон таърихи сикка задани онҳо, робитаҳои маданию савдоии дохили шаҳр, байни вилоятҳои Суғд ва Осиёи Миёнаро муайян намудаанд. Ғайр аз тангаҳое, ки дар шаҳр сикка зада мешуданд, боз тангаҳои шоҳони Суғд, Бухоро, Истаравшан, Фарғона, Чоч ва ғайра ба даст омаданд, ки шоҳиди савдои васеи дохилӣ ва хориҷии Панҷакенти қадим мебошад.
Бозёфти деворнигораҳои зиёд номи Панҷакенти қадимро дар ҷаҳон машҳур кардааст. Бостоншиносон дар бисёр биноҳои истиқоматӣ ва динии шаҳристон асарҳои барҷастаи рассомони Суғдро ёфтанд. Дар байни онҳо лавҳаҳои ҷангии зиёде монанди набарди Рустам бо аждаҳо, ҷангҳои тан ба тан, шамшерзанӣ, найзазанӣ, ҷангҳои саворагон, муҳосираи кӯшк ва ғайра ба назар мерасанд. Деворнигораҳои Варахша, Афросиёб ва Бунҷакат нишон медиҳанд, ки Фирдавсии бузург «Шоҳнома»-и худро дар асоси афсонаю ривоятҳо, расму оинҳо ва падидаҳои таърихии гузаштагони мо- суғдҳо, бохтариҳо, портҳо, хоразмиён, яъне орённажодони Хуросони Бузург навиштааст. Дар деворнигораҳо акси худоёни зиёде ба назар мерасад. Маълум аст, ки дар он давра дар байни суғдҳо парастиши худоёни зиёд расм буд. Махсусан, худоёни офтоб, моҳтоб ва ҳафт сайёра шӯҳрат доштанд. Беҳуда нест, ки 7 рӯзи ҳафтаи суғд ба 7 сайёра бахшида шудааст.
Расмҳои рӯи девори Панҷакенти қадим нишон медиҳанд, ки суғдҳо худозани ҳосилот бо номи Нанайна ё Анохито, худои ҷанг - Баҳром ва худои бузургтарине ба монанди Аҳурамазда доштаанд. Дар байни суғдҳо парастиши ҳайкалчаҳои худоён роиҷ буд, ки дар сарчашмаҳо бо номи санъатпарастӣ ё бутпарастӣ машҳур аст. Ҳафриёти даҳсолаҳои охири шаҳристон нишон доданд, ки ҷараёнҳои мухталифи диниву мазҳабии зардуштия, монавия, будоия, масеҳия арзи вуҷуд доштаанд.
Панҷакенти ќадим яке аз сарчашмаҳои кашфнашудаи забони суѓдї мебошад. Соли 1964 бостоншиноси тоҷик А.Исоқов аз куњандизи шоҳи Панҷакент порчаи сафолеро дарёфт намуд, ки дар рӯи он алифбои забони суғдӣ сабт шуда буд. Чанд сол пас матни калони дини насрониро ба забони суғдӣ пайдо карданд. Чунин осори хаттӣ ҳар сол дар рўи сафолпораҳо, сангпораҳо ва устухонҳо пайдо мешаванд, ки хазинаи забони суғдиро ғанӣ мегардонанд. Ҳатто дар рӯи як сафолпора бо ҳурофоти суғдӣ ва ранги сиёҳ номи шоҳи охирини Панҷакент бо як калима - «Деваштич» сабт шудааст.
Бостоншиносон А.Беленитский, В.Располова, Б.Маршак менависанд, ки номи Суғд аввалин бор дар навиштаҷоти хати мехи «шоҳи шоҳон»- Дорои Кабир (асри VI) ҳангоми номбар кардани халқҳои зердасташ ёдовар мешавад. Дар бораи суғдиён Ҳеродот низ маълумот медиҳад.
Ин ном дар бисёр ҳуҷҷатҳо ва асарҳои таърихи номбар гаштааст. Муаррих В.Томашек тахмин карда, ки вожаи «суғд» аз «Рахшидан», «Сӯхтан» гирифта шудааст. Дар луғатҳои тафсирии форсӣ - тоҷикӣ онро чун «пастие, ки дар он об ҷамъ мешавад» шарҳ додаанд.
Сарчашмаҳои арабӣ ва форсӣ - тоҷикӣ шаҳодат медиҳанд, ки Суғд бо маънои васеаш водии Зарафшон ва Қашқадарёро дар бар мегирифт. Аз рӯи маълумоти таърихшиносон ва бостоншиносон В.Шишкин, Н.Неъматов, Б.Литвинский, С.Толстов, Е.Неразик маълум гардид, ки дар асрҳои VI-VIII ҳудуди давлати Суғд қариб аз 10 рустои мустақил бо номҳои Маймурғ, Кеш (Шаҳрисабз), Нахшаб (Қаршї), Бухоро, Варахша, Пайканд, Кӯшония, Иштихон, Панҷакент иборат буда, ҳамаи онҳо тобеи маркази давлати Суғд - Самарқанд будаанд.
«Дар ноҳияи ҷанубии Зарафшон ғайр аз Самарқанд шаҳрҳои калон набуданд, масҷиди ҷомеъ фақат дар шаҳри Панҷакент мавҷуд буд. Дар атрофи шаҳр дарахтони мевадори бисёре ба чашм менамуданд, қисми зиёди онҳоро чормағз ва бодом ташкил мекард», - чунин навишта буд дар бораи Панҷакент - географи бузурги асри X. Муқаддасӣ. Ин ахбори таърихӣ ба Панҷакенти асрҳои X-XI мансуб буда, ба давраи салтанати Сомониён мувофиқ аст.
Пас аз истилои араб сокинони Панҷакенти қадим дар масофаи 4 километр шимолу - шарқии шаҳри имрӯза, дар баландии соҳили чапи дарёи Зарафшон маскан гирифта, шаҳре бино карданд. Ин шаҳр дар таърих бо номи Панҷакенти кӯҳна машҳур буд, ки онро Панҷакенти сеюм мешуморем ва он ба асрҳои X-XI мансуб аст.
Панҷакенти ќадим шояд ягона ёдгории таърихии мамлакат аст, ки беш аз 77 сол боз пайваста таҳқиқ мешавад. Ҳар сол дар фасли тобистон бостоншиносони Тоҷикистон ва Русия ин ҷо ҳафриёт мегузаронанд. Нишони ин робитаи қавии илмӣ марқади яке аз муҳаққиқони намоёни Панҷакенти қадим, бостоншиноси варзида Борис Маршак аст, ки тибқи васияташ ин ҷост. Марҳум соли 2006 ҳангоми ҳафриёт дар Панҷакенти қадим вафот карда буд.
Панҷакенти қадим ҳанӯз соли 1979 мамнӯъгоҳи таърихї - фарҳангӣ эълон шуда, дар ин замина ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои он баъзе корҳо анҷом ёфтанд.
Он на як ёдгории таърихї, балки як шаҳрест, ки тавассути заҳматҳои зиёди бостоншиносон кашф шудааст.
Ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳон аз Панҷакенти қадим - «Помпейи шарқ», осорхонаи назди ёдгорӣ, Осорхонаи миллӣ дар пойтахт ва ҳам Эрмитажи Санкт - Петербург, ки барои Панҷакенти қадим толори махсус ҷудо кардаанд, боздид мекунанд ва ба ин васила номи тоҷику Тоҷикистонро ба ақсои олам мебаранд.
Ҳоло бошад, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва сармоягузории шарикони рушд лоиҳаи ҳифз ва барқарорсозии ин ёдгории беназири таърихи миллат мавриди иҷро қарор дорад. Ба Феҳристи фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани ин ёдгории нодир худ далели муътамади таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат ба таърих, арҷгузорӣ ва муаррифии он барои ҷаҳониён мебошад.
Исматулло Раҳматуллоев,
номзади илми таърих
Бобо Солеҳзода,
рӯзноманигор